Содержим
Сохти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз принсипи давлати иҷтимоӣ будани он бармеояд: Дар ин хусус дар моддаи якуми Конститутсия гуфта мешавад: "Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад".
Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ба соҳаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин соҳаҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки шаҳрвандон ҳар рӯз бо онҳо сарукор мегиранд, масалан соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — нафақа, суғурта ва ғайра. Фароҳам овардани шароит барои таҳсил имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ба омӯзиш ҷалб карда шаванд. Дар низоми мактабҳои олӣ вобаста ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва вазъи иқтисодии табақаҳои гуногуни ҷомеа шаклҳои ройгон ва шартномавии таҳсил ба роҳ монда шудаанд. Ҷавонон дар масъалаи интихоби шакли таҳсил комилҳуқуқ мебошанд. Бояд гуфт, ки таҳсили ройгон дар мактабҳои олӣ моҳиятан вуҷуд надорад. Дар гурӯҳҳои шакли таҳсилашон ройгон хароҷоти таҳсилро худи давлат пардохт мекунад. Давлат барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон истифодаи бепули хизматрасонии тиббиро муқаррар кардааст. Нафақахӯрон, иштирокчиёни ҶБВ, гурӯҳҳои муайяни маъюбон ва ятимон аз хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок истифода мебаранд.
Масъалаи табаият ё худ шаҳрвандӣ ба робитаи ҳуқуқии инсон бо давлат алоқаманд аст. Ин робита дар маҷмӯи ҳуқуқу вазифа ва масъулияти ҳамдигарии онҳо ифода меёбад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин ба даст оварда мешавад: аз рӯйи таваллуд, дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ, дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ, бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандии ягона вуҷуд дорад ва мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф карда намешавад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дорад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон дода шудаанд. Масалан шартномаи байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба душаҳрвандӣ аз соли 1995. Яке аз нишонаҳои асосии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани шиноснома мебошад. Шиноснома санади муҳимест, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ мекунад. Ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, ки соҳиби шиноснома шаванд.
Яке аз хусусиятҳои инсонпарваронаи қонунгузории амалкунандаи мо ин аст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, масъалаи қатъ гаштани шаҳрвандиро раво намебинад. Шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар истиқомат доранд, бояд дар намояндагиҳои консулии Тоҷикистон аз қайд гузаранд. Инчунин, ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон шудаанд, давлат паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад. Бояд таъкид кард, ки шаҳрвандон дар масъалаи тарки шаҳрванди комилан озоданд, вале аз ҳудуди мамлакат баромада рафтан ҳанӯз маънои тарк кардани шаҳрвандиро надорад. Дар Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ бевосита ба салоҳияти Сарвари давлат гузошта шудааст. Маҷмӯи корҳоро доир ба масъалаи шаҳрвандӣ комиссияи махсус ҳал мекунад, ки дар назди Президенти кишвар таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки асоси иҷтимоии давлатро гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ - коргарон, кишоварзон, ҳунармандон, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, тоҷирон, хизматчиёни ҳарбӣ, нафақахӯрон, кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ғайра ташкил медиҳанд. Табақаҳои иомбаршуда яке нисбат ба дигаре афзалият ё маҳдудият надорад. Вазъи ҳуқуқии онҳоро қонунҳои амалкунанда танзим мекунад.
Ҳар яке аз соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон - маориф, илм, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра тавассути қонунҳое фаъолият мекунанд, ки муносибатҳои муҳимтарини ҳамин соҳаҳоро фаро мегиранд. Чунончи, барои танзими муносибатҳои соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", барои танзими муносибатҳо дар соҳаи фарҳанг Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" ва барои танзими муносибатҳои соҳаи нигахдории тандурустӣ бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" қабул карда шудаанд. Ин қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқие, ки соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёти давлатро ба танзим медароранд, дар маҷмӯъ сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозанд.
Саволҳо:
1. Шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
2. Аломатҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявиро номбар кунед.
3. Мундариҷаи шакли идоракунии президентиро аз кадом меъёрҳои Конститутсия фаҳмидан мумкин аст?
4. Давлати иҷтимоӣ чӣ гуна хусусиятҳо дорад?
5. Гуногуншаклии моликият дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст?
6. Принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандиро номбар кунед.
7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси кадом равияҳо ҷараён мегирад?
8. Ба фикри Шумо, озодии сухан ва матбуот чӣ зарурат дорад?
9. Мазмуни моддаи 12-уми Конститутсияро шарҳ диҳед.
10. Моликияти истисноии давлат гуфта, кадом навъи моликият дар назар дошта мешавад?
11. Масъалаҳои шаҳрвандиро кадом санади ҳуқуқӣ танзим мекунад?
12. Самтҳои фаъолияти соҳибкориро номбар намоед.
13. Шахс дар чандсолагӣ ҳуқуқи гирифтани шиноснома пайдо мекунад?
14. Шиноснома чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва вазифааш аз чи иборат мебошад?
15. Давлат ба киҳо паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад?
ое
Реклама