§ 48. ТОҶИКОНИ БЕРУНМАРЗӢ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШИ ТОҶИКОНИ ШӮРАВӢ БА СОТСИАЛИЗМ(1917-1937)

§ 48. ТОҶИКОНИ БЕРУНМАРЗӢ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШИ ТОҶИКОНИ ШӮРАВӢ БА СОТСИАЛИЗМ(1917-1937)

  Тоҷикони берунмарзӣ дар давраи ташаккулёбии давлати миллии шӯравӣ. Чӣ тавре ки маълум аст раванди барпошавии Њокимияти Шӯравӣ тамоми қаламрави тоҷикнишинро фаро нагирифт ва гирифта ҳам наметавонист. Инқилоби сотсиалистӣ фақат қисматҳои тоҷикнишини Русияро фаро гирифта буд. Қариб нисфи тоҷикон дар қаламрави Афғонистон мезистанд. Афғонистон ҳам дар талоши бунёди ҷомеаи сармоядорӣ буд. Амонуллохон, ки соли 1919 бо дастгирии халқҳои   Афғонистон ба сари кудрат омада буд, ислоҳоти зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва миллиро пеш гирифт. Дар ин раванди таҳаввулоти Афғонистон тоҷикон нақши фаъол доштанд. Дар ин таҳавулот истиқлолияти Афғонистон аз Англия (28.02.1919), ки онро ҳама қавму қабилаҳои мамлакат мехостанд, ҷойи махсусро ишғол мекард. Ин истиқлолиятро Амонуллохон 3-юми март дар мактубаш ба унвони Ноибуссалтанати Англия дар ҳиндустон Ҷелмсфорд   ва 14-уми апрели 1919 дар изҳороташ дар ҳузури сафири Англия дар Кобул эълон кард. Ин воқеаҳо ба ҷанги сеюми эълоннакардаи англису афғон овард ва заддухӯрдҳои ғайрифаъол то ноябри соли 1921 давом ёфтанд. Дар ин давра Русияи Шӯравӣ Афғонистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба  расмият шинохт, ки барои истиқлолияти амалии Афғонистон беаҳамият набуд. Дар ҳайати ҳукумати Амонуллохон тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳои давлату ҳаёти сиёсӣ иштирок ва нақш доштанд. Тоҷикон Ғуломҳайдари Чархӣ, Муҳаммадвалихони Дарвозӣ ва чанди дигаре аъзои ҳукумат буданд ва дар раёсатҳои зиёде фаъолият мекарданд. Дар асоси «Низомномаи асосии давлати олии Афғонистон», ки онро апрели соли 1923  Луя Ҷирга (Шӯрои Олӣ) дар Ҷалолобод эълон кард, ҳамаи сокинон ва табақаҳои Афғонистон сарфи назар аз мансубияти қавмӣ, иҷтимоӣ, эътиқоди  динӣ ва мазҳабӣ дар назди қонун баробар ва аз озодиҳои шахсӣ бархӯрдор эълон шуданд.

   Тоҷикони Афғонистон, ки бо тоҷикони шӯравӣ робитаҳои хешу таборӣ ва рафтуомад доштанд, аз воқеаҳои сиёсии Бухорои Шӯравӣ барубӣ огоҳ ва таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистонро бо табрикот ва хушнудӣ истиқбол карданд. Тоҷикони берунмарзӣ дар давраи инкишофи Тоҷикистон аз мухторият ба соҳибихтиёрӣ. Баъди тақсимоти соли 1924 парокандагии сиёсии халқи тоҷик боз бештар гардид. Аз се ду ҳиссаи тоҷикон берун аз давлати миллии худ - ҶМШС Тоҷикистон монда буданд. Аксари кулли тоҷикони ҷаҳон дар қаламрави Эрону Афғонистон зиндагӣ мекарданд. Аз нисфзиёди тоҷикони шӯравӣ(ҶШС Туркистон ва ҶХШ Бухор) бошанд, дар ҳайати Ӯзбекистон, аз се як ҳисаашон ба ҶМШС Тоҷикистон ва қисми зиёдашон дар Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон монданд.

   Тоҷикони Эрон (Хуросон, Сиистон, Форс) аз давраи Сафавиён то ба Қоҷору Паҳлавиҳо худро форс (тоҷик) мехонданд ва ҷаҳониён онҳоро ҳамчун миллати форс шинохтанд. Ин ном номи тамоми аҳолии  Эрон гардид, ки дигар аз тоҷик будани онҳо ҳеҷ касе ва давлате талабу дархост накард. 

  Тоҷикони Афғонистонро ҳамсоягони шарқу ҷанубашон, аз давраи Дуррониён сар карда, бо номи дариҳо (даризабонҳо) мешинохтагӣ мешаванд  ва онҳо дар нимаи аввали асри ХХ ҳам бо ҳамин ном монданд, вале баъди хуруҷу ҳукмронии амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, машҳур бо тахаллуси Бачаи Сақо (Сақов) ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳ(с. 929) мавқеъ ва ҳуқуқҳои тоҷикони Афғонистон ба маҳдудкунӣ сар коранд ва ин ба сиёсат табдил ёфт. Дар натиҷаи ин сиёсат аксарияти тоҷикони соҳибмансаб аз вазифа ронда, заминҳояшон бо нархҳои ночизе ба паштунҳо фурӯхта шуданд. Вале ба широфаи зиёд будани шумораашон онҳо, ҳамчун халқ боқӣ монанд ва забонашон низ ҳамчун забони давлатӣ аз байн нарафт. 

  Дар солҳои 20-ми асри ХХ байни тоҷикони шӯравию Эрон дигар алоқаҳои хешутаборӣ ва ҳамқавмию миллӣ намонда буд. Тоҷикони Хуросону Сиистон ва Форс пас аз канда шудани алоқа дар асрҳои ХУ1-Х1Х бештар бо номи   форсҳо, ҳамчун бегона ва ғайри тоҷик шинохта  шуданд ва ҳар ду ҳамдигарро форсзабону эронинажод эътироф  доштанд.   

  Дар ҳамин давра алоқаҳои хешутаборӣ ва омадурафти тоҷикони ду соҳили дарёи Панҷ, агарчи сарҳадҳои сиёсӣ онҳоро ҷудо карда бошад ҳам, идома дошт. Вале бо ҷорӣ гардидани низоми нави сарҳадӣ ва бо сабабҳои сиёсӣ робитаҳои байни тоҷикони соҳили Панҷ ба душворӣ рӯ ба рӯ шуд  окибат ба пурра қатъ гардид. Сарфи назар аз ин ҷудоиҳои сиёсӣ, дар солҳои 20-ми асри ХХ тоҷикони Афғонистон тоҷик будани худро фаромӯш накарданд. Дар фаҳми қавму нажодии онҳо тоҷику дарӣ ба як маъно боқӣ монд. 

  Тоҷикони шӯравӣ бошанд, аввалан аз тақсимоти соли 1924 ба хотири соҳибдавлат шуданашон ҳам ифтихорманд ва ҳам монданашон дар ҳайати давлатҳои дигар ҳайрон     доштанд. буданд, вале ба ҳалли дурусти масъалаи миллӣ боварӣ доштанд. Дар ҳудудҳои Ӯзбекистон тамоми аҳолии шаҳрҳо ва водиҳои Сир, Аму, Зарафшон, Қашқа, Сурхон (Қашқадарё ва Сурхондарёи имрӯзаи Ӯзбекистон) ва дар Қирғизистон Ӯш ва атрофи он, дар Туркманистон водиҳои Мурғобу Тенҷен (вилояти Марв) ва шаҳри Чорҷӯй бо атрофаш, дар Қазоқистон шаҳри Чимкент ва атрофаш тоҷикон бартарии куллӣ доштанд. Агарчи тоҷикони шӯравӣ дар ҳуқуқу ваколатҳо дар доираи қонун баробарӣ доштанд, вале солҳои 1925-1929 ба падидаи номатлуби миллатгароии пантуркистии аз ҷониби ҳукуматҳои давр ҳимоя шаванда дучор гардиданд. Ин сиёсат нисбати тоҷикони Ӯзбекистон қотеона амалӣ карда шуда, 90%-и тоҷикон ба ӯзбек табдил доданд. Ин ба хотири он карда шуда буд, ки дар Ӯзбекистон аз ҳисоби тоҷикон бартарии халқи умуман дар таърих вуҷуд надоштаи  ӯзбекро созанд ва сохтанд. Ӯзбекҳо ҳамчун халқият – ба маънои кулли туркзабонҳои Осиё, ки шумораи онҳо то ба 98 қавм мерасад, ҳоло аз асри Х1У бо номи Ӯзбекхониҳо (дурусташ юзбекхониҳо, юзбасқоқиҳо (юз ба туркӣ сад аст ва басқоқ ба маънои муғули ҳоким, бек) маълуманд. Аз сабабе, ки сиёсати пантуркистии солҳои аввали асри ХХ барои тамоми Аврупо ва Русияю Эрон маъқул набуд ва ин нописандӣ аз сиёсати ташкили империяи Улуғ Туркистони Камол Отатурк ба миён омада буд, дар солҳои 20-уми асри ХХ таъсиси боз як давлати туркии баробари Туркия, Туркманистон ҳатто бо номи Туркистон мантиқ надошт. Вале бо номи ӯзбек (ки ба маънои умумии чун араб, ки ба 14; форс, ки ба 7; славян, ки ба 7; хитой, ки қариб ба 40 ва ҳинду, ки ба 36 қавму халқ ҷудо мешаванд), ташкил кардани давлати туркӣ барои пантуркистҳои шӯравӣ душворие надошт. Яқинан, ҳеҷ яке аз қавмҳои туркии Ӯзбекистон оянда бартарии аҳолии ҷумҳурии ояндаро ташкил дода наметавонист, ҳама қавмҳои ба Ӯзбекистон дохил буда худро ӯзбекистонӣ хонда метавонистанд, вале аз қавмияти худманғит, барлос, юз, марқа, лақай, минг, нӯғай, найман, қарлуқ, қатаған, сарай кенегес, кангли, кипчоқ, ҷалоир, хитой (чағатой), киёт, кутчи, қирқ уруғ, ҷети уруғ… даст намекашид. Дигар ин ки бо ҳеҷ як аз ин номҳо дар доираи сиёсати миллии шӯравӣ давлат ташкил додан аз имкон берун буд. Асоси миллии Ӯзбекистонро бояд ӯзбекҳо ташкил медоданд, вале аз ҳисоби кадом халқ?  Ин халқ тоҷикон шуданд, ки дар солҳои1925-1929 қисми зиёди онҳоро зӯран дар шиносномаҳояшон ӯзбек навиштанд.

  Ин раванд дар солҳои зикршуда, тоҷикони дар ҳудуди Туркманистон маскунбударо ҳам каму беш фаро гирифта буд. 90% тоҷикони Туркманистон ё туркман ва ё форс эълон шуданд. Тоҷикони Қазоқистону Қирғизистон, ки Қароқирғизистон ном доштанд, ҳоло бо зӯран махлутшавӣ дучор нашуда буданд.    

  Луғат

 1. Берунмарзӣ - калимаи мураккаб буда маънои берун аз марзи давлатро ифода мекунад.  

 2.  Тоҷикони берунмарзӣ – ба маънои тоҷиконе, ки берун аз марзи ҶМШС Тоҷикистон чӣ дар хориҷи СССР (ИҶШС) ва чӣ дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ умр ба сар мебурданд.

 Савол ва супоришҳо

1. Дар ибтидои асри ХХ тоҷикон дар ҳайати кадом давлатҳо сукунат доштанд? 

2. Тақсимоти соли 1924 бештар ба муттаҳидшавии кулли тоҷикон мусоидат кард ва ё бештар ба парокандагии сиёсии онҳо? 

3. Тоҷикони кадом давлат тоҷик будани худро фаромӯш карда буданд? 

4. Тоҷикони кадом давлат зӯран махлут гардонда шуда буданд?

Реклама