Назарияи ҷангҳо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ. Ҷангҳо аз рўйи моҳияташон ба ҷангҳои забткорона, миллӣ-озодихоҳӣ ва шаҳрвандӣ (гражданӣ) ҷудо мешаванд. Ҷангҳои забткорона (ғоратгарона, таҷовузкорона) моҳиятан бо давлати дигар ва тороҷу истисмори халқи он аст. Ҷангҳои миллӣ-озодихоҳӣ ҳимояи марзу буми давлат аз таҷовуз ва истисмори аҷнабиён, ҳимояи истиқлолияти миллӣ аст.Ҷанги шаҳрвандӣ (мулкӣ, гражданӣ, бародаркуш, дохилӣ) ҷангест, ки дар дохили як давлат ва одатан дар байни як халқ рух дода, аҳолӣ ба ду гурўҳи дар ақида бо ҳам зид ҷудо шуда, барои ҳокимияти сиёсӣ меҷанганд. Намунаи онҳо ҳоло аз ибтидои ҷамъияти синфӣ маълум аст. Ҷанг байни қабила барои мавзеи шикор, ҷанг байни ғуломону ғуломдорон, ҷанг байни деҳқонон ва феодалон, ҷанг байни сохти феодалӣ ва капиталистӣ, байни коргарон ва буржуазия. Ҳамаи инҳо шаклҳо ва намунаҳои ҷанги гражданӣ мебошанд. Ҷанги шаҳрвандӣ (гражданӣ) шаклҳои гуногунро гирифта метавонад. Ба ёд оред ҷангҳои граждании дар Рими Қадим, дар асрҳои миёна дар Олмон, дар давраи нав дар Америка, дар асрҳои Х1Х ва ибтидои асри ХХ дар Чин, Ҳиндустон ва Русия рӯйдодаро. Дар ҳама ҳолат ин ҷангест байни сохтори куҳна ва нав.
Омилҳои дохилии ҷанги шаҳрвандӣ. Агар ин ҷанг байни сохтори куҳна ва нав бошад, дар Тоҷикистон ҳам ин ҷанг шудааст. Ин ҷанг солҳои 1918-1923 шуда гузаштааст. Ин ҷанг байни сохтори куҳна–маъмурияти собиқ Русияи подшоҳӣ ва тарафдорони он - феодалони маҳаллӣ аз як тараф, аз тарафи дигар сохти нави шӯравӣ ва тарафдоронаш буд. Дар ҳар ду ҳолат ҳадафҳои гурӯҳҳо ҳокимияти сиёсист. Як гурӯҳ тарафдорони сохтори буржуазӣ ва дигаре тарафдорони сохтори шӯравӣ - сотсиалистӣ шудаанд. Онҳоро зоҳиран ақида ҷудо кардааст. Дар амал бошад, табақаи ҳукмрони пештара, ки инқилоб имтиёзҳояшро аз байн бурдааст, он имтиёзҳоро баргардонданӣ буд ва табақаи поёнӣ, ки инқилоб ва Ҳокимияти Шӯравӣ барои ӯ имтиёзҳои зиёде эълон карда буд, сохти навро маъқул ёфта, барои ҳимояи он бархостааст. Ин манфиатҳои сиёсии табақаҳо ҳамдигарро ба ҷанги тан ба тан овардаанд. Ҳар як гурӯҳ ба ғайр аз манфиатҳои синфию табақавию сиёсии худ боз шиорҳои худро дошт, ки ба воситаи онҳо такягоҳи худро ба даст даровард. Дар таҷрибаи Тоҷикистон тарафдорони ҳокимияти нав ба қарорҳою дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки баҳри некуаҳволии халқ равона шуда буданд, такя карданд,аммо муқобилони ҳокимияти нав ба маънавиёти мардум- ба диндории онҳо такя карданд. Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, ҷорӣ кардани назорати коргарӣ, миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани рӯзи кори 8-соата, мусодираи замин ва тақсим кардани он дар байни деҳқонон, манъ кардани истифодаи қувваи корӣ дар хоҷагиҳои бойӣ – феодалӣ мехост, ки оммаи меҳнаткашро аз қафои худ барад.
Гурӯҳи мухолиф маънавиёти миллӣ-диндории мардумро истифода бурд. Дар шароити Туркистон гурӯҳои зиддишӯравӣ бештар тарафдор пайдо карданд. Дар аввал мухолифони ҳокимияти нав декрету қонунҳои Ҳокимияти Шӯравиро бо фаҳмишу шарҳи худ ба мардум фаҳмонда тавонистанд. Масалан, озодии дин ва баробариро чунин шарҳ доданд: озодии болшевикӣ ин озодии куфрист, нашинохтани Худост. Баробарии зану марди шӯравӣ ин умумӣ гардондани занҳо, ҳатто фарзандон аст. Болшевикҳо баробарӣ, бародарӣ гуфта ҳамаро ба куфр мебаранд.
Сабаби асосии дар шимоли Тоҷикистон ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ, аввалан, қисми таркибии империяи Русия будани ин минтақа ва ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917 буд, ки он бо қадамҳои музаффарона дар тамоми ҳудуди империяи Русия ва аз он ҷумла дар Туркистони русӣ ҳам паҳн гардида буд. Баъдан, сабаби ин ҳаракат эъломияҳо, қонунҳо ва чорабиниҳои аввалини Ҳокимияти Шӯравӣ буданд, ки ба манфиати оммаи заҳматкаш нигаронида шуда буданд ва раванди амалӣ гардондани назарияи инқилобии марксизм - бунёди ҷомеаи ситсиалистӣ оғоз гардида буд. Асоси сиёсии ин чорабиниҳоро таъмини диктатураи коргарону деҳқонон ва асоси иқтисодии онро моликияти умумихалқӣ-давлатӣ, кооперативӣ-колхозӣ ва бунёди фарҳанги пролетарии меҳнаткашон ташкил медоданд, яъне инқилоби сотсиалистии октябрии соли 1917 собиқ ҳокимонро аз ҳокимият ва мулкдоронро аз моликият маҳрум месохту коргару деҳқонро ба сари ҳокимият мебаровард. Аз ин рӯ, ҳокимони аз сари ҳокимият рафтаву мулкдорони бемулкгардида ҳама воситаро истифода бурда, раванди инқилобии саршударо ба манфиати худ ё ба тарафдории худ равона карданӣ буданд. Ин равандро онҳо бо роҳи осоишта халалдор карда натавониста, роҳи муқовимати яроқнокро пеш гирифтанд, ки дар таърих бо номҳои «босмачигарӣ», «ҷанги гражданӣ», «ҷанги бародаркуш», «ҳаракати зиддишӯравӣ» маълум аст.
Омилҳои хориҷии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1923 дар Тоҷикистон. Омили асосии хориҷии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1923 дар Тоҷикистон империализми байналмилалӣ дар симои ИМА, Англия, Фаронса ва иттифоқчиёни онҳо буд, ки намехостанд на фақат дар Русия, балки дар мус- тамликаҳои собиқи он сотсиализм бо ҳукуматҳои миллии он амалӣ гардад. Империализми байналмилалӣ дар ҳама ҳолат зидди инқилобҳои иҷтимоӣ ва таъсиси ҳукуматҳои инқилобии заҳматкашон буд. Аз ин рӯ, онҳо чӣ қадаре тавонистанд, ба мустаҳкамгардии диктатураи пролетарӣ ба воситаи ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии худ муқобилат карданд. Ҳукуматҳои буржуазии Англия, Фаронса, ИМА, Ҷопон ва думравони онҳо ба ҳаракатҳои аксулинқилобии Русия ва мустамликаҳои собиқи он бо пул, яроқ ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ёрӣ доданд. Дар Осиёи Миёна даҳҳо ҷосусону консулгариҳои давлатҳои мазкур ба ташкили ҳаракати аксулинқилобӣ машғул буданд. Дар Кошғару Машҳад марказҳои ёрии худро барои босмачигарии минтақа таъсис дода, ҳатто барои роҳбарии ин ҳаракат ба мисли Анварпошшо, Салим, Дониёл, Сурайё ва дигарҳо гумоштагони худро фиристода буданд.
Луғат
1. Ҷанги шаҳрвандӣ (бародаркуш, гражданӣ) - яке аз намуд- ҳои ҷанги дохилӣ буда, мақсади асосиаш ё ба сари ҳокимият омадан аст ва ё баргардонидани ҳокимияти (имтиёзҳои) аз дастрафта.
2.Туркистони русӣ - мафҳумест, ки маънои генерал-губернатории Туркистон, ҳукмронии Русияро дар Туркистон, мустамликаи Русия будани қисматеро аз Осиёи Миёна ифода мекунад.
3. Фраксия - гурӯҳ, гурӯҳи ҳизбӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳайати ҳукумат ва ё зидди ҳукумат, сиёсат ва амале.
Савол ва супориш:
1. Намудҳои ҷангҳоро номбар кунед.
2. Ҷангҳои шаҳрвандӣ боз ба кадом номҳо ёдовар мешаванд?
3. Туркистони русӣ гуфта, чӣ дар назар дошта мешавад?
Реклама