§2. Сохти иқтисодӣ

§2. Сохти иқтисодӣ

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтааст. Дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодиёти кишвар эътироф шудааст. Тибқи қисми дуюми ҳамин модда давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Мазмуни ин меъёри конститутсионӣ чунин аст, ки ягон шакли моликият аз нигоҳи қонун нисбат ба шакли дигар бартарӣ дошта наметавонад. Барои ривоҷи шаклҳои гуногуни моликият аз ҷониби парламенти кишвар санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки бо татбиқи онҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври муътадил тараққӣ мекунанд.

Қонунҳои амалкунанда ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ додааст, ки соҳиби моликият бошад ва молу мулкашро ба мерос гузорад. Бекор кардани ҳуқуқи шахс ба моликият манъ карда мешавад. Дар ин бора дар моддаи 32- юми Конститутсияи мамлакат чунин меъёр вуҷуд дорад: "Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад".

Чунонки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан давлати кишоварзӣ буда, маҳсулоти асосии он аз замин рӯёнида мешавад. Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон замин ба моликияти хусусии шаҳрвандон дода шудааст. Дар Тоҷикистон бошад замин дар баробари сарватҳои зеризаминӣ, об, фазоиҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат ба шумор меравад. Аммо давлат кафолат додааст, ки мардум аз замин ва дигар сарватҳои табиӣ пурсамар истифода барад. Мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд бо роҳи ба иҷора гирифтани замин онро коркард намуда, вазъи иқтисодии худро беҳтар намоянд. Ғайр аз ин, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи замин фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 ва соли 1997 дар бораи ҷудо намудани мутобиқан 50 ва 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон интишор гардидаанд ва ин иқдоми Сарвари давлат ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва заминдорӣ ибтидо гузошт.

Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Соҳибкорӣ фаъолияти мустақилонаи мувофиқи қонун бақайдгирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол ва фурӯши мол, иҷрои кор ё хизматрасонй равона карда шудааст. Соҳибкорӣ дар кишвари мо мувофиқи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 майи соли 2002 метавонад бо истифодаи меҳнати кироя ва бе истифодаи он, бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсиси он амалӣ гардонида мешавад.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, шахсони хориҷӣ ва бешаҳрванд, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд. Соҳибкор дар пешбурди фаъолияти иқтисодӣ комилан озод аст. Ӯ ҳуқуқи мустақилона ба муомилот баровардани молҳои истеҳсолкарда ва бадастовардаашро дорад. Дар муносибат бо давлат соҳибкор танҳо дар асоси шартнома фаъолият дошта метавонад. Кам кардани бекорӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои гуногун - сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани рақобати молҳои ватанӣ бо молҳои хориҷӣ самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Бояд гуфт, ки дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорон хеле маҳдуд аст. Хусусан ба соҳибкорон додани дастур барои иҷрои ин ё он навъи кор ва хизматрасонӣ, инчунин, муайян кардани нархҳо ба молҳои фурӯхташавандаи соҳибкорон манъ карда шудааст.