§ 5.  РАВАНДИ ТАЪСИСИ МАҚОМОТҲОИ НАВИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ

§ 5.  РАВАНДИ ТАЪСИСИ МАҚОМОТҲОИ НАВИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ

  Таснифи умумӣ. Таърих исбот кардааст, ки ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ нисбат ба нигоҳ доштани он осонтар аст. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон сулолае, гурӯҳе, ҳизбе ва ё шахсе, ки ба сари қудрат меомад, пеш аз ҳама такягоҳи худ - ҳукумати нав ва мақомоти қудратии давлатӣ - артиш, милиса, суд, прокуратураи ба худ содиқро таъсис медод ва ё мустаҳкам мекард. Инқилоби октябри соли 1917 ҳам аз ин истисно нест. Инқилоб ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта, дастгоҳи давлатии пештараро асосан барҳам ва дастгоҳи давлатии навро таъсис дод. 

  Таъсиси милитсияи шӯравӣ. Дар уезди Хуҷанд моҳи марти соли 1917 политсия ба милитсия табдил ёфта, вазифаи нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар асоси оинномаи нави милитсияи халқӣ ба уҳда гирифт. Агарчи милитсияи халқӣ ном дошт, он пурра мақоми қудратии ҳукумати муваққатӣ буд. Дар рафти инқилоби октябрӣ дар Туркистон ҳам дружинаҳои коргарӣ таъсис ёфта, вазифаи ҳимояи коргаронро аз зӯроварӣ ва фишори милитсияи давлатӣ ва юнкерҳо ба зимма гирифта буд. Маҳз ҳамин дружинаҳо қувваи асосии нигоҳ доштани тартиботи инқилобӣ гардида, 10-уми ноябри соли 1917 ба мақомоти расмии давлатӣ табдил ёфта, номи “Милитсияи коргару деҳқон”- ро гирифтанд. Милитсияи тоҷик низ моҳи ноябри соли 1917 ҳамчун шуъбаи милитсияи Русия дар назди Шӯрои Комиссарони Халқии уезди Хуҷанд таъсис ёфта, вазифаи ҳимояи тартиботи инқилобӣ ва сарҳади шӯравиро ба уҳда дошт. Дар шимоли Тоҷикис- тон ва Помир раванди ташаккулёбии милитсияи шӯравӣ то охири соли 1918 давом ёфт. 

  Таъсиси Артиши Сурх. Қадами минбаъдаи диктатураи пролетариат  ҳимояи худ ба воситаи артиш буд. Дар рафти тайёрӣ ба инқилоб гвардияҳои сурхи коргару деҳқон ташкил ёфта буданд. Баъди гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ин гвардияҳо аз сабаби низомӣ набуданашон давлатро муҳофизат карда наметавонистанд. Аз моҳи декабри соли 1917 Ҳукумати Шӯравӣ ба таъсиси Артиши Сурх сар кард ва то баҳори соли 1918 Артиши Сурхи коргару деҳқон бо тамоми сохтораш ташкил ёфт. 

  Моҳи ноябри соли 1917 дар уезди Хуҷанд аввалин отрядҳои коргарӣ дар байни аҳолии деҳа, шаҳрак ва шаҳрҳои руснишину истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанд (Урсатевск), Ѓафуров, Драгомирово (Спитамен) ва Придиново (Қайроққум) таъсис ёфтанд, вале ин гвардияҳои сурхи ташкилёфта қуд- рати нигоҳ доштани Ҳукумати Шӯравиро надоштанд. Аз ин рӯ, зарурати ташкили қӯшуни доимӣ пеш омад. 23-юми марти соли 1918 Шӯрои Комиссарони Халқи Туркистон дар бораи таъсиси Артиши Сурхи доимии коргару деҳқон қарор қабул кард. Дар асоси ҳамин қарор 18-уми апрели соли 1918 дар уезди Хуҷанд ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида шуд. Аввал дар назди шӯроҳои шаҳрӣ сексияҳои ҳарбӣ бо сардории комиссари ҳарбӣ таъсис ёфтанд. Моҳи сентябри ҳамон сол комиссариатҳои ҳарбии волостҳои Шаҳристон, Далён ва Ѓончӣ таъсис ёфтанд. Баробари таъсис ёфтани комиссариати ҳарбии уездӣ Раёсати маҷбуриятҳои ҳарбии Хуҷанд пароканда карда шуд. Қисмҳои ҳарбии Хуҷанд ба ҳайати Артиши Сурхи Шӯравӣ ҳамчун қӯшуни иттиҳодӣ дохил гардиданд. Иттиҳоди аввалини ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ иттиҳоди ҳарбӣ буд. 

  Баробари судҳои халқии шӯравӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи инқилоб моҳи сентябри соли 1918 Комиссияи Фавқулодаи Туркистон (КФТ) дар ҳайати Комиссияи Фавқулодаи Умумииттифоқ (КФУ) таъсис ёфта буд. Вазифаи ин мақомот мубориза бар зидди аксулинқилобчигӣ, қаллобӣ ва ѓоратгарӣ муқаррар шуда буд, яъне то ибтидои баҳори соли 1918 раванди аз байн бурдани дастгоҳи куҳна ва бунёди сох- тори нав ба анҷом расида буд. Ҳамаи идораҳои ҳокимият аз як шакли сохтор ба шакли дигар гузаронида шуданд. Ташаккули сохтори шӯравӣ ва муносибати нави давлатдорӣ оғоз ёфт.

  Таъсиси сохтори судии шӯравӣ. Судҳои куҳна бештар таъйиноти ҷазодиҳӣ доштанд ва дастгоҳи истисмори меҳнаткашон ҳам буданд. Сиёсати нави судии шӯравӣ ин таъйиноти судҳоро тағйир доданӣ буд. Мебоист судҳо ба муассисаи тарбияи ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеа табдил меёфтанд. Аз ин рӯ, ҳанӯз 22-юми ноябри соли 1917 мувофиқи нишондоди «Декрет дар бораи судҳо» сохтори куҳнаи судӣ ва прокурорӣ бекор карда, вазифаи онҳо ба зиммаи Комиссариати халқии адлия гузошта шуда буд. Комиссариати халқии адлия инчунин вазифадор карда шуда буд, ки низоми судии нави шӯравиро то моҳи январи соли 1918 таъсис диҳад. 

   Дар асоси ҳамин ҳуҷҷатҳо  Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон 12-уми декабри соли 1917 дар бораи барҳам додани судҳои округӣ, палатаҳои судӣ, судҳои ҳарбӣ ва иваз намудани онҳо ба судҳои нави шӯравӣ, ки мебоист дар асоси интихоботи озод ва риояи демократияи халқӣ  гузаронида мешуданд, қарор қабул кард. Бо сабаби сар задани иғвогариҳои зиддишӯравӣ ва набудани кадрҳои ҳуқуқшиноси тамоюли шӯравидошта ин қарор дар вақташ иҷро нагардид. Баръакс, ШКХ Туркистон 17-уми феврали соли 1917 аз Комиссариати адлияи РСФСР дар бораи дароз кардани муҳлати фаъолияти судҳои куҳна, иҷозат пурсид. Ин хоҳиш бо илова намудани намояндагони шӯроҳо ба ҳайати судҳо қонеъ гардонда шуд. Аз ин рӯ, парокандакунии судҳои куҳна на яку якбора, балки бо пайдо кардани ивази онҳо алақаманд буд ва ин раванд дар баъзе минтақаҳои  шимоли Тоҷикистон (Масчоҳи Кӯҳӣ) то ибтидои соли 1920 давом ёфта буд.

  Амалан барҳамдиҳии судҳои куҳна аз июни соли 1918 аз қарори ШКХ Туркистон оғоз ёфта буд ва ҳамаи судҳои собиқ империяи Руссияро фаро гирифта буд. Судҳои қозигӣ то аввали соли 1920 амал мекарданд. Масалан, судҳои округи Ӯротеппа моҳи марти 1918 ваколатҳои худро ба судҳои халқии шӯравӣ супорида буданд. Аввалин судяҳои Ӯротеппа Мирзо Қосимов ва Мирзо Саидов буданд.   

 Савол ва супориш:

1. Раванди таъсисёбии Артиши Сурхи Шӯравиро шарҳ диҳед. 

2. Судҳои куҳна кай барҳам дода шуданд? 

3. Судҳои нав чӣ ном доштанд ва дар кадом солҳо таъсис ёфтаанд? 

4. Милисаи шӯравӣ кай таъсис ёфта буд? 

5. Оё медонед, ки қабул ба милиса ва хизмати ҳарбӣ чӣ тавр сурат мегирифт?

      

Иллюстрация №0. Напишите описание

Реклама