Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар аксарияти давлатҳои забткардаи Олмон ва иттифоқчиёнаш ҳаракатҳои муқовимат (озодихоҳӣ) ба вуҷуд омада, дар шикасти фашизми аврупоӣ нақши худро бозида буданд. Ин ҳаракати муқовимат, пеш аз ҳама, ватанхоҳони фаронсавиро дар Алҷазоир ва дигар халқҳои забтгардидаи Аврупоро ҳам берун аз ватанашон фаро гирифта буд. Вале баъди мувафақиятҳои қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, қувваҳои муқовиматкунандаи Югославия, Италия, Фаронса, Албания, Македония ба ватани худ ворид гардида, номи “қувваҳои озодибахш”-ро гирифтанд. Ба ин қувваҳои озодибахш, ҳаракати ватанхоҳони пинҳонкор ва гурезаҳои ҳарбии аз лагерҳои ҷазодиҳии сершумори олмони ҷон ба саломат бурда ҳамроҳ шуданд. Дар Италия, Фаронса, Юнон, Булғория, Словакия, Польша, Норвегия ва Югославия ин ҳаракат ба ҳадде қувва гирифта буд, ки баъзан ба фронти муқовимат табдил меёфт. Тоҷикистониёнро дар аксари қувваҳои муқовимати ин халқу давлатҳо дидан мумкин буд. Масалан, аз лагерҳои меҳнатии дар ҳудудҳои Олмон, Полша, Дания, Италия, Норвегия буда, ба тоҷикистониёни зиёде муяссар гардида буд, ки гурехта ба гурӯҳҳои муқовимати ин ё он давлатҳо дохил шуда, бо фашизм ҷанганд. Даҳҳо нафар тоҷикон бо номи «Иван - Тоҷик» сазовори мукофотҳои миллии Польша (Лаҳистон), Италия, Югославия, Фаронса ва Норвегия гардидаанд. Тоҷикистониён Виктор Алексеенко ва Вартан Петросян, Абдухон Шарифов, Абдулло Ҳомидов, Қодир Раҳимов, Неъмат Маҳмудов, Атоулло Убайдуллоев дар ҳайати қӯшунҳои озодибахши Фаронса; Ҳайдар Ниёзов, Машариф Бӯриев, Тоҳир Маъмуров,Ҷумъабек Ҷарбахов, Назар Қайюмов, Абдувосит Тошматов, Мамадҷон Додобоев, Абдуҳомид Раҳмонов, Назар Қайюмов, Бекназар Турдиназаров дар Югославия; ҳамчун гарибалдичиёни тоҷик Содиқ Қодиров, Ҷӯра Рустамов, Анвар Яҳёев, Бобоҷон Маҳкамов,
Мирсаид Абдуллоев, Шариф Самадов, Алиқул Назаров ва С.Каримов дар Италия, ва М.Аҳмадов дар Булғория, Ҳодибой Шодиев, Малик Ашӯров, Деҳқон Солиев, Неъмат Ёқубов, Ашӯр Ҳайдаров, Ёқуб Шокиров, Қаҳҳор Саидов, Муҳаммад Меликов, Сӯфӣ Нуров, Маҷид Саидов, Ашӯрбой Ҷӯраев, Ҳ. Муҳаммадҷонов ва даҳҳои дигарон дар Польша, Самад Раҳмонов, Салоҳиддин Тошмуродов аз Шерободи Хатлон, Ашраф Ашӯров аз Шайхбурҳони Хуҷанд, Саидхоҷа Мамадови хуҷандӣ, Машариф Аминов, Абдуҳамид Каримов, Сангин Гадобоев, Шарифҷон Раҳимов, Самандар Раҳимов дар исёни Словакия зидди Олмон ва фашизм ҷангидаанд. Номи ҳамаи ин муқовиматгарон дар таърихи ин давлату халқҳо сабт аст.
Дар лагерҳои марг ва меҳнатӣ. Дар солҳои ҷанг фашизм барои халқҳою давлатҳои забткардааш лагерҳои (гирдоварии маҳбусони сиёсӣ, асирони ҳарбӣ ва аҳолии зиёди ба сифати қувваи корӣ асиргирифта дар тамоми минтақаҳои забтшуда 55 контслагер, 7205 маркази меҳнатӣ, 371 марказ барои гурезагон, 2071 ҳабсхона, 506 гетто ва ҳазорҳо шуъбаҳои онҳоро таъсис дода буданд. Ҳар лагер тахассуси худро дошт, ки ба дараҷаи айб ва ё хавфи маҳбус вобаста буд. Дар Дахау, Заксенхаузен, Освентсим-1 ва Освентсим-2, Бухенвальд, Флоссенбург, Нёенгамме, Маутхаузен асосан ба марг маҳкумшудагон ҷойгир буданд. Даҳшати маҳбасҳои марг - ХОЛОКОСТҲО то ҳол аз хотирҳо фаромӯшнашудааст.
Дар лагерҳои меҳнатӣ ҳам аз сабаби бад будани шароити меҳнату ҷойи хоб ва хӯрок қариб ҳар маҳбуси сеюм ҳалок мегардид. Ин маҳбусонро ҳамчун қувваи арзони корӣ истифода мебурданд. Барои ҳамин ҳам ба шароити маишии маҳбусони корӣ ҳеҷ аҳамият намедоданд. Расми чунин маҳбусон далели гуфтаҳост. Фарқи маҳбасҳои меҳнатӣ аз маҳбасҳои марг гурехтан дар он буд, ки аз маҳбасҳои меҳнатӣ гурехтан мумкин буду аз маҳбасҳои марг бисёр душвор буд. Аз маҳбасҳои меҳнатӣ ба ҳазорҳо тоҷикистониён муяссар гардида буд, ки гурезанд. То ҳол таърихи қариб сад нафари онҳо ба мо маълум асту бас. Ҳамаи онҳо баъди гурехтан ба дастаҳои муқовимати ин ё он халқҳо ҳамроҳ шуда, ҷангидаанд. Овозаи даҳшатҳои лагерҳои контсетратсионӣ ҳануз ҳам аз ёди ҷаҳониён сутурда нашудааст.
Тоҷикистониён аз лагерҳои марг ҳам гурехтаанд. Масалан, аз байни 27 асири аз Освентсим гурехта тавонистагӣ тоҷик Неъматулло Қобилов (рақами шахсиаш 9951) ҳам буд. Ӯро баъди аз таъқиб раҳоӣ ёфтан бо ду автомати немисӣ, вале мондаю бемадор гурӯҳи озодихоҳони поляк меёбанд ва ба ҳудуди Чехословакия мегузаронанд. Неъматулло Қобилов ба исёнгарони словак ҳамроҳ шуда, то озод гардидани сарзамини Словакия ҷанг кардааст. Сомеъ Ҷалиловро, ки ӯ ҳам маҳбуси Освентсим буд, қӯшунҳои шӯравӣ озод карда буданд. Котов Сергей Дмитриевич, ки солҳои дароз дар ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгор буд, низ маҳбуси маҳбаси Бухенвальд буд. Аз маҳбасҳои марги Олмон аз рӯйи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, ба тоҷикистониён Холма Додобоев, Ҷалил Шодиев, Мардон Мансуров ҳам озод шудан муяссар гардидааст. Аз тоҷикистониён асирони зиёде, ба шиканҷаҳои асирӣ тоб наоварда, мисли полковник Боймирзо Ҳаит ба Ватан хиёнат карда, ба дастаҳои зиддишӯравии бо ном «Легиони туркистонӣ» дохил шуда буданд. «Легиони туркистонӣ», ки аз ҳисоби асирони мусулмони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуда буд, дар муҳорибаҳои зидди қӯшунҳои шӯравӣ фаъолона иштирок дошт.
Луғат
3. «Легиони туркистонӣ» - Олмони фашистӣ дар солҳои 19411943 аз ҳисоби асирони мусулмони шӯравӣ «Легиони туркистонӣ»-ро ташкил дода, онро дар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ истифода бурда буд.
4. Гетто - геттоҳо маҳалҳои махсус буданд, ки фашистон онҳоро барои халқҳои чун яҳудиён, полякҳо кушода буданд ва мехостанд онҳоро аз қавмияту забон ва арзишҳои миллиашон маҳрум созанд.
5. Партизан - иштирокчии дастаи муқовимати зидди истилои немисҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар дошта мешавад.
6. Ҳаракати партизанӣ - ин ҳаракати муқовиматгарон бар зидди истилогарон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.
Савол ва супоришҳо:
4. Маҳбасҳои марги фашистиро номбар кунед?
5. Гурезаҳои маҳбасҳои марги фашистиро номбар кунед?
Реклама