«Фарёди бефарёдрас» – дардномаи миллат

Маҷмуаи «Фарёди бефарёдрас», асосан, шеърҳои дар замо ни ҷанги шаҳрвандӣ ва сарсониҳои халқи тоҷик навиштаи Лоиқ Шералиро фаро гирифтааст. Ин маҷмуа аз 30 шеъри гуногун мавзуъ, 88 ғазал, қисмҳои «Аз «Ҷоми Хайём», «Идомаи «Резабо рон», «Хурдаҳо ва такбайтиҳо» ва «Рӯйи одамҳо» иборат буда, аксари шеърҳо таърихи эҷод доранд. Шеърҳои «Соқиномаи имрӯзин», «Зангӯлаи бедорӣ», «Барои соҳибназарон», «Алорағми маҳалгароён», «Зарафшон, модари зорам», «Хонаи шоир», «Ману ту», «Гӯри Дониш дар куҷост?», «Чашмони Олимпур» бо таърихи таълифашон иртиботи комил доранд. Шеъри «Илтиҷо аз камон мардон» декабри соли 1994 навишта шудааст ва дар Тоҷикистон ин айёме буд, ки силоҳбадастон бо роҳнамоии хоҷагони худ рехтани хуни ноҳақро идома медоданд. Шоири озурдахотир силоҳбадастонро ҳушдор медиҳад, ки силоҳро ҳарчи тезтар ба за мин гузоранд. Дар акси ҳол дер мешавад ва пушаймонӣ фоида надорад:

Камонмардон!..

Агар ҳоло намефаҳмед,

Рӯзе нек мефаҳмед, ки тире аз камон рафтаст

Ва рӯзе нек мефаҳмед: ҳар тире, ки афкандед,

Ба мағзи устухони тоҷикон рафтаст.

Шумо як рӯз мефаҳмед,

Ки худ ёрӣ ба душман кардаед, эй вой!

Ки худ бунёди меҳан кандаед, эй вой!

Фоҷиаи ба сари мардум омада боис гардид, ки дар назми даврони истиқлоли тоҷик марсиясароӣ мавқеъ пайдо намояд. Шеърҳои Лоиқ Шералӣ «Чашмони Олимпур», «Падарам, во па дарам», «Марсияи Ҷамшед», ки ба марги фоҷиавии ҳунарманди шинохта Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигору вакили халқ Муродуллоҳ Шералӣ ва табиби ҳозиқ Ҷамшед Осимӣ бахшида шудаанд, пурсӯзу ҷонгудоз мебошанд. Такрору хитоба, рамзу ки ноя ва тавсифҳои ҳузнангез қувваи ифоданокии марсияҳои маз курро афзуда, ба хонанда таассуроти гароне боқӣ мегузорад:

Наъши1 хунини падар дар назарам,

Хоки олам ба сарам!

Ашки хунин бичакад аз басарам.

Тири ноҳақ, ки аду бар ҷигари ӯ зада буд,

Мехӯрад ҳар нафасе бар ҷигарам.

Ҷавҳари маънии дунё, падарам,

Падарам, во падарам, во падарам!

Лоиқ Шералӣ кӯшиш намудааст, ки сабаби ба ин фоҷиа гирифтор шудани мардуми ҷафокаши тоҷикро муайян кунад. Дар тасвири шоир падидаи номатлубе, ки боиси сар за дани ҷанги шаҳрвандӣ гардидааст, маҳалгароӣ мебошад. Маҳалгароӣ натиҷаи тафаккури маҳдуд ва сатҳи пасти ҷаҳонбиниву фаросати нокифояи гурӯҳи одамон буда, ғайр аз муноқиша, тафриқаандозӣ ва норозигӣ дигар самаре ба бор на меорад. Моҳияти харобиовари маҳалгароӣ ва табиати зиддихалқии он дар таркиббанди «Ману ту» хеле воқеӣ таъкид гардидааст:

1. Наъш – тани беҷон, мурда, ҷасад.

Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ1 гуфтем,

Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем...

Баски бегонапарастем, амон аз ману ту,

Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту.

Шоир дар чордаҳ банди шашмисраӣ тамоми паҳлуҳои ха робиовари маҳалгароиро пеши назар меорад. Маҳалгароӣ аз ҳавсалатангӣ, даббаву дангӣ, гиҷу гарангӣ ва дурӯйиву дурангӣ сар мезанад, нишонааш бефарҳангӣ, бегонапарастӣ, беҳунарӣ ва натиҷааш зиддият, қатлу ғорат, муҳтоҷӣ, сарсониву саргардонии халқ ва харобиву гирифтории мулк мебошад. Ҷанг чун натиҷаи ниҳоии маҳалгароӣ зиддиятҳои тарафҳоро ба авҷи аъло расон да, роҳи оштӣ ва гузаштро ниҳоят душворгузар менамояд. Шоир бо сӯзу гудоз дилу дидаи кӯр, кӯтоҳии ақлу шуур ва бадхоҳии ҳамдигарии гурӯҳҳои маҳалгароро сарзаниш намуда, ягона роҳи аз ин вартаи ҳалокат раҳондани халқу Ватанро дар оштиву аҳду паймони ҳамватанӣ медонад. Ин маънӣ дар байти ҷамъбастӣ таъ кид гардидааст. Таркиби амон2 аз ману ту, ки 28 бор ба паҳлуҳои маҳалгароӣ ва ҷудоиандозӣ ишора мекунад, дар байти мақтаъ то биши дигар дорад:

Пас, биё, даст ба ҳам додаву паймон созем,

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем!

То дигар бор нагӯем, амон аз ману ту!

То ба такрор нагӯем, амон аз ману ту!

Шоир падидаи маҳалгароӣ ва ба қисматҳои шимолию ҷанубӣ ҷудо кардани халқи тоҷикро ба сангҳои зерину болои осиё монанд карда аст, ки аз бархӯрди онҳо миллат соиш ёфта орд мешавад ва мавҷудияташ дар зери хавф мемонад.

Ҳолати руҳии устод Лоиқ баробари ба ифоқа омадани тарафҳои даргир болида мегардад ва аввалин шуда бо муборак номаи худ сулҳу оштии миллиро ба ҳамдиёрон табрик мегӯяд. Ин муборакнома, ки январи соли 1997 навишта шудааст, дар шак ли ғазал буда, аз 12 байт иборат аст. Дар он шодиву хурсандӣ ва умеду орзуи мардуми тоҷик бо тамоми ифоданокӣ, дилрабоӣ ва забони фасеҳ ба қалам омадааст:

1 Фарри каёнӣ — шукӯҳу ҳашамати подшоҳони сулолаи Сосониён.

2 Амон — паноҳ, наҷот.

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад...

Пири Канъоно, чашми ту равшан!

Юсуфи дилфигори мо омад.

Дар ин ғазал ҳар як калимаву ибора боиси афзоиши ифода нокии матн гардидааст. Вазну қофия ва радиф, санъатҳои бадеии талмеҳу тазод ва ташбеҳу тавсиф дар ҳаёти мардуми ҷабрдидаи мо чӣ қадар зарур будани сулҳи деринтизорро талқин менамоянд. Аз ҷумла, ба Пири Канъон (падари Юсуф) нисбат додани марду ми тоҷик ва ба Юсуф ташбеҳ кардани сулҳи деринтизори тоҷикон хеле табиӣ ва самимӣ мебошад. Чӣ хеле ки чашми аз ҳаҷри фар занд нобиношудаи Яъқуб аз дидори Юсуф боз нур мегирад, мар думи тоҷик низ аз омадани сулҳи деринтизор комгору шарафёб мегардад.

Масъалаи дигаре, ки дар ғазали мазкур ба миён гузошта шу дааст, масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад. Барқарор гардидани сулҳу оштии миллӣ масъулияти қаҳрамони лирикиро назди халқу Ватан меафзояд. Ӯ аҳд мекунад, ки мин баъд халқашро аз шарри гурӯҳҳои ҷудоихоҳ эмин дорад. Ин нук таро байти зерин басо ҷолиб ифода намудааст:

Кӯҳсоро, бубахш пастии мо,

Нангу ному виқори мо омад.

Қаҳрамони лирикӣ аз он қаноатманд аст, ки гурӯҳҳои даргири қавми тоҷик хатои худро зуд дарк намуда, чун мулки кӯҳсорашон боз бовиқору сарбаланд гардиданд. Ин ғазал эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти ватандории хонандаи ҷавонро тақвият медиҳад. Сухан кӯтоҳ, ашъори даврони истиқлоли устод Лоиқ ба шароити давру замон мувофиқати комил доранд. Дар онҳо дарду ҳасрат ва орзуву ормонҳои халқи тоҷик ба таври возеҳ ба тасвир омадаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Дар бораи маҷмуаи «Фарёди бефарёдрас» маълумот диҳед.

2. Шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» кадом масъаларо дар бар меги рад?

3. Оид ба марсияҳои Лоиқ сухан гӯед.

4. Шеъри «Ману ту» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?

5. Фоҷиаи миллати тоҷик боз дар кадом шеърҳои Лоиқ акс ёфтааст?

6. Ғазали муборакномаи Лоиқро азёд кунед ва шарҳ диҳед.

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

1. Шеърҳои «Забонгумкарда», «Хоки Ватан», «Деҳи кӯчида», «Ганҷи кӯҳистон» аз они кадом шоир аст?

А) Лоиқ Шералӣ;

Б) Муъмин Қаноат;

В) Гулрухсор;

Г) Гулназар;

Ғ) Раҳмат Назрӣ.

2. Байти зерин ба кадом шеъри «Модарнома»-и Лоиқ тааллуқ дорад?

Як нигаҳи шуълавари модарон,

Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.

А) «Модар»;

Б) «Қасидаи модар»;

В) «Қарз»;

Г) «Ҷомаи гадоӣ»;

Ғ) «Волотар аз ҳама».