Сабабҳои асосии сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Сабаби асосии сар задани ҷанги байни Олмони фашистӣ ва CCCР (ИҶШС), ки он ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфт, пеш аз ҳама вуҷуд доштани зиддияти байни сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии байни сотсиализму капитализм буд. Империалистони Аврупову Осиё ва Амрико Ҷанги дуюми ҷаҳонро оғоз намуда, тавонистанд, ки онро ба ҷанги зидди сотсиализм-равона созанд. Сабабҳои дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ инҳо ба ҳисоб мерафтанд: ёрии амалии СССР (ИҶШС) ба ҳама гуна иттиҳоди зидди фашистӣ ё зиддиолмонии давлатҳое, ки ҳоло ба ҳуҷуми фашизм дучор нагардида буданд; дар ҳамон соли 1941 танҳо мондани СССР (ИҶШС). Аз ҷиҳати дигар, бе шикасти СССР (ИҶШС)Олмон наметавонист, ки дар Аврупо нақшаҳои худро амалӣ созад. Шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмон имконият медод, ки муқобилияти ҳарбӣ ва сиёсию байналмилалии Англия ва ИМА-ро бо осонӣ ҳал намояд. Сабаби дигари ин ҷанг фароҳам омадани шароити мусоид барои Олмон буд, ки онро ба ҷанги зидди СССР (ИҶШС) ҳидоят мекарданд.
Дар ибтидои ҷанг. Субҳи 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ бо қувваи зиёди ҳарбӣ ба Иттиҳоди Шӯравии ҳуҷум кард. Дар ҳайати ин лашкар қӯшунҳои Венгрия, Италия, Руминия ва Финландия ҳам буданд. Дар як вақт Олмони фашистӣ дар масофаи зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки Иттиҳоди Шӯрави зада даромад Қувваҳои ҳарбии Олмон он вақт аз 5,5 миллион аскар, 3712 танк, 4950 самолёти ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномёт иборат буд. Олмони фашистӣ ҷанги барқосоро гузаронида, дар муддати то 2 моҳ қӯшунҳои асосии Иттиҳоди Шӯравиро шикаст доданӣ буд. Олмони фашистӣ ба он умед дошт, ки ҷанги ногаҳонӣ ва барқосо Иттиҳоди Шӯравиро пароканда ва шикасти ҳарбии онро метезонад, вале он ба нияти худ нарасид. Баръакс, ҳуҷуми аҳдшиканона Артиши Сурхи Шӯравиро ҷасуртару дӯстии халқҳоро қавитар гардонид. Ягонагии қӯшуну халқ ҷабҳаю (фронту) ақибгоҳро мустаҳкамтар кард.
Ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Артиши Сурхи қаҳрамони он аз дақиқаҳои аввал ба дифои Ватан бархостанд. Дар тамоми хатти набардҳо аз баҳри Балтика то баҳри Сиёҳ қӯшунҳои шӯравӣ ба ҷанг даромаданд. Дар байни онҳо тоҷикон ҳам буданд. Дар ибтидои ҷанг, ки моҳҳои июн-сентябри соли 1941-ро дар бар мегирад, қӯшунҳои шӯравӣ ҷангҳои мудофиавӣ карда, аз сабаби нобаробарии қувва қафо менишаст. Ҷангҳои калон ва қаҳрамонона дар ин муддат дар Брест, Вилнюс, Смоленск, Киев, Одесса, Севастопол ва ғайраҳо шуданд. Ҷанговарони тоҷик Акобир Маҳмудов, Маҳмадҷон Абдувалиев, Шукур Раҳмонов ва шояд садҳои дигар, ҷангро дар Брест оғоз намуда, қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Дар таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон қалъаи Брест забтнашуда ва гарнизони он мағлубнашуда ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг Н. Мирзоев ва А.Тошматов дар Украинаи Ғарбӣ, Саидов, Э. Рӯзиев, Ҳ. Кенҷаев (баъд Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ) М. Олимҷонов дар Белорус, А. Ҳоҷибоев, М. Ёров дар Наздибалтика, Бобиев Мирзоалӣ дар Қрим, К.Хушвахтов дар Молдова, Ш.Назаров дар сарҳади Финландия, Х.Пӯлодов ва Р.Сангинов дар қушунҳои Баҳри Шимол ва С.Музаффаров дар киштии минабари «Решительный» меҷангиданд. Ҷангномаи ҳамаи номбаршудагон дар таърихи ибтидои ҷанг сабт шудааст.
Аз корнамоиҳои фиристодагони Тоҷикистон дар ибтидои ҷанг Г.Нуровро, ки 23 июни соли 1941, дар соҳили дарёи Прут, бо тӯпи худ танки душманро маҳв сохт, Ҳодӣ Кенҷаев ро, ки дар ҳимояи шаҳри Лвов қаҳрамонӣ нишон дода, сазовори медали «Барои шуҷоат» гардидааст, метавонд ном бурд. Р.Абдуллоев, Ҷ.Абдуллоев, Д.Абдурашитов, Д.Тағоев, Р.Авдиев, С.Аслонов, Б.Алиев ва садҳо дигарон иштирокчиони муҳорибаи Смоленск буданд, ки яке аз муҳорибаҳои хунини ибтидои ҷанг буд. Дар санаи 3 - 8-уми июли соли 1941 тӯпчии ӯротеппагӣ Муҳаммадӣ Иброҳимов дар маҳаллаи Плещенатсаи Минск қаҳрамонии бемислу монанд нишон дода, дар як муҳориба 14 автомошина ва 6 танки душманро аз кор баровард. Барои ин корнамоӣ ӯро бо ордени Ленин мукофотониданд, ки аввалин ҷанговари тоҷикест, ки ба чунин мукофоти олӣ сарфароз гардидааст.
Эргаш Рӯзиеви хуҷандӣ, ки ӯ ҳам тӯпчӣ буд, дар вақти ақибнишинӣ ҳамроҳи 11 нафари дигар ба муҳосира афтода, 13 шабонарӯз дар ақибгоҳи душман ҷанги тан ба тан карда, аз муҳосира баромад. Барои ин корнамоӣ ва ҷасоратҳои минбаъда, ӯ аз дасти маршал Чойболсан мукофоти олии Муғулистон - ордени «Ситораи Қутб»-ро гирифта буд. Р.Исмоилов, А.Азимов, Ҷ.Назаров ва даҳҳои дигар дар ҳимояи Одесса иштирок доштанд. Н. Илёсов бошад, ҳамроҳи ҳамяроқонаш дар гарнизони зеризаминии (корхонаи сангрезакунии) Азимушкаи Керч зиёда аз 4 моҳ муқобилият нишон дод.
Номи фарзандони тоҷик: А.Собиров, К.Хушвахтов, А.Қаландаров, Ш.Назаров ва ҳазорон нафари дигар дар таърихи ибтидои ҷанг сабт аст, яъне дар ибтидои ҷанг корнамоиҳои тоҷикистониёнро дар ҳамаи сарҳади зиёда аз 3 ҳазор киллометраи мамлакат дидан мумкин аст. Мутаассифона, таърихи муфассали иштироки тоҷикистониён дар ибтидои ҷанг ҳанӯз ҳам навишта нашудааст.
Луғат
1. «Ватан-модар даъват мекунад!» - шиор- плакати давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо часпонда шуда буд.
2. «Ватани сотсиалистӣ дар хатар аст» - ин ҷумла шиори солҳои ҷанги граждании солҳои 1918-1920 буд, ки онро В.И.Ленин навишта буд. Ин шиор солҳои 1941-1945 ҳам истифода шуда буд.
3. Гитлер - насаби аслиаш Шикелгрубер Адолф (20.04.1889майи 1945) роҳбари ҳизби миллӣ - сотсиалистии Олмон (19191945), сардори давлати фашистии Олмон (1933-1945).
Савол ва супоришҳо:
1. Барои чӣ Олмони фашистӣ 22 июни соли 1941 ҷангро сар кард?
2. Тоҷикистониҳо дар кадом муҳорибаҳои аввали ҷанг иштирок доштанд?
3. Барои чӣ қӯшунҳои шӯравӣ ақибнишинӣ мекарданд?
4. Барои чӣ ин ҷангро «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» номиданд?
5. Сохтмонҳои калони ба тариқи ҳашар сохташударо дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ номбар кунед.
6. Дастовардҳои ҳаёти фарҳангиро дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ номбар кунед.
Реклама