Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (ё Ҳоҷӣ Ҳусайни Ҷараёни Хатлонӣ) шоири тавонову рангинбаёни охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ мебошад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Гузаштагони шоир аз деҳаи Дашти Канаки мавзеи Сарихосор будаанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъд ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Ра шид таҳсилашро идома медиҳад. Шоир илмҳои расмии замонаш, сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунарҳои лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ, муҳрканӣ ва хат тотиро мукаммал аз бар кардааст. Худи шоир аз соҳибҳунариаш ифтихор дорад:
Ҷаҳоне санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам,
Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил бо шахсиятҳои шинохтаи илму адаби Бухоро, чун Ҳоҷӣ Рафеъ, Садри Зиё, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ рафтуомад ва муносибати дӯстӣ дош тааст. Шоир баъди таҳсил ба сафари ҳаҷ мебарояд ва се сол дар Арабистон мемонад. Ӯ ба мамлакатҳои Фаронса, Ҳиндустон ва Эрон низ мусофират доштааст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди бозгашт дар зодгоҳи худ зиндагӣ ихтиёр ме кунад ва дар яке аз мадрасаҳои Кангурт ба тадрис машғул мешавад. Шоир соли 1917 дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм мепӯшад. Ӯ дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супурда шудааст:
Он замоне чашми хоболуди мо дар хоб буд,
Бехабар бигзашт аз мо корвони зиндагӣ.
Аз Ҳоҷӣ Ҳусайн мероси гаронбаҳо боқӣ
мондааст. Куллиёти шоир, ки соли 1913 дар
Мероси адабӣ
шаҳри Тошканд ба табъ расидааст, 6500 байт-
ро фаро мегирад. Дар Куллиёт ғазалиёт, қасидаҳо, рубоиёт, мусамматҳо, манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷавда»1, «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва мактубҳои манзуму мансури шоир фароҳам омадаанд. Инчунин, миқдори зиёди ашъори ӯ дар маҷмуаву баёзҳои оғози асри ХХ чоп гарди даанд. Аз ӯ рисолае бо номи «Ашколи хутути исломия» (дар бо раи навъҳои хат ва хаттотӣ) боқӣ мондааст.
Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн ғазал мавқеи муносиб дошта, шумораи он ба 274 адад мерасад. Дар ғазалиёти Ҳоҷӣ таъсири ашъори Ҳофиз ва Бедил эҳсос мешавад. Ғазалиёти шоир, аксаран, равону салис ва пуробурангу руҳафзо мебошанд:
Он маҳ чӣ ҷафо кард? Намекард, наку буд,
Ӯ тарки вафо кард, намекард, наку буд.
Пайванди муҳаббат ҳама асбоби маишат,
Сад ҳодисаҳо кард, намекард, наку буд.
То кушта шавад мурғи дилам гашта асираш,
Нокушта раҳо кард, намекард, наку буд.
Чун дидаи оҳу зи тамошои саводам
Рам кард. Чаро кард? Намекард, наку буд.
Ҳоҷӣ ба ғаму дарди ту буд аз ҳама фориғ,
Дардаш кӣ даво кард? Намекард, наку буд.
Дар ин ғазал ҷафокории маҳбуба, ба рақибон хӯ гирифта ни ӯ ва зорию таваллои ошиқ ба воситаи забони сода, қофияву радиф ва таркибҳои саволӣ басо ҷолиб ифода ёфтаанд. Махсу сан, таркибҳои хабарӣ, ки хеле зиёд истифода шудаанд, ба ғазал қувваи ҷозибаи беинтиҳо ато намудаанд. Умуман, дар ғазалиёти Ҳоҷӣ хусусияти ин жанр (қофияи аа, ба, ва..., аз шаш то даҳ бу дани миқдори байтҳо, дар байти мақтаъ зикр кардани тахаллус, мавқеи асосӣ доштани мавзуи ишқ) риоя гардидаанд.
1. Ҷавда (т) – бахшандагӣ, некниҳодӣ.
Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъори лирикиаш ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳасбиҳолӣ ва ахлоқӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Аз ҷумла, шоир илму дониш омӯхтан, аз суҳбати фозилон баҳравар шудан ва ахлоқи ҳамида доштанро ба ҳар фарди солимақл зарур мешуморад:
Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,
Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.
В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил
Пайванд агар бувад, ту дурӣ бинамо.
Дар байни жанрҳои дигари шеърӣ дар «Комде ва Мадан» эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн маснавӣ мавқеи сазовор дорад. Шоир соли 1910 дар пайравии маснавии «Комде ва Мадан»-и Бедил достоне суруда, номи онро низ «Комде ва Мадан» гузоштааст.
Мундариҷаи мухтасари достон чунин аст: дар сарзамини Ҳинд дар дарбори шоҳи ишратпарасте Комде ном раққосаи мум тоз ҳунарнамоӣ мекардааст:
Паризоде зи фирдавси таманно,
Сиҳисарве ба боғи ҳусн пайдо.
Нигаҳтезу сабукхезу шакарбез,
Балоангезу шӯромез, тарабрез.
Аз мулки дигар Мадан – ном мутриби сеҳрнигор ба шаҳри Комде омада, дар дарбори шоҳ ҳунарнамоӣ мекунад ва соҳиби подоши султон мегардад. Чун Мадан мафтуни рақси Комде ме гардад, ҷоизаашро ба ӯ инъом менамояд ва ба ғазаби шоҳ гириф тор шуда, аз мамлакат ронда мешавад.
Шоҳи дигаре ҳангоми шикор ба Мадани овора вомехӯрад ва аз моҷарои ишқи ин ду дилдода огоҳ шуда, ба шоҳи Комде нома мефиристад. Шоҳи Комде ин номаро ба эътибор нагирифта, ба ҷанг бармехезад ва ба шикаст дучор мегардад. Шоҳи ғолиб вафо дории Комдеро имтиҳон кардан хоста, ба ӯ хабари «марг»-и Ма данро мерасонад. Комде аз шиддати ғусса қолаб тиҳӣ мекунад:
Кунад то корвони яъс афсӯс,
Даройи1 реҳлаташ2 овехт ноқус.
1. Дарой – занг; дар қадим номи асбоби мусиқӣ.
2. Реҳлат – рафтан аз ҷое ба ҷое; даргузаштан, вафот кардан.
Мадан низ аз шунидани ин хабари шум «фидои Комде руҳи равон кард». Шоҳ аз карда пушаймон мешавад ва ба қувваи ҳикмати табибони дарборӣ дилдодагонро ба олами ҳастӣ баргар донда, ба мурод мерасонад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн дар асар дар мисоли ҷанги шоҳи одил ва шоҳи золим масъалаи муборизаи ду қувва – қувваҳои некӣ ва бадиро тасвир кардааст. Ҷолиб аст, ки қувваи хайр бар қувваи шар (р) ғолиб меояд. Шоир ба дигар образҳои асар ҳам аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Образҳои асосии асар – Комде ва Мадан шахсони ҳунарманд, софдил, садоқатманд ва фидокоранд ва онҳо оқибат ба мақсад мерасанд. Муносибати шоир ба табибони ҳозиқ, ки ду дилдодаро аз чанголи марг раҳондаанд, хайрхоҳона ва самимӣ мебошад:
Ба дониш ҳар яке Луқмони сонӣ,
Фалотуне1 дар амрози ниҳонӣ.
Ба ҳикмат Ибни Синоро гаронсанг,
Арастуфитрату2 идрокаржанг.
Вале симои шахсе, ки хабари дурӯғро ба Комде расонда, са баби марги ин ду дилдода мегардад, ба афъии заҳрнок ва боди сарди фасли зимистон монанд карда шудааст.
«Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ дар баробари Тафовути монандии мундариҷа аз достони ҳамноми Бе достонҳои дил фарқ мекунад. «Комде ва Мадан»-и Бедил ҳамном як қисм ё бахши маснавии «Ирфон»-и шоир мебошад, аммо «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ чун достони мустақил аз оғоз, 10 боб ва анҷом таркиб ёфта, дар вазни дигар3 (баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур) таълиф гардидааст:
1. Фалотун – Афлотун (428 – 348 то м.) файласуфи Юнони қадим.
2. Арасту – Аристотел (384 – 322 то м.) мутафаккири Юнони қадим.
3. “Комде ва Мадан”-и Бедил дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф ё мақсур эҷод гардидааст: К-ин ҷунунфитратони ғарраи ҷоҳ Аз ҳавас бар ҳаво фиканда кулоҳ. —V — — / V — V — / VV ~
Шабе осори раҳмат карда з-ӯ гул,
Дукон во карда аз дебову сунбул.
Мафоӣлун / мафоӣлун / фаӯлун
V— — — / V— — — / V— —
Сарлавҳаи ҳар боб низ ба назм (ва дар вазни дигар) мебошад ва аз мутолиаи пайдарпайи онҳо мазмуни мухтасари достон бармеояд. Инчунин, дар достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ руҳи миллӣ ва пайванд ба замону макон равшан эҳсос мешавад. Шоир дар оғози достон ба тасвири табиати зебои диёри Хатлон мепардозад. Тасвири назаррабо имконият медиҳад, ки хонанда моҳияти Ватанро амиқтар эҳсос намояд ва эҳсоси меҳанпарастиаш пурқувват гардад:
Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида.
Насими файз бар хокаш вазида,
Ғубораш, то бихезад, гул дамида.
Шамолаш гар бигардад, мушк резад,
Ҳавояш чун бихандад, атр безад...
Чу наҳри шир ширин обшораш,
Лаби Ширин канори ҷӯйбораш...
Зулолаш софии Кавсар гирифта,
Чу маъшуқаш замин дар бар гирифта...
Умуман, Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъораш аз анъанаи ғании ада биёти классикии тоҷику форс бомаҳорат истифода карда, ба комёбиҳои назарраси эҷодӣ ноил гардидааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?
2. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар кадом мактабу мадрасаҳо таҳсил намудааст?
3. Охирҳои ҳаёти Ҳоҷӣ чӣ хел сурат гирифтааст?
4. Аз Ҳоҷӣ то замони мо кадом асарҳо боқӣ мондаанд?
5. Ашъори лирикии Ҳоҷӣ кадом масъалаҳоро фаро гирифтаанд?
6. Дар бораи маснавии «Комде ва Мадан» маълумот диҳед.
7. «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ аз достони ҳамноми Бедил чӣ тафовут дорад?
8. Порчаеро аз «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ, ки марбути Хатлон мебо шад, азёд кунед.
САВОЛИ ТЕСТӢ
1. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар навиштани маснавии «Комде ва Мадан» ба кадом шоир пайравӣ кардааст?
А) Рӯдакӣ;
Б) Ҳофиз;
В) Ҷомӣ;
Г) Бедил;
Ғ) Саййидо.