Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ - сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 700 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 350 км тӯл кашидааст. Дар шимол Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қисман бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҷанубу шарқ дар тӯли 430 км бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 1030 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳазор километри мураббаъ буда, 93 дар сади онро кӯҳсор ва танҳо 7 дарсадашро водиҳо ташкил медиҳанд.
Аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 8 млн. нафар ва пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист ва беш аз 70 дарсади аҳолии кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд. Шакли идоракунии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, сарварии давлатро Эмомалӣ Раҳмон ба ухда дорад, ки аз тарафи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ интихоб гардидааст.
Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби беш аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии 23 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодҳои тахассусии СММ, созмойҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд.
Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.
Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ - "ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ" сабт гардид. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба сӯйи мустақилияти комил буд.
Бо вуҷуди он, ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва сарватҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва суди баён гардид.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамонвақтаи ИҶШС - шаҳри Москва, рух додани табаддулоти давлатӣ бо номи "ГКЧП" (Кумитаи давлатии вазъи фавқулода) ва шикасти он ҳама ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи ИҶШС- ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ аз 9- уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шӯрои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд.
Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.
Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии Эъломияи Истиқлолияти давлатии ҶТ ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд:
- ҳукмравоии Конститутсия ва қонунҳои ҶТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
- моликияти давлатии ҶТ эълон шудани ҳама корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва дигар амвол.
Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мекунад ва ин рӯз тибқи қонун рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Маънии Истиқдолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: "Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад".
Реклама