Мактаб дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон. Вазъияти мактабро дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ду давра солҳои 1939-1941 ва 1942-1945 ҷудо кардан зарур аст. Дар давраи ибтидои ҷанг мактабҳои Тоҷикистон ба ягон таѓйироти ҷиддӣ дучор нагардиданд. Баръакс, мактаб ҷойи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарварии шўравӣ қарор гирифта буд. Шумораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ (асосан мактабҳои ҳафтсола) зиёд мегашт. Агар дар соли хониши 1938-1939 шумораи чунин мактабҳо 157 ададро ташкил дода бошад, соли хониши 1940-1941 ба 778 адад расида буд. Шумораи талабагони синфҳои ибтидоӣ соле ду баробар меафзуд, вале аз охири соли 1941 сар карда, аз нарасидани муаллим, асбобу анҷоми таълимӣ, сарулибоси мактабӣ дар синфҳои болоӣ шумораи талабагон кам шуд. Ин сабаб дошт. Аввал ин ки хонандагони синфҳои болоӣ ҳамчун қувваи ёрирасони оила ба корҳои саҳроӣ ва саноат ҷалб карда шуда буданд. Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳа ин ҳолатро медонистанд ва зери назорат гирифтанд. Аввалан ба каму зиёд будани хонандагон нигоҳ накарда, аксари мактабҳои ибтидоиро ё ба мактабҳои 7 сола ва ё ба шуъбаҳои мактабҳои 7 сола табдил доданд. Бо сару либос ва лавозимоти таълимиву қисман хўрок таъмин намудани талабагонро ба воситаи буҷети давлатӣ ва таъсиси фонди ёрии маориф ба роҳ мон-данд. Талабагони синфҳои 9-10 аз пардохтани ҳаққи таълим озод гардиданд, шумораи интернатҳо аз 7 адади соли 1941 ба 13 адад дар соли 1943 ва 23 адад дар соли 1945 расид. Аз соли таҳсили 1943 сар карда, барои наврасони дар истеҳсолот коркунанда мактабҳои таълими шабона кушоданд. Фаъолияти ташкилотҳои ҷавонони (комсомолии) мактаббачагону муаллимонро пурзӯр намуда, ба онҳо вазифаҳои калони ташкилотчигӣ доданд. Барои таъмини мактабҳо бо муаллимон курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ кушода, давлат тамоми харҷу сарфи онро ба зимма гирифт. Ин курсҳо одатан тобистон дар вақти таътили тобистона амал карда, ба онҳо хатмкунандаҳои синфҳои болоӣ ҷалб карда мешуданд. Чунин курсҳоро дар солҳои 1943-1945 зиёда аз 4000 нафар хатм карда буданд. Барои таълими забони русӣ омӯзгорони аз Белорус, Украина ва Русия муҳоҷиршуда ҷалб карда мешуданд. Шумораи онҳо аз 420 нафар кам набуд. Буҷети давлатии маориф ҳам он қадар тағйир наёфт. Буҷети маориф соли 1941-180,4 миллион, соли 1942-125 миллион, соли 1944- 186,1миллион, соли 1945-219 миллионро ташкил дод. Муҳимтар аз ҳама он буд, ки қонуни асосии таълими умумӣ тағйир наёфт.
Ҳукумат ба маорифи ҷумҳурӣ ёрии ҳамаҷонибаи худро мерасонд, вале ин ҳама чорабиниҳо сари роҳи камшавии шумораи хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро гирифта натавонист. Масалан, соли таҳсили 1941-1942 дар синфҳои 1- 4 254 ҳазор талаба таҳсил дошт. Солҳои минбаъдаи таҳсили 1941-1942 - 213ҳазор, 1942-1943 - 196 ҳазор, 1943-1944 - 178 ҳазор, 1944-1945 - 158 ҳазорро ташкил медод, ки қариб 100 ҳазор талаба кам шуда буд. Ин камшавӣ на аз сабаби набудани контингент, балки аз нарасидани сару либос ва пеш аз ҳама вазнин шудани шароити моддии оилаҳои хонандагон ба амал омада буд. Дар баъзе мактабҳо камшавии шумораи хонандагон то 40-50 %-ро ташкил медод.
Дар ибтидои ҷанг дар ҷумҳурӣ 13306 муаллим дарс медоданд. Аз ин ҳисоб 8469 нафарашон маълумоти миёнаи нопурра доштанд. Аз 2-юми июн то 25-уми октябри соли 1941-5000 муаллим ба фронт рафтанд, аксари онҳо маълумоти олӣ ва миёнаи педагогӣ доштанд. Ҷойи ба фронт рафтагонро дар давоми солҳои 1941-1945 зиёда аз 2100 хатмкардаи мактабҳои олӣ ва миёнаи педагогӣ, тақрибан 4,5 ҳазор хатмкунандаи курсҳои кутоҳмуддат ва тақрибан 421 нафар эвакуатсияшудагон ишғол карда буданд.
Бо қарори махсуси Ҳукумати умумииттифоқ аз соли таҳсили 1943 сар карда, барои муаллимон имтиёзи давлатии ба фронт нагирифтани муаллим ҷорӣ карда шуд. Ин имконият дод, ки мактабҳо бо муаллимон каму беш таъмин бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми солҳои ҷанг мактабҳои Тоҷикистон нисбат ба мактабҳои минтақаҳои наздифронтии мамлакат, на фақат хубтар кор карданд, балки дар кори ёрии ақибгоҳ ба фронт саҳми босазои худро ҳам гузоштанд.
Илм, адабиёт ва санъат дар хизмати ҷанг.Илм. Илми ҷумҳурӣ ҳам дар ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ саҳми худро гузошта буд. Маркази илмии ҷумҳурӣ Шуъбаи тоҷикистонии АФ СССР буд, ки аз ибтидои ҷанг самти асосии фаъолияти худро барои мустаҳкам гардонидани иқтидори ҳимоявии мамлакат ва ёрии ҳамаҷониба ба фронт равона карда буд.
Дар ин кор қарори ШКХ ҷумҳурӣ аз сентябри соли 1941 «Дар бораи бозсозии кори Шуъбаи тоҷикистонии АИ СССР» нақши муҳим бозид. Ин қарор самтҳои асосии илми ҷумҳуриро барои дарёфти мавзеъҳои нави ашёи барои саноати ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар саноат ва хоҷагии қишлоқ муайян карда буд. Кормандони пажӯҳишгоҳи геология истихроҷи ангишти Зиддӣ, Тошқӯтанро ба роҳ монда, конҳои Киштут, Заврон ва Заҳматободро кашф карданд. Захираи сурб дар Ромит кашф шуд. Истеҳсоли волфрам, сурма, нуқра, сурб, чинӣ ва булӯри кӯҳӣ дар Помир сар карда шуд. Олимони соҳаи тиб-парази- тологҳо ва зоологҳои Тоҷикистон корҳои зиёдеро доир ба масъалаи доруворӣ ба анҷом расонида, пешгирии эпидемияҳоро тадқиқ карданд.
Таърихчиён дар мавзӯъҳои ватанпарварию қаҳрамонӣ асарҳо эҷод карданд. Асарҳои устод Садриддин Айнӣ «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», Бобоҷон Ғафуров ва Н. Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» (соли 1944) аз чоп баромаданд.
Моҳи апрели соли 1944 дар Душанбе Сессияи илмӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон шуда гузашт, ки дар он зиёда аз 60 маърӯза шунида шуд. Дар байни маърӯзачиён олимони намоён Бобоҷон Ғафуров, М,С.Андреев, Е.Н.Павловский, И.Н.Антипов- Каратаев ва дигарон буданд. Павловский. Е.Н.
Адабиёт. Адабони тоҷик дар таърихи 27.06.1941 дар мактуби кушоди худ эълон доштанд, ки мо ҳам худро ба фронт даъватшуда мешуморем ва тайёрем, ки ба даст яроқ гирифта, дар сафи пеши муҳориба бошем. Аҳли қалам ҳам кору фаъолият ва эҷодиёти худро ба давраи ҷанг мутобиқ карданд. Як гурӯҳ қаламкашон ихтиёрӣ ба фронт рафта, бо яроқу сухан ба ҷанг даромаданд. Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Ҳаким Карим, Ашӯрмат Назаров, Ҳабиб Аҳрорӣ, Лутфулло Бузургзода, Муҳиддин Фарҳат, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ қаламкашони ҷанговар гардиданд.
Аз байни онҳо Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода ва Абдушукур Пирмуҳаммадзода қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Каламкашони дигар устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ асарҳои зиёди қаҳрамонӣ офариданд. Дар байни онҳо «Каҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ»-и устод Садриддин Айнӣ, достони «Ғалабаи Таня»-и утод Абулқосим Лоҳутӣ, «Писари Ватан»-и Мирзо Турсунзода машҳуртарин асарҳои давраи- ҷангии адибони тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Санъат дар хизмати ҷанг. Санъати Тоҷикистон ҳам кори худро ба шароити давраи ҷанг мутобиқ карда буд. Дар соли 1942 дар ҷумҳурӣ 21 муассисаи театрӣ амал мекард, ки дар байни онҳо 5 театри аз минтақаҳои ҷанг кӯчонидашуда (Театри мусиқӣ - мазҳакавии Ленинград, театри шаҳри Воронеж, копеллаи «Димка»-и Украина, оркестри симфонии Киев, Театри лӯхтаки Днепропетровск) фаъолият доштанд. Охири соли 1941 як гурӯҳ хатмкардагони студияи драммавии тоҷики назди ГИТИС-и Москва ба театри Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Соли 1941 бинои нави Театри опера ва балет ба истифода дода шуд. Аввалин намоишномаҳои давраиҷангӣ дар саҳнаи Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Ба ҷанг»-и Е. Ёқубҷонов ва В. Зелеранский, «Хонаи Нодир»-и Ҷалол Икромӣ, «Дар оташ»-и Сотим Улуғзода буд. Театри давлатии опера ва балет мазҳакаи мусиқии «Розия», либреттои «Тоҳир ва Зуҳро»-и Мирзо Турсунзодаро ба саҳна гузошта буд. Театрҳои дигари ҷумҳурӣ ҳам дар мавзӯи ҷанг намоишномаҳои саҳнавӣ таҳия карданд.
Санъаткорони тоҷик кори ҳарбӣ-ватанпарвариро хуб ба роҳ монда, гурӯҳи театри фронтиро таъсис доданд, ки ба театри фронтии тоҷик табдил ёфт. Ин театр дар фронтҳои Волхов, Марказӣ, Ғарбӣ, Беларус ва садҳо госпиталҳо бо барномаҳои худ баромад карда, рӯҳияи ҷанговаронро баланд мебардошт.
Санъати кинои тоҷик ҳам худро ба давраи ҷанг мутобиқ карда, якчанд навори ҷангӣ, аз ҷумла, якчанд филми кӯтоҳро бо номи «Саргузаштҳои нави Швейк» ба навор гирифт. Баъди ба Душанбе кӯчида омадани «Союздетфилм», «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо он филмҳои «Қасами Темур», «Лермонтов», «Рамз дар назди Сокол» ва чанди дигарро ба навор гирифт. Дар байни онҳо филмҳои дарозмет- ражи «Фарзанди Тоҷикистон» ва «Киноконсерти тоҷик» ҳам буд.
Дар маҷмӯъ, санъати тоҷик дар тарбияи ватанпарварию ватандӯстӣ, дӯстии байни халқҳо, бародарӣ саҳми худро гузошт.
Савол ва супоришҳо:
1.Олимони Тоҷикистон ба кадом шохаҳои илм аҳамият медоданд ва барои чӣ?
2.Адибони ҷанговари тоҷикро номбар кунед.
3.Ягон асари ҷангии адибони ҷангноманависро шарҳ диҳед.
4.Аз фаъолияти таеатри фронтии тоҷик ва ҳунарпешаҳои он маълумот диҳед.
Реклама