§4. Маҷлиси намояндагон

§4. Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагон палатаи доимоамалкунанда ва касбии парламенти мамлакат аст. Фаъолияти он ба монанди Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад. Вай ба ҷуз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгори намставонад ба фаъолияти дигар машгул шавад.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон хеле васеъ мебошад. Он масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ба муҳимтарин соҳаҳои ҳаёту давлату ҷомеа дахл доранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" салоҳияти Маҷлиси миллиро ба таври зайл муайян кардааст:

1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатию ҷамъиятӣ;

3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;

5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;

6. Таъйини раъйпурсӣ;

7. Таъсиси судҳо;

8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ; 

9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;

10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намӯдани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ;

11. Ризоят барои таъйин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;

12. Ризоят барои таъйин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак;

13. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

14. Муайян намудани маоши Президент;

15. Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;

16. Ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб;

19. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва назоратро аз болои ичрои он ба роҳ мемонад. Ҳукумат лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Мачлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Қонун дар бораи буҷети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Точикистон дар бораи бучети давлатӣ ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рӯз ба Президент барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.

Агар Президент ба қонун ё қисме аз он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Дар сурати баррасии такрорӣ агар қонун дар матни пештар қабулшудааш аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президеит дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон буда, ба ҳайати он Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон дорои салоҳияти зерин аст:

1. ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва банақшагирии корҳои марбут ба тартиб додани лоиҳаи қонунҳо;

2. баррасии масъалаҳои даъват намудани ҷаласаҳои ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намбяндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;

3. таҳияи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;

4. ҳамоҳангсозии фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;

5. муайян намудани кумитаи масъул оид ба омода кардани лоиҳаи қонун барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Фиристодани лоиҳаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани муҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳо;

6. фиристодани лоиҳаи қонун ва маводди ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектони Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намудаанд, дар муҳлатҳои муқарраркардаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳо;

7. пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар сурати мухолифати он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии баиналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқукӣ" ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. қабули қарор дар бораи муҳокимаи парламентӣ;

9. қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд;

10. ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;

11. ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон;

12. таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;

13. таъсис додани комиссияҳо вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд;

14. пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии вакили Маҷлиси намояндагон ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсус;

татбиқи ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии баиналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

Фраксия ё гурӯҳ камаш аз панҷ вакили Маҷлиси намояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ воқиф гардонида мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурӯҳ имзо кунад.