§ 45-46.  ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

§ 45-46.  ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  Мафҳуми инқилоби маданӣ. Инқилоби маданӣ дар асри ХХ аз дигаргуниҳои бузург ва пешрафтҳои бемислу монанд дар соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ (театр, клуб, китобхона, нашриёт, полиграфия, радиофикатсия, кинонамоишдиҳӣ) ба вуҷуд овардани кадрҳои миллӣ иборат буд. Мафҳуми инқилоби маданӣ инчунин мафҳуми сиёсӣ буда, ба рӯзгори халқи тоҷик ҳамроҳи Давлати Шӯравӣ ворид гардид ва як қисми сиёсати махсуси шӯравӣ дар бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ дониста мешавад.

  Қисми асосии инқилоби мадании шӯравиро (сотсиалистиро) ба вуҷуд овардани тафаккури марксистӣ-ленинӣ ташкил медод ва ин тафаккур сиёсати давлатии Ҳокимияти Шӯравӣ гардида буд. Ҷанбаи мафкурравии (идеологии) он ба вуҷуд овардани маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ буд. Инқилоби маданӣ дар Тоҷикистон аз барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ оғоз ёфта, аввал маорифи халқӣ ва баъд бо баробари ба вуҷуд овардани иқтисодиёти сотсиалистӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти маданиро фаро гирифта, дар солҳои 30-юм ба таъсиси маорифи халқӣ, таълими ҳатмии ҳамагонии ройгон, муассисаҳои зиёди фарҳангии ба хизмати халқ нигаронидашудаю ҳуқуқи баробари истифода аз хизмати ин муассисаҳо ва ташаккули зиёиёни миллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба охир расид. Тоҷикистон дар ташаккули маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии худ дар 20 соли аввали Ҳокимияти Шӯравӣ роҳи ҳазорсолаи баъзе халқҳои ҷаҳонро тай карда, дар бисёр соҳаҳои ҳаёти маданӣ ба мисли маориф, тиб, санъат, адабиёт, ҳуқуқ, имконияти ба халқҳои пешқадами ҷаҳон баробар гардиданро ба даст оварда буд.

  Маориф ва мактаб. Қисми асосӣ ва махсуси инқилоби маданиро маориф ва мактаб ташкил медод. Ба маорифи халқ муассисаҳои тарбияи томактабӣ (боғчаҳои бачагона, яслиҳо), ҳама гуна мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус, техникум, мактабҳои олӣ, шаклҳои гуногуни таълими касб ва ташкили ихтисоси кормандон дохил мегардиданд.

  Маорифи халқи Тоҷикистон маҳсули давраи сотсиализм буда, ташаккулёбии он ба солҳои 20-ум рост меояд. Маорифи халқи шӯравӣ дар асоси сентрализми демократӣ ташаккул ёфта, мутамарказ гардида буд. Мақомоти идории он Вазорати маориф ва шуъбаҳои маорифи комиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ буданд. Дар Тоҷикистон таълими ҳатмӣ дар асоси қарори КИМ ва ШКХ СССР (ИҶШС) аз 14-уми августи соли 1930 ва КИМ ШКХ ҶШС Тоҷикистон аз 11-уми октябри соли 1930 сараввал дар соли хониши 1931-1932 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ӯротеппа ҷорӣ гардидааст. Таълими ҳатмӣ маълумоти ибтидоиро дар назар дошт. Маълумоти ҳатмии таҳсил дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ӯротеппа ҳафтсола ва боқимондааш мактабҳои дараҷаи 1-ум ва 2-ум ҷорӣ карда шуда буд. Фарогирии наврасони 7-8-9-сола ба мактаб соли 1933 пурра ба охир расид. Шумораи мактабҳо аз 336 адади соли 1928 ба 2519 адад ва шумораи хонандагон мутаносибан аз 13 ҳазор ба 125 ҳазор ва муаллимон аз 543 ба 3795 нафар расид. То соли 1933 мактабҳо дусола буданд, яъне синфҳои 1 ва 2 кор мекарданд. Синфҳои 3 ва 4 хонандаи доимӣ надоштанд. Бинобар ин, дар баъзе мактабҳо синфҳои 3 ва дар аксари мактабҳо синфҳои 4 хонанда надоштанд.

  Аввалин мактаби миёна дар деҳоти Тоҷикистон соли 1934 кушода шуда буд. Соли 1936 шумораи онҳо ҳамагӣ ба 6 адад расида буд. Соли хониши 1938-1939 дар ҷумҳурӣ 4200 мактаби гуногун амал мекард, ки 83 ададаш мактабҳои 7-сола ва 18 ададаш мактабҳои миёна (даҳсола) ва боқимонда мактабҳои ибтидоӣ буданд. Дар ин мактабҳо 225 ҳ. хонанда таҳсил мекарданд. Ба ғайр аз мактабҳои таълими ҳатмии умумӣ боз мак-табҳои маҳви бесаводӣ ва шабона низ фаъолият мекарданд. Дар солҳои таҳсили 1938-1940 дар Тоҷикистон дар мактабҳои шабона 3307 нафар хонанда таҳсил дошт ва 1482 нафар онҳоро хатм карданд. 

  Сиёсати маҳви бесаводӣ ба он овард, ки соли 1939 дар Тоҷикистон аз ҳар 1000 нафар аҳолӣ 170 нафараш хонанда буд. Саводнокии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 82,8% расида буд. Дар ҳолате, ки дар ҳамин давра дар Ҳиндустону Туркия ин нишондиҳандаҳо 12% ва 18%-ро ташкил медоданд.

  Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон донишкадаҳои педагогии Душанбе (с.1931), Хуҷанд (с. 1932), Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (с.1934), Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (с.1937), Академияи сабзавоту меваи Хуҷанд фаъолият мекарданд. Дар қатори ин мактабҳои олӣ боз 28 мактаби миёнаи махсус ва техникум, комбинатҳои педагогии Душанбе (2), Хуҷанд (2), Конибодом, Ғарм, Нов, Ӯротеппа, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб, Шаҳринав фаъолият доштанд. Соли 1939 дар Тоҷикистон Анҷумани аввалини муаллимони аълочӣ барпо гардид, ки дар он 350 нафар намоянда иштирок доштанд.

  Соли 1939 гузариш ба алифбои кириллӣ сар шуд, ки бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани ҷумҳуриро осон кард.

  Илм. Маҳви бесаводӣ, низоми рушдёфтаистодаи маорифи халқ ва зарурати тадқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, ба таъсиси экспедитсияҳою муассисаҳои илмӣ боис гардид. 

  Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон бригадаи АФ СССР (ИҶШС) ва экспедитсияи комплексии Тоҷикистону Помир, ки то 700 олиму муҳаққиқро дар бар мегирифт, ба омӯзиши ҳаматарафаи таърих, ҷуғрофия, адабиёт, санъат, захираҳои табиӣ, захираҳои меҳнатӣ (қувваи корӣ) ва ғайраи Тоҷикистон машғул буданд. Экспедитсияи комплексии Тоҷикистону Помир қариб даҳ сол фаъолият дошт. Бо пешниҳоди ин ташкилотҳо ва ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон аввали соли 1933 дар Душанбе базаи тоҷикистонии АФ СССР (ИҶШС) ба фаъолият шурӯъ кард. Асоси ин муассисаи илмиро АФ СССР (ИҶШС) гузошта, дар тайёр кардани кадрҳои илмии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт. Ин база асоси АИ Тоҷикистон гардида буд. Дар база олимони машҳури давр С.Ф.Олденбург, А.Ф.Иоффе, Д.Н.Прянишников, А.Е. Ферсман, Е.Н.Павловский, Н.А.Кисляков, Д. Фанян  ва дигарон кор мекарданд. 

  Зери роҳбарии ин олимон аввалин дастаи олимони шӯравии тоҷик ба соҳаи илм қадам ниҳоданд. Дар байни онҳо: З.Ш.Раҷабов, Б.И. Искандаров, Б. Ғ. Ғафуров буданд, ки баъдҳо то ба дараҷаи ходимони машҳури илми шӯравӣ сабзида расиданд. 

  Муасиссаҳои фарҳангӣ. Санъат. Самти дигари инқилоби маданӣ сиёсати ба вуҷуд овардани санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ буд.  Сиёсати мақсадноки Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани фарҳанги халқ ва аз рӯйи нақша бемайлон баланд шудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ–маърифатӣ театрҳо, театрҳои кинонамоишдиҳӣ, клубҳо, китобхонаҳои оммавӣ, нашриёт ва паҳн намудани китоб, ки аз тарафи давлат маблағгузорӣ мешуд, ба инкишофи соҳаҳои гуногуни санъат мусоидат кард. 

  Дар Тоҷикистон дар солҳои 1930-юм се театри касбӣ, филармонияи давлатӣ, ансамбли рақсии миллӣ, оркестри симфонӣ, хонаи эҷодиёти халқ, театри опера ва балет фаъолият дошт. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди санъат хароҷоти калон мекард. Барои ҳамаи соҳаҳои фарҳанг 627,5 млн. сӯм ҷудо карда шуда буд, ки нисбат ба соҳаи саноат ва кишоварзӣ зиёдтар буд. Театри пешқадами ҷумҳурӣ Театри драмавии ҷумҳурӣ дар Душанбе (ҳоло ба номи А. Лоҳутӣ) буд. Дар саҳнаи он асарҳои “Шоҳнома”, “Исён”-и Фурманов, “Мубориза”-и У. Усмонов, “Душман”-и Ҷ. Икромӣ дар иҷрои ҳунармандон Туҳфа Фозилова, Софя Тӯйбоева, Саидов, М. Қосимов ва дигарон ба саҳна гузошта шуда буданд. Дар назди ин театр соли 1933 гурӯҳи мусиқӣ таъсис ёфта буд, ки бо консертҳои худ дар ноҳияҳою колхозҳо мекард. Дар солҳои 30-юм дар ноҳияҳои Хоруғ, Ғарм, Кӯлоб, Панҷа- кент, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа, Исфара, Ҳисор ҷамъ 12 теат-  ри халқӣ таъсис дода шуда буд. Ин театрҳоро мактабҳои мусиқии Душанбе ва Хуҷанд бо кадрҳо таъмин мекарданд. Ҳунармандони ин театрҳо асосан аз дастаҳои ҳаваскорони санъат пур мешуданд, ки шумораи онҳо хеле зиёд буд. Онҳо дар назди театрҳою клубҳо амал мекарданд ва бо омма хеле наздик буданд. Намоишномаҳот хурди бештар якпардагиро ба халқ манзур мекарданд. Солҳои 30-юм озмунҳои театрӣ, хофизон (соли 1937), мусиқачиён ҳам гузаронида шуда буд. Фалакхонҳою гӯрӯғлихонҳои зиёде, ба монанди А. Ҷӯраев, Ҳикмат Ризо ва дигарон ба саҳнаи калон баромаданд.

  Санъати кинои тоҷик қадамҳои аввалини худро мегузошт. Солҳои 30-юм филмҳои «Даъват», «Муҳоҷир», «Як рӯзи колхоз», «Хоруғ», «Тоҷикистони офтобӣ», «Худои зинда», «Вақте ки амирон мемиранд» ба навор гирифта шуд. Дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон зиёда аз 140 нуқтаи кинонамоишдиҳӣ фаъолият дошт.

  Матбуот. Матбуот ҳам як соҳаи бонуфузи инқилоби маданӣ ҳисоб мешуд, чунки воситаи дорои имкониятҳои зиёди таъсиррасонӣ ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию маданӣ буд. Матбуоти тоҷик дар солҳои 30-юм нашри китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва плакатҳоро дар бар мегирифт. Саноати полиграфии Тоҷикистонро Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва 34 матбааи хурду калони ноҳиявӣ ташкил медод. Ин соҳа қудрат дошт, ки талаботи ҷумҳуриро бо китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврӣ ба ҳадди ақал таъмин намояд. Дар солҳои 30-юм полиграфистони тоҷик зиёда аз 10.000 номгӯй китобро бо теъдоди 50 млн. нусха аз чоп бароварданд.

  Дар Тоҷикистон дар охири солҳои 30-юм 83 номгӯй рӯзнома (7 номгӯй рӯзномаи ҷумҳуриявӣ, 51 номгӯй рӯзномаи  ноҳиявӣ ва 25 бисёртиража) бо теъдоди 17 ҳазор нусха ва 7 номгӯй маҷалла нашр мешуд. Дар байни рӯзномаҳо: «Тоҷикистони сурх», «Маориф ва маданият», «Коммунист Таджикистана», «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Шарқи сурх», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Болшевики Тоҷикистон» бо теъдоди зиёд нашр мешуд. 

  Дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон 416 китобхонаи оммавии дорои 260 ҳ. нусха китоб амал мекард. Соли 1933 китобхонаи оммавӣ-илмии ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ таъсис ёфт. Дар ҷумҳурӣ 2 осорхона (дар Душанбе ва Хуҷанд) фаъолият мекард. 

  Адабиёт. Дар солҳои 30-юм назму насри шӯравии тоҷик дар заминаи мазмунан сотсиалистию шаклан миллӣ инкишоф меёфт. Ба арсаи адабиёт адибони ҷавони зиёде бо асарҳои мазмунан нав ворид шуданд. Дар қатори С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, П.Сулаймонӣ, М.Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, А.Исматӣ, С.Ҷавҳаризода, номҳои М.Турсунзода, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, М. Миршакар, Ҳ.Карим, Ҳ.Юсуфӣ, Алихуш ва даҳҳо дигарон дохил шуданд. Соли 1934 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ёфт ва нашрияи он маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» буд. 

                                        

  Асарҳои устод С. Айнӣ: очерки «Колхози коммунизм» (1934), повестҳои «Мактаби кӯҳна» (1936), романи «Ғуломон» (1934), достони «Ҷанги одаму об» (1937), устод А. Лоҳутӣ «Тоҷу байрақ» (1935), «Пули Вахш» (1935), «Дар соҳили Днепр» (1936), либреттои «Коваи оҳангар» (1937), М. Турсунзода песаи «Ҳукм» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), Ҷ. Икромӣ повести «Ду ҳафта» (1933), драмаи «Мавҷҳои музаффарият» (1933), манзумаи «Орзу» ва шеъру таронаҳои зиёди А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М. Миршакар, С.Ҷавҳаризода, М.Раҳимӣ, А.Деҳотӣ, М.М.Аминзода, Ҳ. Юсуфӣ ва даҳҳо дигарон нашр гардиданд.

  Адабиёти тарҷумавӣ низ хеле зиёд гардид. Асосан асарҳои адибони классикҳои рус (Пушкин, Лермонтов, Тургенев, Чехов, Салтиков-Шедрин, Некрасов, Маяковский) ва ҷаҳонӣ (Балзак, Драйзер, Гримм, Лондон) тарҷума ва нашр мешуданд. Ҳамин тариқ, дар солҳои 30-юм дар ҳаёти мадании ҶШС Тоҷикистон пешравиҳои бемислу монанд ба амал омад: Тоҷикистон соҳиби муассисаҳои илмии миллӣ, дорои санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ, шохаҳои зиёди муассисаҳои фарҳангӣ, театр, клуб, китобхона, осорхона, нуқтаҳои радиошунавонию кинонамоишдиҳӣ ва иншооти варзишӣ гардид, яъне инқилоби маданӣ ба вуқӯъ омад ва амалӣ карда шуд.

  Луғат 

 1. «Барои адабиёти сотсиалистӣ» – маҷаллаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, ки ба ҷойи «Роҳбари дониш» (солҳои 1927-1932) аз моҳи августи соли 1932 то соли 1938 нашр мешуд. Аз соли 1938 бо номи «Шарқи сурх» ба чоп мерасид. 

 2. Пионер – калимаи фаронсавӣ буда, маънои луғавиаш – оғозкунанда аст. Ҳамчун мафҳуми иҷтимоӣ - пионер узви созмони ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқии пионерии ба номи В. И. Ленинро мегуфтанд. Ин созмон дар собиқ СССР (ИҶШС) соли 1922 ва ташкилоти ҷумҳуриявии пионерии Тоҷикистон соли 1925 таъсис ёфта буд. Ба ин ташкилот ташкилоти Иттифоқи Ленинии Коммунистони Ҷавони ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.

 3. «Пионери Тоҷикистон» – нашрияи созмони ҷумҳуриявии пионерӣ буд, ки аз соли 1932 чоп мешуд. 

  Саволҳо

1.  Инқилоби маданӣ чист ва чиҳоро дарбар гирифта буд. 

2.  Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои солҳои 30-ро ном баред.

3.  Дар Тоҷикистон кай таълими ҳатмии ҳамагонӣ ҷорӣ карда шуд? 

4.  Мактабҳои солҳои 30-ро шарҳ диҳед. 

5.  Театрҳои касбии солҳои 30-юмро номбар кунед. 

6.  Аз санъаткорони солҳои 30-юм киҳоро медонед?

7.  Мактабҳои аввалини олии Тоҷикистон кадомҳоянд? 

8. Адибони солҳои 30-.юм ва асарҳои онҳоро номбар кунед.                        

Реклама