§1. Мафҳуми ҳокимияти иҷроия ва нақши он дар ҳокимияти давлатӣ

§1. Мафҳуми ҳокимияти иҷроия ва нақши он дар ҳокимияти давлатӣ

Мувофиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти иҷроия баъд аз ҳокимияти қонунгузор омадааст. Дар моддаи 9-уми Конститутсия омадааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Чунин таснифот асоси мустаҳками илмӣ дорад, яъне ҳокимияти иҷроия дар қиёс бо ҳокимияти қонунгузор характери зерқонунӣ дорад. Ҳама гуна фаъолият ва санадҳои мақомоти иҷроия бо қонун асоснок карда мешаванд ва набояд бо қонун мухолиф бошанд. Худи калимаи иҷроия маънои иҷро кардан ва анҷом додани амалеро дорад. Яке аз аломатҳои ҳокимияти иҷроия универсалӣ, ё худ куллӣ будани он аст. Яъне мақомоти ҳокимияти иҷроия дар тамоми қаламрави давлат, дар ҳама ҷо вуҷуд доранд ва онҳо маҳз бо ҳамин хусусияташон аз ҳокимияти қонунгузор ва судӣ фарқ мекунанд.

Ҳокимияти иҷроия неруи бузурге буда, аз мансабдорон, маъмурон, дастаҳои мусаллаҳ - артиш, мақомоти амният, милиса иборат аст. Ҳамин тавр, ҳокимияти иҷроия шохаи дувум ва зерқонунии ҳокимияти давлатӣ буда, қудрату тавоноии он ба таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои ҳокимияти қонунгузор равона шудааст. Ҳокимияти иҷроияро давлат ба воситаи Ҳукумат ва мақомоти он дар маҳалҳо амали мегардонад. Ҳукумат (Президент) роҳбарии олии сиёсӣ ва идораи корҳои ҷамъиятиро ба сомон мерасонад. Роҳбарии Ҳукумат метавонад дар ихтиёри як нафар - дар ҷумҳуриҳои шакли идоракуниашон президентӣ ё ин ки мақомоти коллегиалӣ (дастҷамъӣ) - дар ҷумҳуриҳои шакли идоракуниашон парламентӣ бошад.

Дар ҷумҳуриҳои президентӣ Ҳукумат аз гурӯҳи мушовирони сарвари давлат - Президент иборат буда, салоҳияти Ҳукумат аз салоҳияти сарвари давлат вобаста мебошад. Дар ҷумҳуриҳои парламентӣ бошад, Ҳукумат бо иштироки аъзои парламент ва бо тарзу усули хос ташкил карда мешавад.

Дар ин ҳолат Ҳукумат бояд аз ҷонибдории аксарияти аъзои Парламент бархурдор бошад. Ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мазмуну мундариҷаи аслиаш танҳо баъди қабули Конститутсияи соли 1994 ташаккул ёфт. Ҳоло чигунагии ҳокимияти иҷроияро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебароем.

Дар Конститутсия зикр шудааст, ки Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Шарҳи одии ин ҷумла ҳамин аст, ки Президент, чи дар дохили мамлакат ва чи дар сатҳи байналмилалӣ, намояндаи олии кишвар аст. Таъкид бояд кард, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатӣ танҳо ба Президент бор нашуда, дар амалӣ гардонидани онҳо дигар шохаҳои ҳокимият низ бо усулу воситаҳои ба худашон хос иштирок мекунанд. Президент ҳамоҳанги ва мураттабии фаъолияти ҳама мақомоти давлатиро таъмин мекунад. 

Президент намояндаи олии давлат аст ва ин ҳуқуқро ба ӯ халқ ба воситаи интихоботи умумӣ ва мустақим додааст. Дар самти ҳамкорӣ бо Парламент Сарвари давлат ваколатҳои зиёде дорад. Вай интихоботи Маҷлиси Олиро таъиин мекунад ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори дорад, лоиҳаи қонунҳоро метавонад барои баррасии такрорӣ баргардонад, қонунҳоро имзо кунад ва нашр намояд. Яъне Президент ба кори Парламент таъсири хеле фаъол мерасонад, вале онро иваз карда наметавонад, чунки ӯ қонун қабул карда наметавонад.

Санадҳои меъёрие, ки Президент қабул мекунад, набояд бо Конститутсия мухолиф бошанд. Президент дар соҳаи идоракунии давлат ваколатҳои хеле зиёд дорад. Вай Сарвазир, муовинони ӯ, вазирону раисони кумитаҳои давлатиро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад. Аммо барои маҳдуд кардани таъсир ва дахолати Президент ба Ҳукумат аз рӯйи принсипи "боздорӣ ва мувозинат" якчанд монеаҳо вуҷуд доранд.

Принсипи "боздорӣ ва мувозинат" барои он зарур аст, ки байни се шохаи ҳокимият мувозинат бошад, яке бар дигаре таъсири аз ҳад зиёд нарасонад, яке ҷойи дигарро ишғол накунад. Агар ҳамин принсип риоя нашавад, он гоҳ давлатҳои демократӣ зуд ба давлатҳои худкома ё тоталитарӣ ё ин ки яккаҳукмронӣ - авторитарӣ табдил меёбанд ва ҳокимияти халқӣ, ки асоси демократия аст, аз байн меравад.

Тавре ки гуфтем, Президент мувофиқи моддаи 69-уми Конститутсия Сарвазир, муовинони ӯ ва аъзои Ҳукуматро таъйин мекунад. Фармони Президент барои тасдиқ ба иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фиристода мешавад. Агар Парламент фармонро тасдиқ накунад Президент онро дубора мефиристад ва ё шахси дигарро таъйин мекунад. Бубинед, ки иродаи Сарвари давлат аз қарори дастҷамъонаи аъзои Парламент вобастагӣ доштааст. Ё худ мисоли дигар, парламент наметавонад, ки Президентро маҷбуран ба истеъфо фиристад. Вале ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки Президент аз нишондодҳои Конститутсия берун баромада метавонад.

Агар дар фаъолияти Сарвари давлат кирдори мухолифи Конститутсия ба мушоҳида расад, он гоҳ усули махсуси ба чавобгарӣ кашидан ва ба истеъфо фиристодани ӯ ба кор медарояд, ки дар ин сурат хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Мувофиқи моддаи 72-юми Конститутсия дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.