§4. Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқӣ ва таркиби он

§4. Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқӣ ва таркиби он

Доираи гуногуни муносибатҳои ҷамъиятие мавҷуд аст, ки инсон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо онҳо сарукор дорад. Ин муносибатҳо дар байни табақаҳо ва гурӯҳҳои одамон оид ба муҳокимаи масъалаҳои мухталифи ҳаёт ба вуҷуд меоянд. Вале на ҳамаи ин муносибатҳоро ҳуқуқ ба танзим медарорад. Масалан, муносибатҳои байни табақаҳо, муҳокимаи бозии футбол дар байни мухлисон, эҳтироми якдигар ва амсоли инҳо аз тарафи ҳуқуқ ба танзим дароварда намешаванд. Ҳамаи ин муносибатҳо кори шахсии шаҳрвандон мебошад. Агар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо меъёрҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда шаванд, он гоҳ онҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ номида мешаванд.

Муносибатҳои ҳукукӣ аз субъект, мазмун ва объект иборатанд. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳукукӣ, ки дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мебошанд, субъекти муносибатҳои ҳукукӣ мебошанд. Ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ шахрвандон, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва давлат дохил мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ бошанд.

Ба монанди ҳамаи дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ муносибатҳои ҳуқуқӣ низ натиҷаи фаъолияти бошууронаи инсон мебошанд. Алоқаҳои ҳуқуқӣ дар байни одамон бошуурона муқаррар карда мешаванд. 

Иштирокчиёни онҳо дорои ҳуқуқ мебошанд. Дорои ҳуқуқ будани иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дар навбати худ онҳоро вазифадор менамояд, ки уҳдадориҳои муайянро ба ҷо оварданд. Дорои ҳуқуқ ва уҳдадорӣ будан мазмуни муносибатҳои ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Масалан, шаҳрванд барои тамошои консерт дар театр билет харид. Ин рафтори ӯ маъмурияти театрро уҳдадор менамояд, ки ба шаҳрванд ҷойи нишаст ва тамошои консертро таъмин намояд ва дар навбати худ шаҳрванд уҳдадор аст, ки қоидаҳои дар театр муқарраркардашударо риоя кунад. Аз ҷумла сари вақт вориди театр шавад, зеро дар сурати ба тамошо дер омадан ҳуқуқ надорад талаб намояд, ки консерт аз нав сар карда шавад. Дар сурати вориди тамошогоҳ шудан шаҳрванд уҳдадор аст, ки интизоми дохилиро риоя намояд, бо рафтори худ ба дигар тамошобинон ва рафти консерт халал нарасонад. Дар акси ҳол маъмурият метавонад ӯро аз толори консерт берун созад ё дигар навъи ҷазоро вобаста ба рафтори нодурусташ раво бинад.

Тавре ки дида мешавад, аксари муносибатҳое, ки дар байни шаҳрванд ва маъмурияти театр ба вуҷуд меоянд, муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд: Шаҳрванд ҳуқуқҳои муайянеро соҳиб мешавад, ки онҳоро давлат муҳофизат менамояд. Дар баробари ин, ӯ вазифадор мешавад, ки уҳдадориҳои муайянро ба ҷо орад.

Чунин муносибатҳои ҳуқуқӣ дар байни мактаббачагон ва мактаб низ ба вуҷуд меоянд. Ҳар як мактаббача ваколатдор аст, ки уҳдадориҳои муайянро иҷро намояд. Ӯ бояд амволи мактабро эҳтиёт кунад. Агар вай амволи мактабро шиканад, аз кор барорад, падару модараш вазифадор мешаванд, ки маблағи онро ҷуброн намоянд.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ на танҳо дар байни шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба вуҷуд меоянд. Ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва умуман давлат низ иштирокчиёни онҳо шуда метавонанд. Дар байни ташкилотҳо оид ба муомилоти мол, расонидани хизматрасонӣ, иҷрои кор ва амсоли инҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳамин тариқ, дар байни субъектҳои ҳуқуқӣ доир ба ягон мол, молу мулк ва дигар ашё муносибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Воситаҳои истеҳсолот, ашё ва маҳсулоти истеъмолӣ, пул, хизмат, қоғази қиматнок, сирри тиҷоратӣ, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ (ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф) ва амсоли инҳо объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд.

Шахсоне, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро вайрон намекунанд, бо рафтору кирдори худ боиси эҳтироми дигарон мебошанд, низ дар фаъолияти худ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ дохил мешаванд ва дар доираи муҳити муносибатҳои ҳуқуқӣ кору фаъолият мекунанд. Вале аксарияти онҳо чунин рафтори худро бевосита пай намебаранд. Зеро рафтори онҳо дар доираи қонунгузорӣ буда, бо манфиатҳои Шахсони дигар ва ҷомеа мувофиқ мебошад.

Реклама