Романи «Ман гунаҳкорам»

«Ман гунаҳгорам» ба зиндагии зиёиёни тоҷик дар деҳот ва муносибати иҷтимоию ахлоқии онҳо бахшида шудааст. Роман аз оғоз, шонздаҳ боб ва хотима таркиб ёфтааст. Дар оғоз Ҷ. Икромӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба утоқи кории прокурор ҷалб мена мояд. Шахси ба ҷавобгарӣ кашида дар назди прокурор мегӯяд: «Бале... бале... ман гунаҳгорам, ҳамаи гуноҳ аз ман содир шуд...»

Ин сухан боиси пайдо шудани саволҳо мегардад: ин шахс кист? Чаро худро гунаҳгор мешуморад? Ва гуноҳаш чист? Мундариҷаи асосии асар ба саволҳои боло ҷавоб медиҳад. Ҳар боб бо эпи граф – як порчаи шеърӣ аз назми хаттӣ ё шифоҳии тоҷик шуруъ мешавад. Эпиграфҳо ба мазмуни бобҳо иртиботи қавӣ дошта, таваҷҷуҳи хонандаро ба мундариҷаи асар ҷалб менамоянд. Боби аввал ба табиати зебои деҳаи Лолазор ва зиндагии осудаҳолонаи оилаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов бахшида шуда аст. Нависанда мувофиқи мундариҷаи боб чор мисраъ шеъри Саъдиро чун эпиграф интихоб намудааст:

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост,

Лашкари заҳмати сармо зи сари мо бархост.

Ҳар касеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар шуд,

На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.

Чунин порчаҳои шеърӣ дар дохили бобҳои дигари асар низ ҷой дода шудаанд, ки боиси боз ҳам ҷолибу ҷозибаи мазмуну муҳтавои он гаштаанд.

Мазмуни асар чунин аст: дар деҳаи Лолазор директори мак таб Анвар Салимов бо завҷааш – муаллимаи мактаб Сурайё ва ду фарзандаш осудаҳолона зиндагӣ мекунанд. Дар ин деҳа Мух тор Махсумов низ ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ котиби шурои ҷамоа буда, бо Анвар мухолифат дорад.

Рӯзе корманди идораи маорифи вилоят Зайнаб Кабирова ба рои санҷиши мактаби деҳа меояд. Зайнаб ҳафт сол боз бо Мухтор муносибати наздик дошт. Зайнаб бо ҳидояти Мухтор дар хонаи Анвар ҷой мегирад. Анвар ба ҳусну ҷамоли Зайнаб мафтун гар дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Моҷарои ишқи нобаҳангоми Анвар дер давом намекунад, вале ба ин оилаи тинҷу осуда ташвишҳои зиёд меорад.

Анвар, ки барои рафтори номуносибаш ҳам аз ҷониби Су райё ва ҳам аз тарафи Зайнаб мавриди сарзаниш қарор гириф та буд, дар вазъияти ноороми руҳӣ қарор мегирад. Дар ҳамин вазъияти ноҳинҷор барои овардани маоши муаллимон ба ноҳия рафта, баъди гирифтани пул дар хонаи як дӯсташ то мастшавӣ менӯшад. Дар бозгашт дар назди деҳаи Лолазор халтаи пулро фаромӯш карда, оқибат кораш ба мақомоти тафтишотӣ меаф тад.

Мухтору Зайнаб, ки ба сафар баромада буданд, халтаи пул ро меёбанд. Мухтори ҳарис пулро пинҳон карда, худ аз пайи ба мақомоти қудратӣ маълум кардани «ҷинояти» Анвар мешавад. Зайнаб баъди андешаҳои зиёд дар танҳоӣ аз Мухтори бадхоҳу бадният ва фосиқ абадан тарки алоқа мекунад ва халтаи пулро бурда ба мактаб месупорад. Мазмуни асар басо ҷолиб аст.

Дар романи «Ман гунаҳгорам» асосан чор образ фаъолият мекунад: Анвар Салимов, ҳамсари ӯ Сурайё, Зайнаб Кабирова ва Мухтор Махсумов. Воқеаи асосӣ байни Ан вари зебоипараст ва Зайнаби танноз1 сурат мегирад. Зайнаб зани беиродаест, ки дар ҳаёт раҳгум зада, ба доми Мухтори қаллоб2 гирифтор шудааст ва ҳоло роҳи наҷот меҷӯяд. Чун Зай наб ба деҳаи Лолазор омад, Анвар чанд муддат ишқи ӯро дар дил парварид.

Образи асосии роман Анвар мебошад ва масъалаҳои асар, пеш аз ҳама, ба воситаи образи ӯ ҳал гардидааст. Задухӯрд, асо сан, дар ботин ва дили Анвар рӯй медиҳад ва дар ниҳоди ӯ байни ҳиссиёту ақл ва ишқи ногаҳониву вазифаи инсонӣ талош сар ме шавад. Гирифтории Анвар ба ишқи нобаҳангом дар боби ҳафт хеле самимӣ ва муфассал тасвир гардидааст. Анвар айёми баҳор дар шаби маҳтобии Лолазор бо Зайнаб ба сайругашт баромада буд ва аз ҳусни дилҷӯ, суханҳои дилангез, шеърхониҳои латифи ин зани ҷавон ба ваҷд омада, бо тамоми ҳастӣ мафтуни ӯ гардид. Роҳбари мактаб як лаҳза фаромӯш кард, ки шахси баобрӯйи деҳа ва соҳиби зану фарзанд мебошад. Вале дарҳол ба худ омад ва ақлро кор фармуд: «Дар ин ҷо ба хотири Анвар расид, ки гапро кӯтоҳ кардан лозим аст, агар ҳамин тавр рафтан гирад, Худо медонад, ки сухан то куҷоҳо мерасад».

Анвар ягон нияти бад ё нопокие надошт ва фақат чанд рӯз дар қайди ин ишқи нобаҳангом монда буд, вале ин ҳодисаро боа долатона муҳокима карда, барои ҳамин ишқу ҳаваси яклаҳзаина ҳам худро гунаҳгор шумурд, сабабҳои ба Сурайё, ба ин зани покдоману оқила хиёнат карданашро меҷуст ва ба чунин натиҷа расид, ки беху решаи гуноҳ маҳз дар ҳамин аст: занро ҳурмат на кардан! Инро ҳоло фаҳмида ва эътироф менамоям. Занро ҳурмат накардан худро ҳурмат накардан аст.

Анвар ҳуқуқ, ҳунар ва мавқеи иҷтимоии занро не, балки шаъ ни инсонии ӯро дар ҷойи аввал мегузорад ва шахсияти ин ҷинси латифро лоиқи ҳурмату эҳтиром мешуморад. Қаҳрамони асосии асар дар натиҷаи андешаи амиқ ва тафаккури зиёд ба ин хулоса расидааст. Бинобар ин, Анвар дар насри тоҷик қаҳрамони нав мебошад, ки масъулиятшинос буда, қобилияти худтаҳлилкунӣ ва худбаҳодиҳӣ дорад.

1. Танноз – нозкунанда, дилрабо.

2. Қаллоб – сохтакор, фиребгар.

Образи Сурайё низ ҷолиб ва ба худ хос мебошад. Ин образ дар асар чун зани ботамкин, рӯзгордида ва модари мушфиқу меҳрубон намоён мегардад. Ботамкинӣ ва дурандешии Сурайё махсусан, ҳангоми аз тарафи Мухтор расондани хабари бо Зай наб ба лаби дарё рафтани шавҳараш равшан мушоҳида меша вад. Мухтори фитнагар бо ин ҳам қаноат накарда, манзараи «ишқварзии» Анварро ба ӯ нишон додан мехоҳад. Дар ин дам қатъияти хислати Сурайё батамом намоён мешавад: «Сурайё бо нафрат дасти худро аз дасти ӯ ҷудо карда гирифт. Равед аз ин ҷо! – гуфт ӯ. Дар овози Сурайё ончунон оҳанги нафрат ва бадбинӣ буд, ки Мухтор ба худ ларзид.

— Дафъ шавед! – гуфт Сурайё андак овозашро баланд кар да ва бо дасташ ба сӯйи берун ишора кард. – Дую дубора ба хонаи мо пойи қадами шуми худро нагузоред.

Тасвири пайдарпайи хислатҳои ҳамидаи Сурайё симои ӯро чун зани некукирдору инсони комил дар хотирҳо муҷассам ме намояд. Рафтори вай баъди фаҳмидани маоши муаллимонро гум кардани шавҳараш аҳаммияти муҳимми омӯзандагӣ ва тарбиявӣ пайдо мекунад. Сурайё ба «чӣ кор кунем?» гуфта савол додани шавҳараш мегӯяд: «Дар сандуқ ду либосворӣ сатин ва шоҳӣ до рем, костюми нави ман ҳаст, ҳалқаи тилло ва ангуштаринҳои аз модарам меросӣ ҳаст... Ҳамаи инро мефурӯшем...»

Ҷ. Икромӣ ба воситаи образҳои Зайнаб ва Мухтор мавқеи таълиму тарбияро дар ҳаёти инсон таъкид мекунад. Мухтор аз хурдӣ дар тарбияи падари ӯгай1 – Абдулло мемонад. Абдулло, ки худ бо фиребгарӣ рӯз мегузаронд, Мухторро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия намуд. Мухтор дар қаллобию дасисакорӣ2 аз пада ри ӯгай гузаронд. Ин образ нафратовар ва дилнокаш мебошад.

Зайнаб духтари ягонаи раиси комиҷроияи вилоят – Очилбат рак мебошад ва муҳити оилавӣ ӯро нозук ва нозпарвар намуда аст. Ҳамин зудбоварию кӯтоҳандешӣ боис шуд, ки ӯ ба доми таз вири3 Мухтор афтад. Оқибат бо мушкилӣ ва душворӣ тавонист, ки роҳи дурусти зиндагиро дарёбад. Азобу ташвишҳои Зайнаб гувоҳ бар он аст, ки дар интихоби рафиқи ҳаётӣ саҳлангорӣ кар дан оқибатҳои нохуш дорад.

1. Падари ӯгай – падарандар.

2. Дасиса – макру ҳила.

3. Доми тазвир – фиреб, ҳила.

Дар романи «Ман гунаҳгорам» услуби таҳлилии тасвир мавқеъ дорад. Аз ҷумла, дар ошкор сохтани олами маънавии персонажҳои асар монологи ботинӣ истифода шудааст. На висанда ба воситаи монологҳо ҳар чизи дар дилу ниҳоди персонажҳо ҷойдоштаро ошкор менамояд. Масалан, Сурайё дар бораи шавҳараш чунин андеша меронад: «Анвар содагӣ дорад ва зудбовар аст. Баъзан фиреб мехӯрад, баъзан ба дом меафтад ва ногувориҳоро боз зуд фаромӯш мекунаду боз ба ӯ ҳар чӣ гӯянд, бовар мекунад ва ҳар чӣ фурӯшанд, ба нақд харида меги рад».

Чунин услуби нигориш, ки насри андеша унвон гирифтааст, баъдҳо дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобиров, Сайф Раҳимзод идома ва такмил ёфт. Вале номи Ҷ. Икромӣ дар таърихи адабиёти тоҷик чун устоди насри андеша боқӣ мемонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Романи «Ман гунаҳгорам» аз чанд боб иборат аст ва чӣ хел оғоз меёбад?

2. Эпиграфҳо ба мундариҷаи асар чӣ муносибат доранд?

3. Мазмуни романро баён намоед.

4. Чаро Анвар худро гунаҳгор мешуморад?

5. Кадом хислатҳои Сурайё ба шумо писанд омад?

6. Аз кори Зайнаб ба чӣ хулоса омадед?

7. Оид ба услуби тасвири асар маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Анвар, Сурайё, Мухтор ва Зайнаб образҳои кадом асари Ҷалол Икромӣ мебошанд?

А) «Духтари оташ»;

Б) «Тори анкабут»;

В) «Ман гунаҳгорам»;

Г) «Тухми муҳаббат»;

Ғ) «Ситора».