§3. Мундариҷаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

§3. Мундариҷаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ - шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса, муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.

Он аз дебоча, 10 боб, 100 модда ва муқаррароти интиқолӣ иборат аст.

Дар дебоча аз номи халқи Тоҷикистон қабул шудани Конститутсия зикр мешавад, ки комилан дуруст аст. Ин ҳуҷҷатро на гуруҳи одамон, балки аксари мутлақи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳони, яъне аз руйи талаботи ҷомеаи демократи бо мақсади бунёди ҷомеаи адо латпарвар қабул кардаанд.

Боби аввал "Асосҳои сохтори конститутсионӣ" ном дошта, аз 13 модда иборат аст. Дар ин боб хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат, рамзҳои давлати, масьалаҳои дахлнопазирии инсон ва шахрванд, соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, сохти марзиву маъмурии давлат, кафолати гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, чудо будани дин аз давлат, эътибори оль доштани Конститутсия ва мустақиман амал кардани меъёрҳои он, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва моликияти истисноии давлат муқаррар карда шудаанд.

Боби дуюми Конститутсия "Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд" ном дошта, дар он аз вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, роҳу усулҳои кафолати онҳо, мақоми конститутсионии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд сухан меравад. Ин боб бевосита амалӣ шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ намуда, муқаррар мекунад, ки онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, дар ин боб кафолати конститутсионии ҳуқуқи шаҳрванд барои иштироки бевосита ё бавосита дар ҳаёти сиёсию идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи шаҳрванд дар хусуси аз синни 18-солагӣ ширкат варзидан дар раъйпурсӣ ва интихобот зикр шудааст. Боби мазкур аз 34 модда иборат аст.

Боби сеюм "Маҷлиси Олӣ" ном дошта, аз 16 модда иборат мебошад. Дар он хусусиятҳои парламенти Тоҷикистон, роҳу усулҳои интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои аъзои Парламент ва вазъи ҳуқуқии онҳо, шаклҳои фаъолияти ҳар яке аз палатаҳои Парламент, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани маҷлисҳои якҷоя, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, роҳу равиши қабули қонунҳо ва ҷараёни қонунгузорӣ, инчунин, дигар масьалаҳои вобаста ба фаъолияти қонунгузории Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудаанд. Дар ин боб, инчунин, тартиби додани тафсири расмии Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Боби чаҳорум "Президент" аз 9 модда иборат буда, ба вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) бахшида шудааст. Чунончи, дар боби мазкур талабот нисбат ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби интихоб, ба вазифа шурӯъ намудан ва матни савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст.

Боби панҷум "Ҳукумат" масъалаҳои сохтор, тарзи фаъолият, ваколат ва мавқеи Ҳукуматро дар низоми ҳокимияти давлатӣ дар бар гирифта, аз се модда иборат аст. Дар ин боб тартиби таъйини аъзои Ҳукумат ва талабот нисбат ба он пешбинй шуда, аз ҷониби аъзои Ҳукумат доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъ будани машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ муқаррар шудааст.

Боби шашуми Конститутсия "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ" вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар бар гирифтааст. Дар боби мазкур фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, ки ба иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, пешбини шуда, асосҳои пароканда намудани Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муқаррар шудааст. Ин боб аз панҷ модда иборат аст.

Дар боби ҳафтум "Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон", ки се моддаро дар бар мегирад, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудааст. Хусусиятҳои хоси боби мазкур аз он иборат аст, ки Конститутсия танзими салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро ба қонуни алоҳидаи конститутсионӣ ҳавола кардааст. Ҳамчунин Конститутсия дар ин боб қисми таркибӣ ва ҷудоинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро муқаррар карда, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи вилояти зикрщуда пешбинӣ намудааст.

Боби ҳаштуми Конститутсия "Суд" ба яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ - суд бахшида шудаааст ва аз 9 модда иборат мебошад. Дар ин боб принсипҳои муҳимтарини адолати судӣ, сохтори низоми ҳокимияти судӣ, фаъолият ва муҳлати ваколати судяҳо, шартҳо ва қоидаҳои интихоб ва таъйин кардани судяҳо ба мақомоти гуногуни судӣ, савганд ёд кардани судяҳо баъди интихоб ва таъйин шудан, салоҳияти Суди конститутсионӣ ва масъалаҳои марбут ба дахлнопазирии судяҳо инъикос ёфтаанд. Ҳамчунин, дар ин боб кафолати конститутсионии истифода бурдани шаҳрвандон аз ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳалаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ инъикос гардидааст.

Боби нуҳуми Констшпутсия "Прокуратура" ном дорад. Ба мақомоти прокуратура бахшида шудани боби алоҳида шаҳодати мавқеи хоси он дар бобати таҳкими қонуният мебошад. Дар ин боб аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокуророни тобеи ӯ ба амал баровардани ваколати муҳим, яъне назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, инчунин, тартиби таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва прокуророни тобеи ӯ муқаррар шудааст.

Боби даҳуми Конститутсия "Тартиби тагйири Конститутсия", ки аз се модда иборат мебошад, тартиби пешниҳод ва ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба он дар бар мегирад. Раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва пешрафти давлатро бо дарназардошти хусусияти дунявӣ ва иҷтимоии он моддаи садуми Конститутсия кафолат дода, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад.

Ниҳоят, "Муқаррароти интиқолӣ" тартиби эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани тағйиру иловаҳои ба Конститутисяи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо фаро гирифтааст.

Маълумоти мухтасар оид ба бобҳои Конститутсия мувофиқан дар мавзӯъҳои 8,9,10,11,12 ва 13 китоб пешниҳод карда мешавад.

Реклама