§2. Тарзи ташкил, сохтор ва таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

§2. Тарзи ташкил, сохтор ва таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавре ки дар мавзӯи пешина қайд карда будем, Ҳукумати Тоҷикистон мақоми олии ҳокимияти иҷроия буда, роҳбарии бевоситаи он ба уҳдаи Президент ва ҳамзамон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Мувофиқи моддаи 73-юми Конститутсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ба зиммаи Ҳукумат вазифаҳои ниҳоят сершумор вогузор шудаанд, ки ҳамаи онҳоро номбар кардан гайриимкон аст. Ҳама гуна муваффақият ва норасоиҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ба амал меоянд, ба фаъолияти Ҳукумат вобаста мебошад. Масалан, кори нақлиёт, вазъи сохтмон, таҳсил, тандурустӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва садҳо масъалаи дигар. Бо вуҷуди ин, дар Конститутсия ба таври умумӣ чунин вазифаҳо ҳамчун салоҳияти бевоситаи Ҳукумат муайян карда шудаанд:

- Роҳбарии самаранок ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

- Иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.

Робитаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президент хеле зич буда, он танҳо дар муҳлати ваколати Президент фаъолият мекунад. Ҳукумат ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро то тасдиқ шудани хайти нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

Ҳукумат дар ҳолати ғайриимкон будани иҷрои фаъолияти худ метавонад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истеъфо баромадан муроҷиат намояд. Ҳар як узви Ҳукумат низ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан дорад.

Дар Қонуни конститутсионни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" 12 майи соли 2001 номгӯйи фаъолияте, ки ба иҷрои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест, муайян карда шудааст (моддаи 11).

Мувофиқи қонуни номбурда узви Ҳукумат ба иҷрои чунин амалҳо ҳуқуқ надорад: 

- вакили мақомоти намояндагӣ бошад;

- вазифаи дигарро иҷро кунад;

- шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;

- ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ бо дигар фаъолияти музднок ҳуқуқ надорад;

Қонуни мазкур инчунин, муайян кардааст ки узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад аз восита техникӣ, молиявӣ ва иттилоотии хизматӣ бо мақсадхои ғайрихизматӣ истифода намояд, барои осори нашршуда ва суханрониҳои ҳуд, ҳамчун узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам гирад. Узви Ҳукумат вазифодор аст, ки ҳангоми ба вазифа таъйин шудан мутобиқи қонунҳо дар бораи даромад ва молумулкии худ маълумот пешниҳод намояд.

Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Ҳукумат нақши муҳим дорад. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи таркибии Ҳукумат аст ва мувофиқи моддаи 24-и Қонуни номбурда барои пешакӣ тайёр кардани масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. баррасӣ мегарданд, ҳамчун мақоми машваратӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати Раёсат аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ иборат аст. Маҷлисҳои Раёсати Ҳукуматро Сарвазир ва ҳангоми набудани ӯ муовини якуми Сарвазир мегузаронад. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рузномаи маҷлиси Ҳукумат қарорҳо қабул мекунад.

Мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар ташкили фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни номбурда пешбинӣ шудааст. Бо супориши Раиси Ҳукумат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Ҳукуматро ташкил мекунад, яъне вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони худаш тақсим мекунад, маҷлисҳои Раёсати Ҳукуматро мегузаронад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва созишномаҳои байниҳукуматиро имзо менамояд, доир ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад, инчунин ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, иҷро мекунад. Ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якум иҷро менамояд. Тартиби баррасии масъалаҳо дар Раёсати Ҳукумат дар боби чоруми Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумат аз 7-уми сентябри соли 2001 тасдиқ шудааст, муқаррар гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи саривақтии санадҳои Ҳукумат, назорат аз болои иҷрои қарорҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои Давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад.

Қонун ваколатҳои муовини якум ва муовинони Сарвазирро муқаррар кардааст. Онҳо мувофиқи тақсими вазифаҳо фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва дигар мақомоти идораи давлатии мамлакатро танзим намуда, ба фаъолияти онҳо назорат мекунанд, ба онҳо барои иҷрои қарору фармоишҳои Ҳукумат ва доир ба дигар масъалаҳои фаъолияташон супоришҳои фаврӣ медиҳанд.

Дар ташкили кори Ҳукумат ва ба амал баровардани ваколатҳои он ҳиссаи аъзои Ҳукумат низ калон аст. Онҳо ҳам ба соҳаҳое, ки худашон роҳбарӣ мекунанд ва инчунин, ба кори умумии Ҳукумат масъуланд. Аъзои Ҳукумат дар баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат иштирок карда, ҳуқуқи ба муҳокимаи маҷлиси Ҳукумат масъала гузоштан доранд, метавонанд лоиҳаи қарорҳои Ҳукуматро таҳия кунанд, лоиҳаи санадҳои қонунгузориро таҳия карда, ба муҳокимаи маҷлиси Ҳукумат пешниҳод намоянд. 

Реклама