Маҷлиси миллӣ — палатаи болоии Парламенти ҷумҳурӣ мебошад. Фаъолияти он ба монанди Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия мегузарад. Чунонки дар боло қайд кардем, фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ буда, соле на камтар аз 4 маротиба аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад. Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни канститутсионӣ "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" салоҳияти Маҷлиси миллиро ба таври зайл муайян кардааст:
1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тагйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин.
2. ва бозхонди Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент.
3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ.
4. Ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ.
5. Интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми фаъолияти Маҷлиси миллӣ ҳамин аст, ки он қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар сурати бо Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон, бекор мекунад.
Инчунин, Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иҷро накардани онҳо пароканда намояд.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ ба шумор меравад ва фаъолияти он мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Дастури Маҷлиси миллӣ сурат мегирад.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ чунин салоҳиятҳо дорад:
1. ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
2. таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
3. мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси милли;
4. таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон;
5. ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;
6. пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, қи Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;
7. таҳлили таклифу эродҳои аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯйи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор;
8. ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;
9. таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;
10. ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва аз ҷониби аъзои он самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян намудаанд.
Маҷлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад. Номгӯй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси милли бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муайян мекунад. Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ба муҳлати, салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ, бо овоздиҳии кушод ва тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд.
Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ низ таъсис медиҳад. Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳо аз тарафи Маҷлиси милли ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешавад.
Реклама