Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлати, аз ҷумла Парламент ва мақомоти судӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Алоқаи Ҳукумат бо Мачлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар фаъолияти қонунгузорӣ иштирок мекунад, яъне аз хукуқи ташаббуси қонунгузорӣ бархурдор аст. Ин ҳукуқ дар чунин шаклҳо амалӣ мешавад: яқум, пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нав; дуюм, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷорӣ; сеюм, пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро таклифи қонунгузорӣ низ меноманд.
Инчунин, аъзои Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои якҷояи Мачлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҷаласаҳои алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо иштирок кунанд ва суханронӣ намоянд.
Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Миёни ин ду шохаи ҳокимият нигоҳи талаботи давлати демократӣ набояд ҳеҷ гуна дахолат ва таъсиррасони вуҷуд дошта бошад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ низ танҳо дар асоси қонунҳо бо Ҳукумат ҳамкорӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шудаанд ва чунонки воқеияти имрӯзаи иҷтимоию сиёсии кишварамон гувоҳи медиҳад, инкишофи озодонаи ҳар гуна иттиҳодияҳои шаҳрвандон, муассисаҳои ғайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои ҷамъияти, маҳфилҳои касбӣ ва ассотсиатсияҳо танҳо ба манфиати пешрафти мамлакат хизмат мекунад Иттиҳодияҳои ҷамъияти ҳуқуқи комил доранд, ки дар асоси қонун ба фаъолияти Ҳукумат таъсир расонида, ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои фаъолияти он мусоидат кунанд. Ин гуна ҳамкори дар шакли пешниҳодоти гуногун ба мақомоти ҳокимияти иҷроия сурат мегирад.
Саволҳо:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом шохаи ҳокимияти давлати дохил мешавад?
2. Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро кадом мақомот ҳуқуқи таъйин кардан дорад?
3. Ваколатҳои Ҳукуматро тибқи Конститутсия номбар намоед.
4. Мувофиқи қонун аъзои Ҳукумат кадом амалҳоро иҷро карда наметавонанд?
5. Сохтори Ҳукумат чӣ гуна аст?
6. Нақши Раёсати Ҳукумат дар сохтори Ҳукумат чӣ тавр аст?
7. Ваколатҳои Сарвазирро номбар намоед.
8. Фаъолияти Ҳукуматро ғайр аз Конститутсия боз кадом қонун ба
9. танзим медарорад?
10. Салоҳияти Ҳукумат кадом соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро мегирад?
11. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумат чӣ гуна сурат мегирад?
12. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат кадом аст?
13. Санадҳои Ҳукуматро номбар кунед.
14. Муносибати Ҳукуматро бо дигар шохаҳои ҳокимият шарҳ диҳед.
Реклама