§2. Мавқеи судя дар мақомоти судӣ: тарзи интихоб, таъйин ва озодкуниву бозхонд.

§2. Мавқеи судя дар мақомоти судӣ: тарзи интихоб, таъйин ва озодкуниву бозхонд.

Судя шахси мансабдори давлатӣ буда, адолати судиро ба амал мебарорад. Аз ин сабаб Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26-уми июли соли 2014 нисбат ба хоҳишмандони вазифаи судя талаботи муайян гузоштаанд. Ин талаботҳо вобаста ба мақоми суд аз ҳамдигар тафовут доранд. Дар моддаи 8-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян шудааст, ки ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, забони давлатиро донад, синнаш аз 30 кам набошад ва беш аз 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, интихоб мешавад.

Тибқи моддаи 12-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбии гарнизонҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.

Судя бояд шоистаи номи худ бошад, яъне пеш аз ҳама, худаш қонунҳоро бечунучаро риоя кунад, аз ҳар гуна амалҳое, ки боиси паст шудани обрӯи ҳокимияти судӣ мегарданд, ҳазар намояд. Қонун ба вазифаи дигар машғул шудан, инчунин вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ё созмонҳои сиёсӣ будани судяро манъ кардааст. Ба фаъолияти соҳибкорӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шуданӣ судя мумкин нест. Муҳлати ваколати судяҳо дар ҳама зинаҳо 10 сол аст.

Тарзи интихоб ва таъйини судяҳо ба вазифаашон вобаста ба мақомоти суд аз ҳамдигар фарқ мекунад. Агар раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намояд, пас судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.

Судяҳо низ мисли дигар мансабдорони давлати аз вазифа озод ё бозхонд шуда метавонанд, инчунин онҳо ҳуқуқи ба истеъфо баромадан доранд. Сабабҳо гуногун шуда метавонанд, масалан, бо сабаби оилавӣ тағйир додани ҷоии истиқомат, аз ҳудуди кишвар баромада рафтан, ба кори дигар гузаштан, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд, бинобар вазъи бади саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок на кам аз 4 моҳ пайиҳам иҷро карда натавонистани вазифаи судягӣ, бедарак ғоиб шудан ё фавтида эълон намудан, ихтисор шудани шумораи судяҳо, вафоти судя, вайрон кардани қонунгузории меҳнатӣ, тамом шудани муҳлати ваколат, ошкор шудани номувофиқ будани судя ба вазифаи ишғолкардааш ва ғайра.

Тартиби бозхонд ё аз вазифа озод кардани судяҳо ба монанди ҳамон тартибест, ки онҳоро таъйин ва ё интихоб кардаанд. Масалан, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти мамлакат, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва озод карда мешаванд.

Қонун муайян кардааст, ки ҳар судя бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ҳангоми на камтар аз сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз бисту панҷ сол собиқаи кории судягӣ доштан, судяи Суди конститутсионӣ бошад на камтар аз сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ доштан, ҳуқуқ дорад ба истеъфо барояд. Барои судяи ба истеъфо баромада номи судя, кафолати дахлнопазирии шахси ва мансубият ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта мешавад ва дар ин бобат ба ӯ шаҳодатнома дода мешавад.

Реклама