Давлат фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун ба амал мебарорад. Фаъолияти ҳар як давлат баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳое, ки дар ин ва ё он марҳалаи инкишоф дар назди худ мегузорад, равона шудааст. Фаъолияти давлат самтҳои зиёд дорад ва соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаву бахшҳоро дар бар мегирад. Самтҳои фаъолияти давлат, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои иқтисодй, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ равона карда шудаанд, функсияҳои давлатро ташкил медиҳанд. Функсияҳои давлат ниҳоят гуногун буда, ҳамаи онҳо якҷоя ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1. Дохилӣ. 2. Берунӣ.
Функсияҳои дохиливу берунии давлатро сиёсати дохилӣ ва берунӣ ё хориҷӣ низ меноманд.
Равиши фаъолияти давлат дар дохили мамлакат функсияи дохилии давлат мебошад ва он накши давлатро дар амалӣ гардонидани сиёсати дохилии мамлакат ифода менамояд. Функсияҳои дохилии давлат аз функсияҳои хоҷагидорию ташкилотчигӣ, фарҳангию тарбиявӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, андозбандӣ ва назорати молиявӣ иборат мебошад. Функсияи дохилии давлат бо функсияи берунии он алоқамандии зич дорад. Сиёсати берунии давлат дар айни замон давоми сиёсати дохилии он мебошад.
Ба давлат функсияҳои зерини берунӣ хос мёбошад: муҳофизати мамлакат, мубориза барои сулҳ, ёрии байниҳамдигарӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ҳамроҳшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои глобалии ҳозиразамон, дастгирии тартиботи ҷаҳонӣ ва ғайра.
Функсияҳои давлат вобаста ба тараққиёти мамлакат инкишоф меёбанд. Амалӣ гардидани онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат боиси пешрафт ва мустаҳкам шудани иқтидори ҳар як давлат мегардад, зеро ба воситаи онҳо вазифа ва мақсадҳои давлат амалӣ карда мешаванд. Масалан, бо амалӣ гардидани функсияи ташкили корҳои хоҷагидорӣ вазифаҳои ташкил кардани истеҳсолот ва танзими иқтисодиёт, бо мақсади гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ба тартиб дароварда мешавад.
Нақш ва мавқеи давлат дар ҳаёти фарҳангию тарбиявӣ низ меафзояд, зеро барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд на фақат пешрафти иқтисодӣ, балки маданияти баланди маънавии шаҳрвандонро низ талаб менамояд. Функсияи мазкур тарбияи одамонро дар рӯҳияи муносибати софдилона ба меҳнат, эҳтироми шаклҳои гуногуни моликият, ватандӯстӣ, маърифати баланд ва амсоли инҳоро таъмин мекунад.
Функсияи иҷтимоӣ мазмуни гуногун дошта, доираи васеи проблемаҳоро дар бар мегирад, вале таъйиноти асосии он дар таъмини беҳбудии ҷамъияти ифода меёбад. Барои ин давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки кафолати шуғли аҳолии қобили меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шахсонеро, ки ба дастгирии давлат муҳтоҷанд, аз ҷумла маъюбон, мӯйсафедон, оилаҳои серфарзанд, бекорон ва ғайраҳоро таъмин намояд.Функсияи иҷтимоӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилот, илм, фарҳанг ва саломатии шаҳрвандон дар бар мегирад. Дар ин ҷо функсияи иҷтимоӣ дар шакли дастгирии давлатии муассисаҳои таҳсилотӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода мешавад.
Дар ҳалли вазифаҳои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд функсияҳои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши калон мебозанд. Ин функсия бо дигар функсияҳои давлат алоқамандии зич дошта, барои мустақилона ба амал баровардани онҳо ҳаматарафа мусоидат менамояд. Давлат ба воситаи ҳуқуқ вазифаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологии худро дар ҳаёт татбиқ мекунад. Меъёрҳои ҳуқуқиро қабул карда, иҷрои онҳоро ба воситаи механизми давлатӣ таъмин менамояд. Механизми давлатӣ низоми мақомоти гуногуни давлатӣ мебошад, ки ба воситаи онҳо иҷрои вазифа ва мақсадҳои давлат амалӣ гардонида мешавад. Ба мақомоти давлатӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ), мақомоти идоракунии давлатӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти иҷроия), мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти маҷбуркунӣ (артиш, милиса, амният) дохил мешаванд, ки ба воситаи онҳо ҳукмронии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеологии давлат таъмин карда мешавад.
Саволҳо:
1. Давлат кай ба вуҷуд омад?
2. Кадом шаклҳои пайдоиши давлатро медонед?
3. Моҳияти давлат дар чӣ ифода меёбад?
4. Фарқи давлат аз ҷомеаи ибтидоӣ дар чист?
5. Нишонаҳои давлат кадомҳоянд?
6. Давлат чист?
7. Навъҳои таърихии давлат ва моҳияти онҳо аз чӣ иборат аст?
8. Шаклҳои идоракунии давлатро номбар намоед.
9. Давлати президентӣ чист?
10. Давлати парламентӣ чист? .
11. Вобаста ба сохти худ давлатҳо ба кадом навъҳо ҷудо мешаванд?
12. Низоми сиёсӣ ва намудҳои онро фаҳмонида диҳед.
13. Д ар бораи самтҳои фаъолияти дав лат маълумот диҳед.
14. Функсияи ҳокимияти давлатӣ чист?
15. Ба функсияҳои дохилии давлат кадом функсияҳо дохил мешаванд?
16. Ба функсияҳои берунии давлат кадом функсияҳо дохил мешаванд?
Реклама