§2. Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

§2. Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олиро ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор муайян кардааст. Қонуни конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон" аз 19 апрели соли 2000 дар моддаи 1 Маҷлиси Олиро "дорои ҳокимияти олӣ ва мақоми ягонаи қонунгузорӣ" тавсиф намудааст. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки дар низоми қонунгузорӣ ва фаъолияти қонунгузорӣ якдигарро пурра мекунанд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, вакилони он ғайр аз фаъолияти қонунгузорӣ ба кори дигар машғул намешаванд. Танҳо ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ шуғл варзида метавонанду халос. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ бошад, даъватӣ аст. Барои фаҳмо шудани тарзу усули фаъолияти ин маҷлисҳо таркиби онҳоро дида мебароем.

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни вай аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли иҷлосияҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон доир мекунанд. Шурои Маҷлиси милли ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо амалӣ мегардонанд.

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҳам хеле шабоҳат дорад, чунончи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ доранд, ки фикри худро озодона баён намоянд, мувофиқи ақидаи худ овоз диҳанд, онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд, онҳоро ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданашон дар ҷойи содиршавии ҷиноят. 

Ҳамчунин, онҳо мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.

Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аст. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя чунин салоҳият доранд:

- Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъйин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат.

- Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда.

- Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон.

- Таъйини интихоботи Президент.

- Қабули истеъфои Президент. 

- Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ.

- Баррасии масъалаҳои дахлнопазирии Президент.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва Паёми худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар пешниҳод менамояд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат қарор қабул менамоянд.

Қарор оид ба ин масъала бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд ва дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ қабул карда мешавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунанд.

Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилон қабул карда мешаванд.