§ 38. СИЁСАТИ ШӮРАВИИ СОХТМОНИ КОЛХОЗӢ ДАР СОЛҲОИ ПАНҶСОЛАИ ДУЮМИ ТАРАҚҚИЁТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ҶУМҲУРӢ(1933 - 1937)

§ 38. СИЁСАТИ ШӮРАВИИ СОХТМОНИ КОЛХОЗӢ ДАР СОЛҲОИ ПАНҶСОЛАИ ДУЮМИ ТАРАҚҚИЁТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ҶУМҲУРӢ(1933 - 1937)

  Тавсифи умумӣ. Чӣ тавре дар боби 29 қайд шуд, давраи сеюми коллективонӣ бо номи сохтмони колхозӣ маълум буда, дар Тоҷикистон асосан солҳои 1933-1937-ро, яъне солҳои панҷсолаи дуюмро дар бар гирифта буд. Хусусияти хоси ин давра ва ё сохтмони колхозиро аввалан саросар гузаштан ба колхозҳо (ТОЗ-ҳо ва артелҳо) ташкил медоду баъдан табдил ёфтани (додани)  ТОЗ-ҳо ба артелҳои хоҷагии қишлоқ. Акнун онро бо номи умумии сиёсати коллективонӣ ном мебаранд. Хоҷагиҳои солҳои охири панҷсолаи дуюм бо ду ном - колхоз, ки дар он хоҷагиҳои яккадаст муттаҳид шуда буданд ва совхоз (советское хозяйство), ки онро давлат ташкил медод, маълум мебошанд. Фарқи асосии колхозу совхозро принсипҳои (шаклҳои) ташкилӣ, моликиятдорӣ ва узвияти аъзоёнаш ташкил медод, яъне колхозҳо дар натиҷаи муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонии яккадаст бо замину асбобу афзори зироаткориашон ва бо ҳуқуқи тақсими маҳсулоти бадастомада аз рўйи миқдори (ҳаҷми) кори иҷрошуда, ки ба воситаи рӯзи меҳнат чен карда мешуд, таъсис меёфтанд. Аъзои онҳоро колхозчӣ меномиданд. Совхозҳоро бошад давлат аз ҳисоби замин, олоти меҳнати худ таъсис медод. Дар совхозҳо деҳқонон дар асоси шартнома бо муайян намудани маош барои кори дар 8 соат иҷрошаванда ба кор қабул мешуданд. Аъзои совхозҳоро деҳқон нею коргар меномиданд. Деҳқони колхозӣ умед ба ҳосил дошту коргари совхоз ба маош. 

  Раванди сохтмони колхозӣ дар рафти коллективонӣ. Чӣ тавре дар дарсҳои қаблӣ қайд шуда буд, дар ибтидои сиёсати сохтмони колхозӣ 85 % хоҷагиҳои деҳқонӣ ба колхозҳо (ТОЗ - 41,04,% артел - 42,05%, коммунаҳо 0,09 %, совхозҳо 1,82 %) муттаҳид карда шуда буданд. Танҳо 15% деҳқонон ҳанӯз ҳам чун хоҷагиҳои яккадаст фаъолият доштанд, ки 15% шумораи умумии деҳқононро ташкил медоданд, яъне шакли асосии колхозҳо ТОЗ-ҳо ва артелҳои хоҷагии қишлоқ буданд, ки 83,9% миқдори умумии хоҷагиҳои деҳқониро ташкил медоданд. Ҳукумат аз соли 1930 сар карда, ТОЗ-ҳоро чун  шакли беҳтарини колхозҳо  эътироф ва тавсия карда буд. Дар давраи гузариш ба коллективонии саросарии солҳои 1931-1932 ҳукумат сиёсати сохтани ТОЗ-ҳо ва табдил додани артелҳои хоҷагии қишлоқро ба ТОЗ-ҳо пеш гирифта буд. Дар охири давраи сиёсати сохтмони колхозӣ бошад, давлат сиёсати ташкил додани артелҳои хоҷагии қишлоқ ва табдил додани ТОЗ-ҳою коммунаҳоро ба артелҳои хоҷагии қишлоқ пеш гирифта буд. Барои ин мақсад дар солҳои 19331934 дар Тоҷикистон аз ҳисоби коммунистони ботаҷриба 34 шуъбаи сиёсӣ дар назди МТС ва совхозҳо кушода шуданд. 

  Вазифаи шуъбаҳои сиёсӣ тарғибу ташвиқи деҳқонони яккадаст ба колхоз, мустаҳкам кардани дастгоҳи колхозӣ (раёсат, идораи колхозӣ, ки то охири солҳои 80-ми асри ХХ правленияи колхозӣ номида мешуданд), тоза кардани раёсати колхозҳо ва худи колхозҳо аз кулакҳо, ташкили кори ҳисобу китоб дар колхозҳо буд. Шояд маълумоти ҳамин шуъбаҳои сиёсӣ буд, ки фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи муҳокимаи КМ ВКП(б) гардида буд. Тоза кардани сафҳои ҳизб, раёсатҳо то ба колхозҳо ва ҳатто аъзоёни колхозҳо (колхозчиён) аз унсурҳои бою кулакӣ ба хатоҳои ҷиддӣ оварда буданд. Ноҳақ деҳқонони зиёди асилро ба бою кулак мансуб дониста, аз вазифаҳои роҳбарию узвияти колхоз озод мекарданд ва ҷазо  ҳам медоданд. Ин амал нисбати аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам раво дониста  шуда буд. Аз ҷумла, Котиби якуми ҲК(б) Тоҷикистон Ҳусейнов, раиси КИМ Нусратулло Махсум, раиси ШКХ А.Ҳоҷибоев, ки гӯё аз беназоратии онҳо ба сафҳои ҳизбу ҳукумат ва хоҷагиҳо унсурҳои душмани сохти сотсиализм-кулаку бойҳо роҳ ёфта, бо нигоҳ доштани баъзе имтиёзҳо бори асосии андози шартиро  ба гардани камбағалон партофта бошанд. Ин шахсиятҳо аз вазифа озод карда шуда буданд. 

  Солҳои 1933-1937 бо зиёд гардидани техникаи МТС ҳосилнокии хоҷагиҳои коллективӣ баланд гардид ва сиёсати сохтмони колхозӣ тағйир ёфт. Ин тағйирот бештар дар ташкили хоҷагидории колхозӣ буд. Таҷрибаи ташкили меҳнату музди меҳнат, усули кор (инфиродӣ, звеногӣ, бригадавӣ) шаффофию ҳавасмандии деҳқонони  колхозиро баланд кард. ТОЗ-ҳо хизмати худро карданд. Оинномаи намунавии ТОЗ-ҳо меҳнати дастҷамъонаи коллективиро ба вуҷуд овард. Аз соли 1934 сар карда, ТОЗ-ҳою коммунаҳо ба артелҳои хоҷагии қишлоқ табдил ёфтан гирифтанд, чунки хоҷагии  сотсиалистӣ шуданашонро  ҳам исбот карданд. Устави намунавии артелҳои хоҷагии қиш-лоқ, ки дар асоси пешниҳодҳои анҷуманҳои 1,2,3 колхозчиёни пешқадам ва анҷуманҳои 1 ва 2 колхозчиён таҳрир ва мукаммал гардида буд, онро аз аввали  соли 1937 ба шакли хоҷагиҳои дигар ТОЗ-ҳою коммунаҳо раво дониста, ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ артели хоҷагии қишлоқ ном гирифт. Сохтори асосии колхозҳоро артелҳои хоҷагии қишлоқ ташкил медоданд. Аз соли 1935, гузариши ТОЗ-ҳо ба оинномаи  артелҳои хоҷагии қишлоқ сар шуда, соли 1937 ба саросар гузаштан ба он оғоз ёфта, соли 1938 анҷом ёфт.  Дар Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи дуюм сохтмони колхозӣ пурра ғалаба карда  90 %  хоҷагиҳо ва 98 % замини кишти  ҷумҳуриро дар бар гирифта буданд. 

  Дар ин давра ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ба 16,1 сентнер (баландтарин ҳосил дар СССР, ғалла ба 9,2 сентнер расида буд. 22% колхозҳо соҳиби фермаҳои говҳои ҷӯшоӣ гардида, саршумори чорвои калон 40 % , асп 25 % ва чорвои хурд 2 баробар афзуда, даромади умумии колхозҳо ба 38,9 миллион расида буд. Давраи гузариш аз феодализм ба сотсиализм  ба охир расида, сотсиализм дар деҳоти Тоҷикистон ҳам ғалаба кард.

  Луғат

 1. Колхозчӣ (колхозник,колхозница) - ибораи мураккаби сертаркибаи русӣ- тоҷикии  кол-хоз-чӣ(кол-коллективное(муттаҳид,дастҷамъӣ), хоз (хозяйство-хоҷагӣ ва чӣ –бандаки калимасози тоҷикист). Узви хоҷагии дастҷамъиро колхозчӣ, (колхозник) меномиданд. 

 2. Шуъба(ҳо)и сиёсӣ- созмони махсус барои ташкил додани колхозҳо дар назди МТС-ҳо, ки дар солҳои 1933-1935 амал мекарданд. Солҳои 1936-1941 онҳо  ба шӯъбаи махсус-шӯъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳиявӣ   табдил дода шуданд. 

  Савол ва супоришҳо

1. Сабабҳои асосии ба сохтмони колхозӣ рӯ овардани Ҳукумати Шӯравиро фаҳмонед. 

2. Колхозҳои давраи коллективонӣ дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо таъсис ва фаъолият мекарданд? 

3. Умумият ва фарқи  байни оинномаҳои  ТОЗ-ҳо, артелҳо ва коммунаҳоро шарҳ диҳед.

 4. Ғалабаи сотсиализмро дар деҳот муайян намоед.

Реклама