§1. Мафҳумҳои ҳокимияти суди ва адолати судӣ.Принсипҳои адолати судӣ

§1. Мафҳумҳои ҳокимияти суди ва адолати судӣ.Принсипҳои адолати судӣ

Чи тавре ки дар мавзӯъҳои гузашта қайд намуда будем, ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се шохаи мустақил - қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад ва ҳар яке аз онҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо бо тарзу усули муайян вазифаҳои ба худ хосро иҷро менамоянд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун навъи мустақили ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат масъул аст.

Таҷрибаи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудани ҳақиқати воқеӣ ва беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Мо дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки дар натиҷаи поймол кардани қонунҳо ва содир намудани қонуншиканӣ ашхоси гуногун ба ҷазоҳои ба кирдорашон сазовор кашида мешаванд. Нуқтаи охиринро дар муайян кардани асли кирдор ва ҷазо барои он танҳо суд мегузорад.

Ҳамин тавр, суд на танҳо манфиати шахси алоҳида ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар маҷмӯъ, онро адолати судӣ мегӯянд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти суд аз ҳар гуна фишору дахолати сохторҳои давлатӣ озод буда, судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯйи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон чустуҷӯ ва дарёфт кунанд.

Конститутсия аниқ муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ин мулоҳиза чунин маънӣ дорад, ки ягон мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро надоранд. Хонандагони азиз ба хубӣ дарк кардаанд, ки дар давлати ҳуқуқбунёд ягон мақомот ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ, худ аз худ амал карда наметавонад. Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ қарор доранд, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26-уми июли соли 2014 қабул шудааст, ки роҳнамои фаъолияти мақомоти суд мебошад.

Ҳам дар Конститутсия, ки боби 8-уми он пурра ба суд бахшида шудааст ва ҳам дар қонуни конститутсионии мазкур принсипҳои адолати судӣ муқаррар шудаанд. Принсип гуфта, усулҳои асосии роҳбарикунандаро дар ин ё он навъи фаъолият меноманд. Дар Конститутсия зикр шудааст, ки адолати судиро танҳо мақомоти суд - Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Зери мафҳуми "адолати судӣ" чиро фаҳмидан мумкин аст? Адолати судӣ ба маънои васеаш ҳамин аст, ки судҳо меъёрҳои ҳуқуқиро нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯйи парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ менамоянд.

Баробарии шаҳрвандон сарфи назар аз насабу нажод, вазъи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб ва навъи машғулият дар назди суд яке аз принсипҳои асосии фаъолияти суд ба шумор меравад. Яъне дар истифода аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ва бетабаият низ баробар мебошанд.

Принсипи дигар - мустақилияти пурраи судҳо мебошад. Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ, ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, ҷавобгари барои беэҳтиромӣ ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.

Принсипи сеюм — ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо муҳокима шудани парвандаҳо аз тарафи судҳо мебошад. Ба таври дастаҷамъӣ ё худ танҳо баррасӣ шудани парвандаҳо ба чигунагии парванда ва ҷинояти содиршуда вобастагӣ дорад. Масалан, агар парванда - парвандаи гражданӣ бошад, онро як худи судя баррасӣ мекунад, вале агар барои ҷинояти содиршуда қонуни ҷиноятӣ зиёда аз 5 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кунад, он гоҳ дар баррасии парванда баробар бо судя ду машваратчӣ низ иштирок мекунанд.

Принсипи чорум забони мурофиаи судӣ мебошад. Дар моддаи 88-уми Конститутсия ин масъала ҳал шудааст, яъне дар он гуфта мешавад, ки мурофиаи судӣ ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Ошкоро сурат гирифтани баррасии парвандаҳо дар тамоми судҳо принсипи панҷуми адолати судӣ мебошад. Аммо қонун муайян кардааст, ки дар баъзе ҳолатҳо мурофиа метавонад пӯшида гузарад, лекин қарор ё ҳукмномаи суд дар ин маврид ошкоро эълон карда мешавад. 

Танҳо суд қодир аст, ки баъди мурофиаи судӣ шахсро гунаҳкор ё бегуноҳ эътироф кунад. Дар таҷрибаи судии кишвари мо борҳо ҳодисаҳое шудаанд, ки суд ин ё он шахсро баъд аз ҳаматарафа баррасӣ намудани парвандаи ӯ бегуноҳ эълон кардааст. Чунин ҳолатҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ба таври лозима ҳолатҳои парвандаро намесанҷанд ё худ ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд.

Принсипи шашум - манъ будани дахолат ба фаъолияти судҳо мебошад. Қонунҳои амалкунанда барои содир намудани беэҳтиромӣ ба суд ҳангоми баргузории маҷлиси судй ё ин ки халалдор намудани ҷараёни баррасии парвандаҳо ҷавобгарӣ муқаррар намудааст. 

Принсипи ҳафтум ҳамин аст, ки судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ин дахлнопазирӣ на танҳо ба шахсияти судя, балки ба манзил, ҷойи кор, нақлиёт, воситаҳои алоқаи дар ихтиёри ӯ буда, ҳуҷҷатҳо ва ашёи шахсии ӯ низ тааллуқ дорад. 

Парвандаи ҷиноятиро нисбати судя танҳо Прокурори генералӣ метавонад оғоз кунад. Бе ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суди иқтисодии вилоятҳо, Суди иқтисодии шаҳри Душанберо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ принсипи дигари адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Санадҳои судӣ иборат аз ҳалнома, ҳукм, таъйинот ва қарорҳои судҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо карданашон барои иҷро ҳатмӣ мебошанд.

Ниҳоят, принсипи охирин таъмини амнияти судяҳо мебошад. На фақат судяҳо, балки аъзои оила ва молумулки онҳо низ мувофиқи қонун таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд. Агар судя зарур шуморад, бо ариза дар хусуси муҳофизати шахсӣ ва аъзои оила, инчунин, хонаи истиқоматӣ ва молумулкаш муроҷиат мекунад ва ин гуна муҳофизатро мақомоти корҳои дохилӣ ба таври ройгон таъмин мекунанд. Судя инчунин барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳ ҳуқуқ дорад. 

Реклама