§ 1. ТАШКИЛЁБИИ СОХТОРИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ

§ 1. ТАШКИЛЁБИИ СОХТОРИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ

   Хусусиятҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон. Хусусиятҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Аввалан, тоҷикон пеш аз инќилоб ҳукуматҳои миллии худро надоштанд, онҳо дар ҳайати  ҳукуматҳои бегонапараст (манғитҳо ва паштунҳо), ғосиб (Русия) ва ғайра  қарор доштанд. Аз ин рӯ, баъди инқилоб барои таъсиси давлату ҳукумати миллӣ душвориҳои зиёде пеш омада буд. Масалан, дар ҳайати ҳукумати аввалини пролетарии Туркистон ҳатто ягон намояндаи халқҳои маҳаллӣ вуҷуд надошт. Хусусияти дигари таъсиси ҳокимияти давлатӣ дар ҳайати чанд давлат (аморати Бухоро, Русия,   Афғонистон ва чанди дигаре) зиндагӣ доштани тоҷикон буд. Ба ин хусусиятҳо боз дар ду давра (баъди инқилоби октябри соли 1917-и  Русия ва сентябри соли 1920-и Бухоро) ба сари ин масъала омадани тоҷикон, дар шакли интихобӣ (дар қисмати русиягӣ) ва таъйинӣ (дар қисмати Бухороӣ) омадани ҳокимият ҳам дохил буданд. Дар ин ду қисмат сохторҳои сиёсӣ куллан фарқ доштанд. Ҳукуматҳои русиягӣ аксаран дар асоси  демократияи пролетарӣ (сотсиалистӣ) ва демократияи халқӣ ба вуҷуд омада буданд. 

   Таъсиси  аввалин ҳукуматҳои пролетарӣ дар Тоҷикистон. Аниқ аст, ки дар Тоҷикистон давлату ҳукумати пролетарӣ зери таъсири давлату ҳукумати  таъсисдодаи Инқилоби сотсиалистии октябри соли 1917-и Русия ва қонуну қарорҳои қабулкардаи Анҷумани дуюми умумирусиягии шӯроҳо ва ҳукумати таъсисдодаи он сурат гирифта буд. Дар қисмати русиягии Тоҷикистон (вилоятҳои Суғд ва Кӯҳистони Бадахшон) аввалин ҳукуматҳои меҳнаткашон баъди Инқилоби сотсиалистии октябри соли 1917-и Русия ва барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистони русӣ аз ноябри                  соли 1917 то апрели соли 1918 дар шакли шӯроҳо, дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии қабулкардаи Анҷумани дуюми умумирусиягии шӯроҳо ташкил ёфта  буданд.

   Шӯроҳо ҳамчун шакли ташкилоти ҷамъиятӣ зодаи инқилоб ё ихтирои Ленину болшевикҳо набуданд. Шӯроҳо ихтирои ҷамъияти ибтидоӣ буда, ҳукуматҳои давру замон онро дар таҷрибаи зиндагӣ ва давлатдорӣ истифода мекарданд. Вале аз ҷомеаи синфӣ (ғуломдорӣ) сар карда, шӯроҳо бештар ҳамчун органҳои идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии табақаҳои болоии ҳукмрон хизмат мекарданд. Аввалин шуда шӯроҳоро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии меҳнаткашон  болшевикҳо дар рафти инқилоби якуми солҳои 1905-1907-и рус, ҳамчун ташкилоти роҳбарикунандаи  инқилоб истифода бурданд. Дар солҳои 1908-1917 шӯроҳо худро ҳамчун органи (муассисаи) роҳбарикунанда ва ташкилотчии хоҳишу мароми инқилобиёну меҳнаткашон собит карда буданд. Аз ин рӯ, инқилоби аввалини ғалабакардаи Русия шӯроҳои коргарон, аскарҳо ва деҳқонони дар Инқилоби сотсиалистии октябри соли 1917 ҳиссаи асосӣ гузоштаро ҳамчун сохтори  сиёсии ояндаи худ - Шӯрои сотсиалистӣ қабул кард. Аввалин ҳукумати ташкилдодаи Инқилоби сотсиалистӣ Шӯрои Комиссарони Халқӣ ном гирифт, ки онро В. И. Ленин сарварӣ мекард. Ин Ҳукумат дар раванди кори Анҷумани дуюми умумирусиягии шӯроҳо таъсис дода шуда буд. Ин ваколатро ба анҷуман Шӯрои Муваққатии Инқилобӣ барои роҳбарӣ кардан ба шӯриши яроқноки 25-уми октябри соли 1917 дода буд, ки он бо ташаббуси КМ РСДРП(б) ва Шӯрои намояндагони коргарону аскарҳои шаҳри Петроград 19уми октябри соли 1917 ташкил ёфта буд. Анҷумани дуюми  умумирусиягии шӯроҳо аз ин ваколат истифода бурда, 26уми октябр аввалин ҳукумати коргару деҳқон – Шӯрои Комиссарҳои Халқиро таъсис дод, яъне, шӯроҳо  ҳамчун асоси сиёсии давлату ҳукумати ояндаи инқилоби ғолиб эътироф ва қабул гардиданд.                                                                     Инқилоби сотсиалистӣ дар  Туркистони русӣ ҳам ба таъсиси сохтору муносибату ҳукумати нав, агарчи тақлид ба Русия буд, овард. Ҳукумати навтаъсиси Туркистонро Шӯрои Комиссарони Халқӣ ва давлати мухтори навтаъсиси онро ҳам Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон номиданд. Шӯроҳои Туркистон зодаи Инқилоби февралии соли 1917-и рус буданд ва нисбати шӯроҳои Русия хусусиятҳои худро ҳам доштанд. Ин хусусият он буд, ки шӯроҳои Туркис-               тон ҷанбаи миллӣ ҳам доштанд: шӯроҳои Туркистони русӣ  ва шӯроҳои маҳаллӣ аз март то аввали тобистони соли 1917 ҳар кадом мустақил буданд ва мустақилона баромад мекарданд. Дар шӯроҳои русӣ баъзан маҳаллиён ҳам аъзо буданд, вале дар шӯроҳои маҳаллиён фақат мусулмонҳо аъзо буданд. Аз ин рӯ, шӯроҳои маҳаллиёнро аксаран шӯроҳои коргарони мусулмон меномиданд.  Аз аввали тобистон  муттаҳидшавии шӯроҳои русӣ бо маҳаллӣ сар шуда, бо номи шӯроҳои муттаҳидаи коргарону аскарҳо ва деҳқонон баромад мекардагӣ шуданд. Дар арафаи инқилоб дар Туркистон баробари шӯроҳои муттаҳидаи коргарону аскарҳо ва деҳқонон шӯроҳои касбӣ – шӯроҳои ҳунармандон ҳам мавҷуд буданд, ки дар таъсиси ҳукуматҳои маҳаллӣ мақоми худро доштанд ва иштирок ҳам карданд. Вале дар ҳама шаклу ҳолат дар асоси қарорҳои қабулкардаи Анҷумани дуюми умумирусия- гии шӯроҳо ва ҳукумати таъсисдодаи он, яъне Ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон ҳам бе замина набуд. Шӯроҳои Туркистон ҳам органи олии худ – Анҷумани кишварии шӯроҳоро доштанд, ки он ҳам ваколати таъсиси ҳукуматро доро буд. То инқилоби сотсиалистӣ шӯроҳои кишварии Туркистон ду анҷумани худро (7-15-уми апрели соли 1917 анҷумани якум, ки масъалаи асосиаш ҳамоҳангсозии муносибат бо КИМ-и Ҳукумати Муваққатӣ ва 29.09 – 10.10-и соли 1917 анҷумани дуюм, ки масъалаи асосиаш ҳокимияти сиёсӣ буд) гузаронида буданд. 

   Ҳукумати инқилобии Туркистонро Анҷумани сеюми кишварии Туркистон, ки 15-27-уми ноябр дар Кохи Озодии шаҳри Тошканд баргузор гардид, таъсис дода буд. Таъсиси ҳукумати аввалини шӯравии Туркистон нисбати Русия хело тӯл кашид ва душвор гузашт, чунки дар кори анҷуман болшевикҳо, максималистҳо, эсерҳо, меншевикҳо, сотсиалистҳо ҳам иштирок доштанд ва ҳар кадом бо лоиҳаҳои фраксиявии ташкили ҳокимият баромад мекарданд. Дар анҷуман болшевикҳо бо максималистҳо ва эсерҳои чап, ки дар бисёр масъалаҳо бо ҳамдигар наздикӣ доштанд, якҷоя баромад карданд ва ин имконият надод, ки эсерҳои рост бартарии намояндагии худро амалӣ созанд. Анҷуман ҳукумати коалитсиониеро аз ҳисоби болшевикону максималистон – 5 нафар, эсерҳои чап – 6 нафар ва 1 – котиб (болшевик) таъсис дод. Дар ҳайати ҳукумати таъсисдодаи анҷуман ягон намояндаи аҳолии маҳаллӣ набуд. Анҷуман махсусан қайд карда буд, ки аз сабаби суст будани ташкилотҳои коргарии маҳаллиён ба ҳокимият роҳ додани намояндагони онҳо бармаҳал аст, чунки бетаҷрибагии онҳоро истифода бурда, ба сари ҳукумат намояндагони бою аксулинқилобчӣ меоянд, яъне дар ибтидо инқилоби Туркистон ба принсипҳои инқилобии худ эътибор надод. 

 Луғат 

  1. ШКХ (Шӯрои Комиссарони  Халқӣ) - мақомоти олии  иҷроияи Ҳокимияти Шӯравӣ, ки 27.10.1917 таъсис дода шуда буд. 

  2. Давлати Шӯравӣ- аввалин давлати коргару деҳқон, ки аз 25 – уми октябри (7 ноябри) соли 1917 то декабри соли 1991 вуҷуд дошт.

  3. Диктатура - мафҳуми лотинӣ буда, маънои луғавиаш ҳокимияти   номаҳдуд аст.

  4. Диктатураи пролетариат - ҳокимияти номаҳдуди пролетарӣ, ки дар натиҷаи Инқилоби Октябри соли 1917 дар Русия ба вуҷуд омада, дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм амал кардааст.

  5. Назорати коргарӣ - чорабиние буд, ки онро Ҳокимияти Шӯравӣ аз ноябри соли 1917 барои назорат кардан аз болои истеҳсолот, харид, фурӯш, захира ва пешгирӣ кардани саботаж ҷорӣ карда буд. 

  6. Фраксия - вожаи лотинӣ ва фаронсавӣ буда, ба маънои ҷудо ё тақсим шудан дар дохили як ҳизб бо барнома ва шартҳои худ аст. Дар ҳайати Думаи Давлатии Русия ва ҳизби сотсиал-демократии Русия фраксияҳои зиёд вуҷуд доштанд: фраксияҳои коргарӣ, болшевикӣ, меншевикӣ, сотсиал-демократӣ. 

  Саволҳо:

1. Зарурати таъсиси ҳукумати навро шарҳ диҳед ва фаҳмонед? 

2. Фарқ ва умумиятҳои таъсиси ҳукуматҳои Русияи Шӯравӣ ва Туркистонро шарҳ диҳед ва фаҳмонед? 

3. Дар таъсиси ҳукумати Туркистон кадом фраксияҳо ва  ҳизбҳо иштирок доштанд, шарҳ диҳед?

Реклама