§1. Мафҳум, нишона ва навъҳои таърихии ҳуқуқ

§1. Мафҳум, нишона ва навъҳои таърихии ҳуқуқ

Инсон дар муносибат бо ҷамъият ва дигар одамон умр ба сар мебарад, зеро дар ҷамъият зиндаги карда, берун аз он ҳаёт ба сар бурдан мумкин нест.

Дар вақти таҳсил, ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ, дар ҷараёни фаъолияти корӣ бо ташкилоту муассисаҳо, инчунин, дар вақти додугирифти байни созмонҳо алоқаҳои байниҳамдигарии мустаҳкам ба вуҷуд меоянд. Ҳама гуна муносибат ва фаъолияте, ки дар байни онҳо ба вуҷуд меояд, ба воситаи қоидаҳои рафтор танзим мегардад. Аксари ин муносибатҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо калимаи "ҳуқуқ" зуд-зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд кунад. Моҳияти ҳуқуқ низ дар ҳамин ифода меёбад.

Ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани робитаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Ҳамзамон, моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мёкунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна суиқасд ҳифз менамояд. Маҳз ба тавассути ҳуқуқ некӣ меъёри ҳаёт гардида, бадӣ натиҷа ё оқибати вайрон кардани ин меъёр ба ҳисоб меравад.

Ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мазмуни ҳамаи қонунҳоро ташкил мёдиҳад. Бинобар ин, дарк кардани моҳият ва фарқи ҳуқуқ ва қонун моҳияти баланди инсондӯстӣ дорад, зеро ҳуқуқ ҳамчун меъёри муайянкунандаи сифати қонун ва муқарраркунандаи он мебошад, ки қонун ҳуқуқи инсон, манфиат ва талаботи ӯро то чӣ дараҷа ҳифз менамояд.

Ҳуқуқ дар ҷомеа ба таври воқеӣ вуҷуд дорад ва вазифаи давлат аз он иборат аст, ки ҷиҳатҳои гуногуни онро муайян карда, ба шакли қонунӣ расмӣ гардонад. Аз ин ҷо формулаи "ҳуқуқро ҷомеа офаридааст ва қонунро давлат" фарқи ҳуқуқ ва қонунро аниқ ифода менамояд. Ҳамзамон, вақте ки мо дар бораи "ҳуқуқ" ва "қонун" сухан меронем, мо на танҳо ягонагии мазмуни ҳуқуқи ва шакли ҳуқуқӣ, балки мухолифати байни онҳоро низ дар назар дорем. Мазмуни ҳуқукие, ки дар қонун ифода наёфтааст, кафолати амалӣ шуданро надорад. Аз ин рӯ, ба маънои амиқи калима ҳуқуқ намебошад.

Дар давлати ҳуқуқбунёд қонунҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд. Қонунҳо мумкин аст ғайриҳуқуқӣ шаванд, агар мазмуни онҳоро суиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ ташкил диҳад. Инро амалия ва таърихи давлатдории муосир низ нишон медиҳад. Дар баъзе мавридҳо давлат аз қудрати худ суиистеъмол карда, қонунҳои зиддиҳуқуқӣ қабул менамояд. Чунин қонунҳо зоҳиран мумкин аст ҳамчун ҳуқуқ баҳо дода шаванд, вале онҳо танҳо шаклан, на мазмунан ҳуқуқӣ мебошанд.

Вазифаи асосии ҳуқуқ танзими рафтори одамон, созмонҳо ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Ин қоидаҳои рафтор ба ҳама ҳатмӣ мебошанд. Онҳо аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд. Яъне ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар таърихи инсоният замоне буд, ки на дастгоҳи маҷбуркунӣ дошт ва на меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуд буданд. Муносибатҳои байни одамон дар асоси тартибот ва қоидаҳои махсуси ахлокӣ ба танзим дароварда мешуданд. Урфу одат, таомул, анъана, обрӯ ва эҳтироми якдигар асоси муносибатҳои аъзоёни ҷомеаро ташкил мекард. Ин давраи инкишоф ба ҷомеаи ибтидоӣ тааллуқ дошт. Дар ин ҷомеа баробарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳаёти дастаҷамъона ҳукмрон буд ва бинобар ин, ба меъёрҳои ҳуқуқӣ низ эҳтиёҷ набуд.

Пайдоиши синфҳо, моликияти хусусӣ ва давлат боиси ба вуҷуд омадани меъёрҳои ҳуқуқӣ гардид. Акнун синфи ҳукмрон ба воситаи дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ, ки "давлат" ном дошт, қонун ва меъёрҳои ҳуқуқро қабул менамуд. Иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ буд ва бо маҷбурияти давлатӣ таъмин карда мешуд. Алоқамандии зичи давлат ва ҳуқуқ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ҳамин тавр, давлат ва ҳуқуқ ба якдигар зич алоқаманданд.

Ҳуқуқ бо як қатор нишонаву аломатҳояш аз дигар қоидаҳои рафтор (масалан, меъёрҳои ахлоқ, воситаҳои таъсиррасонии идеологӣ ва ғайра) фарқ мекунад.

Якум, ҳуқуқ маҷмӯи қоидаҳои ҳатмии рафтори одамон мебошад. Вай аз меъёрҳои одоб ва ахлоқ, ки ихтиёран иҷро карда мешаванд, фарқ дорад. Ҳар гуна қоидаҳои рафтор меъёрҳои ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат муқаррар карда мешаванд ва иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Дуюм, ҳуқуқ низоми меъёрҳои ба ҳама баробар мебошад. Вай ба ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз мансабу вазифа, миллат, нажод, синну сол ва мансубияти синфиашон баробар тааллуқ дорад. Ҳамаи онҳо ухдадоранд, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро иҷро намоянд.

Сеюм, иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ бо маҷбурияти давлатӣ таъмин карда шудааст. Дар сурати ихтиёран иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ давлат ба вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқ таъсир мерасонад ва иҷрои онро ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбуран таъмин менамояд. Кафолати давлатии иҷрои ҳуқуқ дар ҳамин ифода меёбад.

Вобаста ба зербинои (базиси) иқтисодӣ ва иродаи кадом синфро ифода намуданаш ҳуқуқ ба навъҳои муайян ҷудо мешавад. Навъҳои таърихии ҳуқуқ бо навъҳои таърихии давлат мувофиқ мебошанд ва чунонки гуфтем, ба муносибатҳои истеҳсоль (зербино) вобастагӣ доранд.

Навъҳои таърихии ҳуқуқ чунинанд: навъи ҳуқуқи ғуломдори, феодалӣ, буржуазӣ ва сотсиалистӣ. Ҳар як навъи таърихии ҳуқуқ вобаста ба мазмуни синфӣ, зербинои иқтисодӣ ва рӯбинои сиёсии худ аз навъи дигар фарқ мекунад.

Дар ҳаёти воқеӣ ҳуқуқ вазифаи дорои хислати духеларо иҷро менамояд. Ҳуқуқ, аз як тараф, воситаи ҳукмронии сиёси буда, аз тарафи дигар, воситаи танзимкунандаи умумииҷтимоӣ, воситаи муқарраркунандаи тартибот дар ҷомеа мебошад. Аз ин ҷо, таъйиноти асосии ҳукуқ таъмини тартибот дар ҷомеа бо дарназардошти манфиатҳои гуногуни табақа ва гурӯҳҳо, бо роҳи ноил шудани ризоият ва созиш мебошад. Ҳамзамон, ҳуқуқ функсияҳои муайянро низ иҷро менамояд. Дар зери мафҳуми функсияи ҳуқуқ самтҳои асосии таъсири ҳуқуқ ба миён меояд, фаҳмида мешавад. Функсияҳои ҳуқуқро ба функсияҳои асосӣ ва иловагӣ ҷудо менамоянд. Функсияҳои танзимнамоӣ ва муҳофизатӣ функсияҳои асосии ҳуқуқ буда ба функсияҳои иловагӣ бошад, функсияҳои тарбиявӣ, идеологӣ, иттилоотӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Функсияи танзимнамоӣ барои батартибдарорӣ ва банизомоварии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои рафтори одамон равона карда шудааст. Ба воситаи функсияи мазкур ин ё он варианти рафтор муқаррар карда шуда, таъйиноти асосии ҳуқуқ, ки батартибдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, амалӣ карда мешавад. Функсияи муҳофизатӣ барои ҳифз ва ҳимояи муносибатҳои ҷомеа ҳаётан муҳим равона карда шудааст. Ҳуқуқ чунин муносибатҳоро дахлнопазир эълон намуда, муносибатҳои ба ҷамъият бегонаро махдуд ва барҳам медиҳад. Вазифаи ин функсия таъмини талаботи қонунҳо ва муқаррар намудани низоми қонуният дар ҷомеа мебошад.

Вазифаи функсияи тарбия дар таъсири ҳуқуқ ба ирода, шуури одамон ва тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба ҳуқуқ таҷассум меёбад. Ба ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани ғояи инсондӯстӣ, бартарии ҳуқуқ ва озодии инсон, инчунин, демократия мазмуни функсияи идеологиро ташкил медиҳад.

Функсияи иттилооти имкон медиҳад, ки одамон оид ба талаботе, ки доир ба рафтори шахс муқаррар менамояд, он , объектҳое, ки давлат муҳофизат менамояд, кадом рафтор ва амал ба ҷамъият фоидаовар ё бархилофи манфиати ҷамъият эътироф карда мешавад, огоҳ намояд.

Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ бо дарназардошти шароити ҳозира такмили танзими муносибатҳои ҳуқуқиро талаб менамояд. Бе инкишофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятй давлати ҳуқуқӣ бунёд кардан имкон надорад. Васеъ шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳимояи ҳаматарафаи ҳуқуқии онҳоро талаб мекунад. Дар баробари ин, дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ сурат мегиранд, ба осонӣ амалӣ намегарданд. Ин дигаргуниҳо дар назди ҳуқуқ талаботи нав ба нав мегузоранд. Хуқуқ бояд барои амалӣ гардидани онҳо шароити муътадил муҳайё намояд. Қонунҳои қабулшаванда барои ҳавасмандии моддии шаҳрвандоне, ки бо заҳмати ҳалоли худ ба натиҷаҳои ниҳоӣ сазовор мешаванд, бояд шароити мусоид фароҳам оранд. Дар ин самт ба ҳама гуна усулҳои идораи маъмурию фармондеҳи, ки дар соҳаи иқтисод вуҷуд доранд, хотима гузошта, мустақилият ва ташаббускории одамонро васеъ кардан ва дастгири намудан аз ҷумлаи заруратҳои замони нав аст. Чуиин талабот дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон зикр шудааст, ки мутобиқи он озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Давлати ҳукуқбунёд барои васеъшавии ҳуқуқҳои сиёсӣ низ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 18, 19 ва 20-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оид ба изҳори озодонаи фикр ва ақида, озодона дар маҷлисҳо ва иттиҳодияҳо ширкат намудан ва ғайра ифода шудаанд. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки ҳеҷ гуна ҳуқуқ бе уҳцадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ин принсип дар навбати худ масъулияти шаҳрвандонро дар бобати дарки оқибатҳои рафтори онҳо баланд мебардорад.