§2.Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқубунёд

§2.Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқубунёд

Ҷамеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Давлати ҳуқуқбунёдро дар он ҷое барпо намудан мумкин аст, ки дар он ҷой ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват мавҷуд бошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи нисбатан мустақили новобаста аз давлат ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун, иттиҳодияҳои фарҳангӣ, миллӣ, динӣ, ҳудудӣ ва хислати дигар доштаи ифодакунандаи манфиатҳои ҳархелаи одамон амал менамоянд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷамъиятест, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Мафҳуми "ҷомеаи шаҳрвандӣ" имконият медиҳад, ки соҳаи сиёсӣ ва ғайрисиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ фарқ карда шуда, мафҳумҳои давлат ва ҷамъият аз ҳамдигар ҷудо карда шаванд.

Ҷомеа аз организми мураккабе иборат аст, ки дар он одамони дорои манфиатҳои гуногун, талабот, хислатҳои гуногун ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамзамон бо ин, одамон бо ҳамдигар дар робитаҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ, манзилӣ, оилави, меҳнатӣ ва ғайра қарор доранд. Ба низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ғайр аз муносибатҳои сиёси муносибатҳои иқтисоди, нажодӣ, маънавӣ, иттилоотӣ, оилавӣ ва ғаираҳо дохил мешаванд, ки новобаста аз давлат вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд. Албатта, ҷамъият ва давлатро пурра аз ҳамдигар ҷудо кардан номумкин аст, зеро давлат маҳсули инкишофи ҷомеа ва шакли мавҷудияти он мебошад. Ҷудо намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлат маънои онро дорад, ки соҳаи ҳаёти ҷамъиятие вуҷуд дорад, ки дар тобеият ва назорати давлат намебошад. Яъне давлат набояд ба ҳаёти хусусии одамон дахолат намояд.

Ҳамзамон, инсон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури асосӣ аст, вале вай наметавонад талаботи худро дар алоҳидаги ё бе алоқамандӣ бо одамони дигар қонеъ гардонад. Он чи ки ба муносибати байни шахс ва давлат тааллуқ дорад, ин пеш аз ҳама дар иҷрои уҳдадориҳои шахс дар назди давлат, хусусан уҳдадории шахс оид ба итоат намудан ба қонун ва супоридани андоз ифода меёбад. Агар шахс уҳдадориҳои худро дар назди давлат софдилона иҷро намояд, он гоҳ дар дигар мавридҳо ҳаёти шахсии инсон бояд барои давлат фарқ надошта бошад ва давлат ҳақ надорад, ки ба он дахолат намояд.

Давлат бояд ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатӣ он хизмат карда бо ҳамин манфиати умумии ҷамъиятро ифода намояд. Рушди нопурраи ҷомеаи шаҳрванди мумкин аст шароитеро муҳайё созад, ки боиси фуру бурдани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарафи давлат ё муқобил гузоштани он а ҷамъият ва манфиати худро бо зӯрӣ ба ҷамъият бор кардан гардад. Барои ҳамин, на ҳама гуна ҷамеа ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Нишонаи асосии ҷомеаи шаҳрванди - ин ҷамъияти дорои муносибатҳои иқтисодии инкишофёфта будани он мебошад. Дар чунин ҷамъият шахс аз моликият ҷудо набуда, баръакс, имконият дорад, ки ҳама гуна шакли моликиятро интихоб намояд, инчунин, ҳақ дорад натиҷаи меҳнат ва қобилияти худро ба меҳнат озодона ихтиёрдорӣ кунад. Салоҳияти давлат дар чунин ҷомеа барпо намудани шароити муътадил барои ташаббуснокӣ ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи моликият, таъмини рақобати озод, мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ ва муҳофизати тартибот мебошад.

Нишонаи дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ эътирофи ҳукуқ ва озодиҳои табиии инсон ва ҳифзи самараноки он мебошад.

Нишонаи сеюми ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷуд набудани манополизми идеологӣ дар ҷамъият мебошад. Дар чунин ҷамъият фикр, нуқтаи назар, ақида, мулоҳиза ва мафкураи гуногун раво мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ доираи гузаронидани фаъолияти гуногуни сиёсии ташкилотҳо, институтҳо ва иттиҳодияҳоро муайян менамояд. Вай ғояҳои пешқадам ва инсондӯстонаро пеш бурда, тарзҳои демократии идоракунии корҳои ҷамъиятиро истифода мебарад.

Хусусияти фарқкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкоро ва худидора будани корҳои шахсӣ мебошад. Ошкоро будан, аз ҷумла озодона ворид шудан ба ҳамаи манбаъҳои иттилоот (ба ғайр аз сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ), ошкоро гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳое, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ вобастаанд, озодии сухан, матбуот, танқид, озодии робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъияти ҳуқуқӣ, демократӣ, инсондӯст ва сулҳдӯстона буда, дар он барои ҳеҷ гуна зӯрӣ ба шахсият ҷой нест, баръакс, дар он адолат, баробарӣ ва озодии пурра ҳукмрон аст.

Саволҳо:

1. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд аз чӣ иборат аст?

2. Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёдро номбар кунед.

3. Бартарии ҳуқуқ дар давлати ҳуқукбунёд чӣ маънӣ дорад?

4. Волоияти қонун чист?

5. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар чӣ ифода меёбад?

6. Масъулияти тарафайни давлат ва шахсро фаҳмонда диҳед.

7. Моҳияти таҷзияи ҳокимиятро ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ баён намоед.

8. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чист?

9. Фарқи давлат аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чист?

10. Нишонаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро номбар намоед?

Реклама