§3. Салоҳияти Ҳукумат ва шаклҳои фаъолияти он

§3. Салоҳияти Ҳукумат ва шаклҳои фаъолияти он

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби панҷум пурра ба Ҳукумат бахшида шудааст ва моддаи 75-уми ин 666 салоҳияти Ҳукуматро дар бар мегирад. Дар ин модда гуфта мешавад, ки "Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисоди ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд".

Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, роҳбарии самараноки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин мекунад, низоми мақомоти ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ мекунад, барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро таъмин мекунад (моддаи 13).

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиёт, буҷет, молия, пул, қарз ва андоз, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист, таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва соҳаҳои дигарро дар бар мегирад (моддаҳои 14-22).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад. Муовинони вазирҳо, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони кумитаҳо ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ ва муассисаҳоеро, ки дар санадҳои меъёриву ҳукуқӣ пешбинӣ шудаанд, ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад, аъзои мушовараи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идораи давлатиро тасдиқ мекунад. Ҳукумат инчунин, ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ кардааст, амалӣ мегардонад. Баъзе ваколатҳои худро, агар онҳо ваколатҳои истисноӣ набошанд, ба ихтиёри дигар мақомоти иҷроия вомегузорад. Дар доираи маблағи дар буҷет муқарраргардида сарраёсатҳо, кумитаҳо ва комиссияҳо, бозрасиҳои давлатӣ ва дигар мақомоти назди худро таъсис медиҳад.

Ҳукумат низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти иҷроияи худро тасдиқ намуда, сохтори онҳоро муайян ва маблағи заруриро ҷудо намуда, фаъолияти онҳоро назорат мекунад.

Салоҳияти Ҳукумат бо салоҳияти Президент алоқаманд буда, ба шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мансуб будани онҳоро нишон медиҳад.

Ҳукумат инчунин, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад, яъне лоиҳаи қонунҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлисҳои он мебошад. Маҷлиси Ҳукумат моҳе камаш як маротиба гузаронида мешавад ва дар ҳолате салоҳиятнок ҳисоб мегардад, ки агар дар он камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта бошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҷлисҳои пӯшида низ гузаронад.

Маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат ё бо супориши ӯ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Фаъолияти Ҳукумат мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи он, ки дар таҳияи онҳо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, амалӣ гардонида мешавад. Ба накшахои кори Ҳукумат мувофиқи таргибе, ки Дастури Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тағйироту иловаҳо даровардан мумкин аст.

Доир ба масъалаҳои ба баррасии Ҳукумат пешниҳодшаванда аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо лоиҳаи қарорҳои (фармоишҳои) Ҳукумат ва маводи барои қабули ин санадҳо заруриро пешниҳод менамоянд. Дар ташкили маҷлисҳои Ҳукумат нақши Раёсати он калон буда, масъалаҳое, ки барои баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумат таҳия мегарданд, пешаки дар маҷлиси Раёсати Ҳукумат муҳокима карда мешаванд. Раёсати Ҳукумат доир ба рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумат қарор қабул менамояд. Дар маҷлисҳои Ҳукумат ҳамаи масъалаҳои мавриди салоҳияти он ҳаллу фасл мегарданд ва қарорҳои Ҳукумат фақат дар маҷлис қабул карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 74- уми Конститутсия ва қонунҳои мамлакат қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад. Қарорҳо аз рӯйи масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷори дар шакли фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Ба қарору фармоишҳо Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад. Қарору фармоишҳои Ҳукумат дар сурати бо Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ набуданашон метавонанд аз тарафи Президент ё Суди конститутсионӣ бекор карда шаванд ё амали онҳо боздошта шавад. Аз болои қарорҳои Ҳукумат шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси қонун ба суд шикоят намоянд.

Дар қарорҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд, муҳлати эътибор пайдо кардаии онҳо нишон дода шуда, дар ҳолатҳои дигар бошад, онҳо ва аз ҷумла фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба имзо расиданашон эътибор пайдо мекунанд. 

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" таркиби ташкили фаъолият, таҳия ва қабули қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистонро Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. 

Дар ҳолатҳои зарури танҳо бо иҷозати Раиси Ҳукумат аз рӯйи масъалаҳои алоҳида бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумат дар асоси тартиби муқарраргардида метавонанд қарорҳои Ҳукумат қабул карда шаванд.

Реклама