«Ёддоштҳо» – асари ҷамъбастии Айнӣ

«Ёддоштҳо» охирин ва бузургтарин асари устод Айнӣ мебошад. Он баъди анҷоми Ҷанги бузурги ватанӣ таълиф ёфта, дар муддати солҳои 1948 – 1954 ба табъ расидааст. Ин аса ри калонҳаҷм аз чаҳор қисм иборат аст ва ҳар чор қисми он 1000 саҳифаро дар бар мегиранд. Нависанда барои қисматҳои якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардидааст.

Мувофиқи маълумоти дуҷилдаи «Феҳристи асарҳои Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ» (1963; 1978) қисмҳои якум ва дуюми «Ёддоштҳо» то соли 1978 ба 23 забони дунё, аз ҷумла, ба забонҳои англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, арабӣ, олмонӣ, украинӣ тарҷума ва чоп гардидаанд.

Дар бораи «Ёддоштҳо» олимон ва адибони бисёри ватанӣ ва хориҷӣ, чун М. Турсунзода, К. Федин, М. Шакурӣ, М. Авезов, С. Табаров, Р. Ҳодизода, И. Брагинский, А. Сайфуллоев, Г. Ло мидзе, Л. Арагон, С. Нафисӣ, Я. Рипка, И. Бечка, С. Гӯё, изҳори ақида карда, доир ба он асарҳои таҳқиқотӣ таълиф намудаанд.

С. Айнӣ аз замоне, ки қалам ба даст гирифта, ба кори эҷодӣ пардохт, орзу мекард, ки хотироту ёддоштҳои хешро рӯйи коғаз биёрад, вале ӯ барои оғози чунин навъи эҷод ҷуръат наме кард. Устод бар ин ақида буд, ки ёддоштнависӣ аз романнависию ҳикоянависӣ душвортар аст. Ба фикри Айнӣ, инсон то зиндагии гузаштаро дуруст надонад, рӯзгори муосирро дарк карда намета вонад.

Соли 1940 С. Айнӣ асари «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам»ро навишт, ки ин машқи пешакӣ барои эҷоди асари ёддоштӣ буд. Вақте ки синну соли нависанда аз ҳафтод мегузарад, дар худ заъ фи1 пирӣ эҳсос мекунад ва неруи кориаш ҳам камтар мешавад. На висанда қарор медиҳад, ки фурсати боқимондаи умрро ба эҷоди «Ёддоштҳо» сарф намояд. Адиб ният доштааст, ки воқеаҳои «Ёддоштҳо»-ро аз деҳа, аз рӯзе, ки худро шинохтааст, оғоз намуда, дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд то ғалабаи инқилоби Октябр (ноябри соли 1917) давом диҳад, аммо марг имкон надод, ки С. Айнӣ ин нияти эҷодии худро пурра ба анҷом расонад.

1. Заъф – сустӣ, нотавонӣ, беқувватӣ.

Қисми якуми «Ёддоштҳо» «Дар саҳро» ном дошта, воқеаҳои давраи кӯдакии нависандаро аз чор-панҷсолагии ӯ то соли 1890 фаро мегирад. Дар ин бахш ҳодисаву воқеаҳое, ки дар деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло рух додаанд, то вафоти падару мода ри Садриддин ва ба Бухоро раҳсипор шудани ӯ тасвир ёфтаанд.

Се қисми минбаъдаи «Ёддоштҳо» «Дар шаҳр» ном дорад. Дар қисми дувум оид ба мадрасаҳои Бухоро, барномаҳои таълими онҳо, тартиби зиндагии аҳли мадраса ва тариқи омӯзиши толибилмон маълумот дода мешавад. Дар ин қисм, инчунин, соли ав вали таҳсили Садриддин дар мадрасаи Мири Араб (соли таҳсили 1890 – 1891) баён шудааст.

Қисми III аз соли 1891 оғоз ёфта, то соли 1896 идома ме ёбад. Дар ин қисм Садриддин ба хонаи Шарифҷон-махдум мекӯчад ва дар он ҷо як сол монда, бо зиёиёну ҳунармандони Бухоро аз наздик шинос мешавад. Баъд таҳсили Садриддин дар мадрасаҳои Олимҷон, Бадалбек ва шиносоии ӯ бо шоир Ҳайрат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қисми IV аз соли 1896 то солҳои 1902 – 1903 идома меёбад. Дар ин қисм аҳволи муллобачагони пешқадам, афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш ва шогирдо ни ӯ, ақидаҳои мухталифи иҷтимоии замон тасвир ёфтаанд. Уму ман, «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ ҳодисаҳои 20 соли охири асри XIX ва се соли ибтидои асри ХХ-ро фаро гирифтааст.

Дар адабиёти классикии тоҷику форс асарҳое, ки хусусияти ёддоштӣ дошта, ҷараёни зиндагии нависандагонро фаро гириф та бошанд, кам нестанд. Устод Айнӣ дар таълифи «Ёддоштҳо» анъанаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ (асри XVI) ва «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро (асри XIX) идома до дааст.

Эҷодиёти Восифӣ ҳанӯз аз соли 1925 таваҷҷуҳи Айниро ба худ ҷалб намуда буд. Баъди Ҷанги бузурги ватанӣ устод ба омӯхтани «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҷиддан машғул мешавад. Ва соли 1946 асаре ро бо номи «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» таълиф мена мояд, ки он соли 1956, баъди вафоти нависанда, ба табъ мерасад. С. Айнӣ таассуроти худро аз эҷодиёти Восифӣ бо рубоии зерин ифода намудааст:

Ин боғ зи нахли1 куҳан оростаам

В-он нахл ба теғи хома пиростаам.2

Сайронгоҳе зиёда кардам ба шумо,

Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Рубоии мазкур ба рубоие, ки ба сифати эпиграфи «Ёддоштҳо» омадааст, бисёр монанд мебошад:

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,

Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам,

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман

Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

Ин ду рубоӣ дар як вақт (1946) эҷод шуда, аз таъсири самара бахши «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба «Ёддоштҳо» гувоҳӣ медиҳад. Устод Айнӣ дар тасвири воқеии ҳаёти табақаҳои гуногуни шаҳрҳои асримиёнагӣ ва дукону масҷиду мадрасаҳо услуби нигориши «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифиро ба эътибор гирифтааст.

С. Айнӣ ба «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш боз ҳам пештар, ҳангоми мадрасахонӣ, шинос шуда буд. Соли 1899 бо су пориши Садри Зиё толибилмон – Мунзим, Ҳайрат ва Айнӣ ки тоби «Наводир-ул-вақоеъ»-ро нусхабардорӣ карда буданд. Айнӣ аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» таассуроти амиқ бардошта навиштааст: «Шиносоии ман бо «Наводир-ул-вақоеъ» дар ман танҳо инқилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависшавиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад-махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода таҷассум кунонда нишон дода тавонад».

Дар ҳақиқат, дар «Наводир-ул-вақоеъ» тасвири ҳаёти давраи Дониш, воқеа ва шахсоне, ки бевосита аз худи зиндагии рӯзмарра гирифта шудаанд, мавқеи асосӣ дорад. Аҳмади Дониш барои ба вуҷуд овардани образи ҳамзамонони одии худ, чун Шукурбеки «дузд» ва мулло Холмуҳаммади шикорчӣ, кӯшиш намудааст. Ҳамин тасвирҳои ҳақиқатнигорона ва ба ҳаёти мардум наздики «Наводир-ул-вақоеъ» бештар ба Айнии ҷавон таъсир расонд ва ин таъсир то охири умр, дар вақти навиштани «Ёддоштҳо» низ давом намуд. Тасвири баъзе лаҳзаҳои асосӣ дар ин ду асар ба ҳам хеле монанданд. Дар «Наводир-ул-вақоеъ» Шукурбек Муллохо ли шикорчиро мағлуб мекунад ва ба дасти ӯ каме пул дода таъкид менамояд: «Ин пул кирояи туст ва инро бардору дигар ба ин шаҳр маист, мабодо ки дигарбора туро бифиребанд ва ба муқотилаи1 ман барангезонанд. Он гоҳ амон наёбӣ».

1. Нахл – дарахт.

2. Пиростан – қайчӣ задан, ороиш додан.

Дар «Ёддоштҳо» Шукурбек касеро, ки ба умеди мукофот ги рифтан муқобилаш мебаромад, мағлуб намуда, ба вай як миқдор пул дода мегуфт: «Ин пулро гиру аз шаҳр бадар рав! Агар дар ин ҷо монӣ, аҷаб нест, ки дуюмбора ба ин гуна ҷасорат қадам гузорӣ, дар он сурат ман ба ҷонат амон намедиҳам». Чунин тасвирҳои ба «Наводир-ул-вақоеъ» монанд дар «Ёддоштҳо» кам нестанд.

Инчунин, дар таълифи «Ёддоштҳо» асарҳои тарҷумаиҳолии адабиёти рус, махсусан «Бачагӣ», «Дар байни мардум» ном асарҳои ёддоштии нависандаи рус А. Горкий чун манбаи адабӣ истифода шудаанд. С. Айнӣ аз миёнаҳои солҳои 30-юм2 ба омӯхтани асарҳои М. Горкий диққати ҷиддӣ дод ва асарҳои ном бурда дар таҳрири адабии ӯ дастраси хонандаи тоҷик гардиданд. Омӯзиши эҷодиёти М. Горкий ба С. Айнӣ имконият додааст, ки аз саргузаштҳои худ, аз муҳити солҳои кӯдакӣ ва ҷавонӣ, чизи асосиро аз чизи ғайриасосӣ ҷудо кунад ва бо ҳамин моҳияти иҷтимоии воқеаҳои «Ёддоштҳо»-ро афзун гардонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба шуҳрати ҷаҳонии «Ёддоштҳо» маълумот диҳед.

2. Кадом олимони ватанию хориҷӣ «Ёддоштҳо»-и Айниро таъриф кардаанд?

3. «Ёддоштҳо» аз чанд қисм иборат аст?

4. Чаро «Ёддоштҳо»-ро асари нотамом меноманд ?

5. Кадом манбаъҳои «Ёддоштҳо»-ро медонед?

6. Рубоиҳои Айниро дар мавриди «Ёддоштҳо» ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ» азёд кунед.

1. Муқотила – ҷанг ва кушокушӣ.

2. С. Айнӣ дар Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ (1934) дар Маскав ба А. М. Горкий шинос ва ҳамсуҳбат шуда буд.