§1. Ҳокимияти қонунгузор ва мавқеи он дар таҷзияи ҳокимияти давлатӣ

§1. Ҳокимияти қонунгузор ва мавқеи он дар таҷзияи ҳокимияти давлатӣ

Ҳокимияти қонунгузор дар ҷараёни идоракунии давлат мавқеи марказӣ дорад, зеро тибқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин навъи ҳокимият аз ҳама муҳимтар аст. Ҳокимияти қонунгузор талаботи умумиҳатмиеро пеш мегузорад, ки ҳокимияти иҷроия онҳоро бояд дар ҳаёт татбиқ намояд ва ин талабот барои фаъолияти мақомоти судӣ низ ҳамчун асоси қонунӣ хизмат мекунанд.

Дар давлатҳои пешрафтаи демократӣ парламент - мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ ба ҳисоб меравад. Вай соҳибихтиёрии халқро ифода карда, иродаи мардумро дар шакли қонун пешниҳод менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст, аз ин рӯ, мувофиқи талаботи демократия халқ бояд баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ бошад. Ҳокимияти давлатиро халқ бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар давлати демократӣ маҳз ҳокимияти қонунгузор воситаи боэътимоди ифода кардани орзуву мароми оммаи васеи мардум ва манфиату талаботи он аст. Ҳокимияти қонунгузор манфиату иродаи халқро тавассути Парламент - мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ ҳимоя мекунад.

Унвон ва сохтори парламент дар кишварҳои олам вобаста ба хусусиятҳои миллии тараққиёт гуногун аст. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парламентро Конгресс, дар Федератсияи Русия - Маҷлиси Федералӣ, дар Полша - Сейм, дар Дания Фолкетинг меноманд.

Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ ном дорад. Вобаста ба шакли идоракунӣ ва тарзи давлатдорӣ, инчунин, шакли сохтори давлатӣ (ягона, федеративӣ ё конфедеративӣ будани мамлакат) парламентҳо якпалатагӣ ё дупалатагӣ мешаванд. Масалан, дар Маҷористон, Филяндия, Дания, Полша ва дигар кишварҳо парламент якпалатагӣ, дар Амрико, Австрия, Британияи Кабир дупалатагист. Ҳар палата ба худ унвоне дорад, масалан дар Амрико – Палатаи намояндагон ва Сенат, дар Австрия - Шӯрои Иттифоқ ва Шурои миллӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Парламент аз ду палата - Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои дахлдори конститутсионӣ ҳар яке аз онҳо доираи муайяни вазифа ва салоҳияту ваколат доранд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 9-ум эълон кардааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ҳамчун давлати демократӣ дар Тоҷикистон ҳокимияти қонунгузор имтиёзи бештаре дорад, вай нисбат ба ҳокимияти иҷроия ва судӣ мустақил буда, аз онҳо вобастагие надорад. Ин гуна мустақилияти комил аз табиати сиёсиву ҳуқуқии худи мақомоти қонунгузор бармеояд. Тасаввур кардан мушкил аст, ки ягон рукни ҳокимият, ягон мақомот ва муассисаву ташкилот ва умуман равиши табиии зиндагии мардум бе қонунгузорӣ вуҷуд дошта тавонад. Асоси пешрафти давлат ва ҳама соҳаҳои ҳаёти онро санадҳои

меъёрии ҳуқуқӣ, яъне мавҷудияти қонунҳои одилона ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ ташкил медиҳанд. Маҳз ба шарофати қонунҳо ҷомеа ба таври муназзам, яъне роҳу равиши муайян ва мураттаб пеш меравад ва тараққӣ мекунад.

Аз ин рӯ, Маҷлиси Олӣ - Парламент дар рушди ҳама соҳаҳои Тоҷикистон мақоми хосса дорад, аммо ин ақида набояд ба он маънӣ фаҳмида шавад, ки парламент комилан аз дигар шохаҳои ҳокимият ҷудост. Дар тамоми кишварҳое, ки сохти ҷумҳуриявӣ доранд, миёни ҳар се шакли ҳокимият алоқамандиву ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Ин ҳамкорӣ бо роҳу воситаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Масалан, баробари вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, яъне узви Парламент, инчунин Ҳукумат ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо Ҳукумат низ иштирок мекунад, танҳо салоҳияти қабули қонунҳо ба уҳдаи Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.