МУҚАДДИМА

МУҚАДДИМА

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуд ва ҳамчун давлати соҳибистнқлол соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гашта, бо ҳамин ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ пайваст гардид.

Аммо фаромӯш набояд кард, ки ин давлати тозабунёд дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомада, балки таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад. Ҳанӯз дар замони салтанати Ҳахоманишиён нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби Куруши Кабир қабул шуда буд, ки муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсониро дар бар мегирифт. Моли касеро зӯран нагирифтан, касеро ғулом накардан, мувофиқи кор музд гирифтан ва монанди инҳо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи инсон ё худ меъёрҳои ҳуқуқие буданд, ки ҷомеа тавассути онҳо идора мешуд.

Охирин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён сохти давлатдории барои ҳамон замона хеле пешрафта дошт, лекин дар натиҷаи мухолифатҳон дохилӣ ва таҳти таъсири як қатор омилҳои дигар аз байн рафт. Миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ бо шарофати истиқлолият дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардид. Ҳоло Тоҷикистон дар шароити тамоман нави таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад. Давлати мо тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ аз буҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ - зиддияту низои дохилӣ ва мушкилоти вазнини иқтисодӣ барояд ва имрӯз ба як давлате табдил ёбад, ки дар он низоми ҳуқуқии хеле мутараққӣ ва муосир амал мекунад.

Воқеан, дар ташаккули давлатдории навини мо омили ҳуқуқ нақши ҳалкунанда бозид. Соли 1994 нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва бо ҳамин таҳкурсии ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ гузошта шуд. Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин, бо тақозои меъёрҳои хуқуқи пешрафтаи ҷаҳон ба Конститутсия се маротиба, солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва ҳоло Конститутсияи Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои демократитарини ҷомеаи ҷаҳонист.

Баъди таъсис ёфтани парламенти дупалатагӣ - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонунҳои зиёде қабул шудааст, ки онҳо амалан ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи моро танзим мекунанд. Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи худ уҳдадор шудааст, ки меъёрҳои байналмилалии Тоҷикистон эътирофнамудаашро эҳтиром менамояд, яъне санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ акнун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвари моро ташкил медиҳанд.

Мулоҳизаҳои болоӣ моро ба як хулоса меоранд, ки он хеле муҳим аст: омили асосии пешрафти на фақат давлати мо, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон - ташаккули низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҳамаи одамон тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳпшрам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазифаҳои аввалиндараҷаи қонун дар самти ташаккули ҷомеа ибрози андеша намуда, қайд намуданд"Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судмандро ба харҷ дода истодааст.

Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатй, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд".

Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шахрвандиро мақсади ояндаи инкишофи худ қарор додааст. ки дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузург дорад. Мақз аз ин рӯ, азхуд кардани асосҳои ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дониши ҳуқуқӣ танҳо ба онҳое зарур аст, ки аз рӯйи касб фаъолият мекунанд, яъне ҳуқуқшиносанд. Ин андсша комилан ғалат аст. Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандин ҳар як шахс, нишонаи фарҳанг ва нерӯи ақлонии ҳар як шаҳрванд мебошад. Баръакс, надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бефарқӣ нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худи одам ба ҳисоб меравад.

Дар қисми 2 моддаи 42-юми Конститутсия беҳуда сабт нашудааст, ки "Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад". Ин меъёри конститутсионӣ моро ӯҳдадор месозад, ки қонунро донем ва онро риоя намоем.

Хонандаи азиз! Китобе, ки шумо дар даст доред, муҳимтарин масъалаҳо ва мафҳумҳои илми асосҳои давлат ва ҳуқуқро аз пайдоиши он то ба инкишофи имрӯзаи давлат дар бар мегирад. Ба таври ҷидиӣ азхуд кардани мавзӯъҳои китоби мазкур ба шумо имкон медиҳад, ки донишу саводи ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандии худро баланд бардоред ва ҷаҳонбиниатонро васеъ гардонед.

Орзу дорем, ки шумо оид ба давлат ва ҳуқуқи кишвари худ эҳтиром зоҳир намуда, ҳар як савол ва мавзӯъро хуб аз худ мекунед ва баҳри мустаҳкам намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми худро мегузоред.