§ 14. МАЪРАКАҲОИ ЗАРБАЗАНИИ ЗИДДИ АНВАРПОШШО ВА БОСМАЧИГАРӢ ДАР СОЛҲОИ 1922 – 1923

§ 14. МАЪРАКАҲОИ ЗАРБАЗАНИИ ЗИДДИ АНВАРПОШШО ВА БОСМАЧИГАРӢ ДАР СОЛҲОИ 1922 – 1923

  Ташкили маъракаи мубориза бар зидди Анварпошшо. Ҳукумати умумииттифоқӣ январи соли 1922 масъалаи таъсиси Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ, феврали соли 1922 масъалаи ба ҳайати ҲКР(б) қабул шудани ҲК Бухоро, 20-уми апрели соли 1922 масъ- алаи “Дар бораи фронти Туркистон”-ро, инчунин чорабиниҳои табдил додани Бюрои Сиёсии туркистонии ҲКР(б) ба Бюрои осиёимиёнагии ҲКР (б)ва майи соли 1922 ташкил ёфтани корпуси 13-уми тирандозро аз ҳайати қисмҳои ҳарбии беҳтарини Русияи Шўравӣ (аз ҷумла, Армияи якуми савораи Будённий ва дивизияи 25-ми чапаевӣ) муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда буд. Ин ҳама чорабиниҳое буданд, ки дар миқёси Осиёи Миёна то он рўз ҳамто надош- танд. Ин тадбирҳо маъракаи аввалини мубориза бар зидди босмачигарӣ номида шуданд, ки дар асл мубориза бар зидди Анварпошшо буданд.

  Қувваҳои зиддишӯравӣ ҳам бекор нанишастанд. Ба Анварпошшо муяссар гардид, ки қӯшуни 20-ҳазораи босмачиёнро ба тариқи аврупоӣ созмон диҳад. Қӯшунҳои зиддишӯравӣ акнун ситод (штаб), хадамоти интендантӣ (танзими қӯшун) ва госпиталию лазаретӣ, ақибгоҳиро дошт. Ин шуъбаҳоро Орипов, Алӣ Ризо, Сурайё, махсуми Фузайл, Ҳасан, Дониёр, эшони Султон сардорӣ мекарданд. Ситоди Анварпошшо дар байни шаҳракҳои Бойсуну Юрчӣ ҷойгир буд. Бо ташаббуси ӯ дар деҳаи Қарасу анҷумани муллову эшонҳо ва сардорони дастаҳои зиддишӯравӣ даъват шуда буд. Анҷуман “ғазавот”- ҷанги зиддишӯравиро эълон кард. 

  Маъракаи якуми зарбазанӣ ба босмачигарӣ. Ташаббуси ҷангиро Артиши Сурх ба дасти худ гирифт. Аввали моҳи июли соли 1922 ба дастаҳои зиддишӯравии атрофи шаҳри Бухоро, ки ба онҳо Абдуқаҳҳору Дониёр сардорӣ мекарданд, зарба зада шуд. Дониёр шикаст хӯрда, ба Анварпошшо ҳамроҳ шуд. Қӯшунҳои корпуси 13-ум ба ду қанот – чап ва рост тақсим шуда буданд. Қаноти рост мебоист бо сардории Никитин ба воситаи Шеробод – Кокайтӣ – Тирмиз – Қубодиён – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб то ба Балҷувон ва қаноти чап аз Бойсун бо сардории Я. М. Мелкумов ба Деҳнав - Ҳисор - Душанбе - Кофарниҳон - Файзобод ва то ба Балҷувон мебаромаданд. Дар ҳайати қаноти чап гурӯҳи ҳарбие аз Самарқанд ба сӯйи Панҷакент ва Мастчоҳ ҳаракат намуда, саргаҳи Зарафшонро аз босмачиён озод мекард. Мақсад он буд, ки нагузоранд, то босмачиён пароканда шаванд ва ё ба хориҷа гурезанд. 15-уми июл қанотҳои росту чапи қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳаракат даромаданд. Анварпошшо дар атрофи Бойсуну Кафриюн муқобилати сахт нишон дод, вале истодагарӣ карда натавонист. Қӯшунҳои шӯравӣ 16-уми июн Миршодӣ ва 17-уми июн Деҳнаву Юрчиро ишғол карданд. Анварпошшо бошад, ба воситаи гузаргоҳи дараи Тангимуш ба водии Сурхон ақиб нишаст ва аз вазири ҳарбии Афғонистон ёрии иловагӣ пурсид. Сабаби асосии муроҷиати Анварпошшо ба вазири ҳарбии Афғонистон Нодирхон найрангҳои Иброҳимбек буд. Дар асоси ин талаб ҳукумати Афғонистон дар муддати моҳҳои июн ва июл ба Анвар 800-нафар афғонро фиристода буд. 18-19 ва 20-уми июн дар атрофи деҳаи Сариосиё ва соҳили дарёи Тӯпаланг ҷангҳои сахт ба вуқӯъ омаданд ва ба Анварпошшо талафоти зиёде расонида шуд. 30-юми июни соли 1922 ҳукумати ҶХШБ ба ҳукумати Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод. Дар он қайд шуда буд, ки ёриро ба Анварпошшо қатъ намояд. Аз муваффақиятҳои ибтидои амалиёти худ истифода карда, қаноти рости қӯшунҳои корпуси 13-ум 1-уми июл сарҳадро бо Афғонистон дар водии Вахш то Саройкамар баст, то ки қӯшунҳои Анварпошшо ба Афғонистон нараванд ва қӯшунҳои Афғонистон ба Бухорои Шарқӣ наоянд. Қаноти чапи корпус бошад, 1-уми июл Регар, Ҳисор ва Қӯрғонтеппаро ишғол кард. Ҷанги сахт дар деҳаи Арғамчини Қаратоғ шуд. Анварпошшо кӯшиш кард, ки Душанберо ҳимоя намояд ва ба ин тайёрӣ дид, вале онро ҳимоя карда натавонист. 14-уми июли соли 1922 қӯшунҳои шӯравӣ баъди задухӯрди начандон калон Душанберо ишғол карданд.Қӯшуни Анварпошшо пароканда шуд. Дастаҳои зиддишӯравии Мастчоҳ бо сардории Раҳмондодхоҳ ба қаторкӯҳҳои Ҳисор, босмачиёни Қаротегину Дарвоз бо сардории махсуми Фузайл ва эшони Султон ба тарафи Янгибозор ва боқимондаашон бо сардории Анварпошшо ба тарафи Кӯктош ва водии Лақай парешон шуданд. Иброҳимбек Анварпошшоро дар Кӯктош гузошта, худаш ба кӯҳҳои Рангон баромада рафт. Анварпошшо ба воситаи ағбаи Фахробод ба водии Вахш ворид гардида, хост Қӯрғонтеппаро ишғол намояд, вале аз тарафи полки 15-уми савора зарбаи сахт хӯрда, роҳи Сангтӯдаро пеш гирифт. Тактикаи ҷангии ӯро пай бурда, полки савораи 16-ум пеш аз вай ба Сангтӯда расид. Анварпошшо бо 5 ҳазор сарбоз ба Сангтӯда шитофт, вале гурӯҳи сарбозони Давлатмандбой ба оташфишонии қӯшунҳои шӯравӣ тоб оварда натавониста, қафо гашт. Аз ин истифода бурда, қӯшунҳои шӯравӣ ба қаноти чапи қӯшунҳои Анварпошшо зарба заданд ва вай истодагарӣ карда натавониста роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Аммо ба ӯ муяссар гардид, ки қӯшунҳои парокандагаштаи худро ҷамъ оварад ва ба муҳорибаи навбатӣ омода гардад. 17–19-уми июли соли 1922 дар Балҷувон ҷанги сахт шуд ва Анварпошшо шикаст хӯрд. 20-уми июл Балҷувон ишғол карда шуд.  Барои задухӯрди Балҷувон полки савораи 15-ум номи полки балҷувониро гирифта буд.  Анварпошшо бо 500 нафар сарбозаш, ки аксаран афғон буданд, ба тарафи деҳаи Обдара ақибнишинӣ карда, дар айни замон нақшаи фирори худро ба Афғонистон таҳия намуда, 4-уми августи соли 1922 кӯшиш кард, ки сафҳои лашкари шӯравиро рахна карда, ба воситаи Баҳорак ба хориҷа равад, вале натавонист. Полки 16-ум, ки дар сари роҳи ӯ қарор дошт,  ба ҳуҷум гузашт. Анварпошшо баъди панҷумин дафъа захмдоршавиаш ҳалок шуд. Давлатмандбой ҳам кушта шуд. Ба як гурӯҳ босмачиён муяссар гардид, ки аз муҳосира бароянд, вале онҳо ҳам шикаст хӯрданд. Бо ҳамин ба фаъолияти босмачигарӣ бо сардории Анварпошшо хотима дода шуд.19-уми августи соли 1922 иҷлосияи КИМ-и умумибухороӣ ахборро дар бораи маҳви Анварпошшо шунида, миннатдории худро ба Артиши Сурх баён кард. Моҷарои Анварпошшо ба охир расида бошад ҳам, ҷанги шаҳрвандӣ ба охир нарасида буд. Акнун ба арсаи сиёсӣ сарварони маҳаллӣ баромаданд. Иброҳимбек қисми зиёди ноҳияҳои имрӯзаи Рӯдакӣ, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ; махсуми Фузайл ва эшони Султон Қаротегину Дарвозро зери назорати худ гирифта буданд. Баъди шикаст додани Анварпошшо қӯшунҳои шӯравӣ ба маҳв сохтани Иброҳимбек сар карданд. Вале вазъияти ҳарбӣ баъди ба Бухорои Шарқӣ омадани афсари Туркия - Сомӣ тағйир ёфт. 

                                                 

  Маъракаи дуюми зарба занӣ ба бо Маъракаи дуюми зарбазасмачигарӣ ва ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Бо ташаббуси Англия баъди шикаст хӯрдани Анварпошшо дар Кобул дар ҳузури Олимхон ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он сардорони босмачиён ва ташкилотчиёни он аз тарафи Афғонистон Муҳаммадэшон ва Эшонқозӣ, аз Тошканд- қозӣ Қузуд ва Азимафандӣ, аз Фарғона Қориафандӣ, аз Бухоро Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев ва Ориф Ҳомид, аз туркманҳо Мулломуҳаммад иштирок доштанд. Ин ҷамъомад дар ҳайати Олимхон, У.Пӯлодхоҷаев, Қориафандӣ ва намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ маркази роҳбарии босмачигариро дар Осиёи Миёна ташкил дод ва инчунин Сомиро, ки яке аз ёварони асосии Анварпошшо буд, сардори босмачиёни Осиёи Миёна эълон кард. Моҳи октябри соли 1922 Сомӣ ба воситаи Қалъаихум ба Дарвоз омад. Ӯ рақобати эшони Султон ва махсуми Фузайлро ба манфиати худ истифода кард. Бештар бартарии махсуми Фузайл Сомиро водор кард, ки тарафи вайро гирад. Бо супориши Сомӣ Фузайл ба Дарвоз лашкар кашида, эшони Султон ва бародараш эшони Сулаймонро ба қатл расонида, худро мири Қаротегину Дарвоз эълон кард. Дар навбати худ Фузайл Сомиро ҳамчун вориси Анварпошшо эътироф намуд ва дастаи 500 - 600-нафараи худро бо сардории бародараш Саъдон ҳамроҳи Сомӣ ба водии Кӯлоб фиристод. Саркардаҳои босмачиёни Кӯлоб сараввал Сомиро эътироф накарданд. Вале баъди ба зани бевамондаи Давлатмандбой хонадор шудану номи худро ба Салимпошшо тағйир доданаш босмачиёни водии Кӯлоб ӯро эътироф карданд. Моҳи декабри соли 1922 Салим Кӯлобро дар муддати 15 рӯз ба муҳосира гирифт. Захираи тирҳои сарбозони горнизон тамом шуда истода буд. Дар ҳамин ҳолат фармондеҳи гарнизон Голтсев ба аскари қаторӣ Абдулназар фармон дод, ки пинҳонӣ гарнизонро тарк карда, хабари воқеаро ба гарнизони Кангурт расонад. Вале Салимпошшо бо ҳуҷумҳои пай дар пай тавонист, ки гарнизони 60 - 70- нафараро маҳв сохта, Кӯлобро ишғол намояд. Вай аскарони сурхи боқимондаи бетиру маҷрӯҳро ба қатл расонид, вале дар Кӯлоб истодагарӣ карда натавонист, чунки Абдулназар ба Кангурт расида, воқеаро ба аскарони полки 15-ум дер бошад ҳам, расонда тавонист. Полки 15-уми савора Салимпошшоро аз Кӯлоб ронд. Баъди ин шикаст Салимпошшо ба водии Ҳисор равона шуд. Дар ағбаи Фахробод ҷанги сахте рӯй дод ва ӯ ба водии Ҳисор фуромада натавонист. Ӯ баъди забти Қӯрғонтеппа (феврали соли 1923) ба деҳаи Шӯрёни Эсанбой омад ва Иброҳимбек ҳам ба итоати ӯ даромад. Дар ин ҷо ӯ ҷамъомади сардорони босмачиёнро гузаронида, аз ҳамин деҳа фармонҳои худро ба ҳар тараф фиристодан гирифт. Баъд аз чунин омодагиҳо Салимпошшо Иброҳимбекро дар водии Ҳисору Вахш гузошта, худ ба тарафи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард. Мақсади ин ҳаракат аз он иборат буд, ки ба вай қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ҳам ҳамроҳ шаванд. Ӯ барои бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ бархезонидани мардум ба деҳаҳои атрофи Самарқанд ҳуҷум кард. Дар вақти ҳуҷум бо забони русӣ ҳарф мезаданд, то ки нафрати мардумро нисбати русаскарҳо ба вуҷуд оваранд. Вале сардорони босмачиён хато карданд. Акнун мардуми таҳҷоӣ ба найрангу фиребҳои саркардаҳои ҳаракати зиддишӯравӣ сарфаҳм мерафтагӣ шуда буданд. Дигар ин ки дар байни аҳолӣ тамоюли ба тарафи шӯравӣ гузаштан сар шуда буд, ки яке аз муваффақиятҳои калони мубориза бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ буд. Ба Салимпошшо муяссар нагардид, ки қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Марказӣ ва Ғарбиро муттаҳид намояд. Дар моҳи март Салимпошшо дар водии Қаршӣ шикасти қатъӣ хӯрд ва як қисми сарбозонаш аз итоати ӯ баромаданд. Дар ҳамин вазъият Иброҳимбек боз шахсияти рақами аввал гардид. Баъди воқеаи Қаршӣ Салимпошшо кӯшиш кард, ки ба сарҳад барояд, вале дар Келиф шикаст хӯрда, маҷбур шуд, ки ба водии Ҳисор гурезад. Ин нокомиҳо рақобати байни қӯрбошиҳоро барои аввалин шудан зиёд карда буд. Дар нимаи дуюми моҳи май Салимпош- шо қӯрбошиҳои Боботоғ, Хонақоҳ, Файзободро ба Лақай даъват намуд ва ҳамаи онҳоро ба соҳили чапи дарёи Вахш бурд. Ин дар вазъияте буд, ки  Иброҳимбек барои ба худ тобеъ кардани қӯрбошиҳо имконияти бештаре дошт. Аввалан, дар ихтиёри  ӯ то 5 ҳазор ҷангиён буданд. Сониян, то ҳол Иброҳимбек шикасти сахт нахӯрда буд. Зиддияти байни Салиму Иброҳимбек аз як тараф, байни Иброҳимбеку махсуми Фузайл аз тарафи дигар нагузошт, ки тамоми дастаҳои босмачиён муттаҳид шаванд. Аввали моҳи июн задухӯрди охирин бо Салимпошшо ба вуқӯъ пайваст. Дар деҳаи Аулкиик Иброҳимбек полки дуюми савораи Туркистонро муҳосира кард. Ба ин деҳа Салимпошшо ҳам бо ду ҳазор сарбоз омада буд. Ҳар ду сардор ҳамдигарро тарсониданӣ буданд. Фармондеҳи полк Панкеев зиддияти онҳоро истифода бурда, ба тарафи дастаҳои Иброҳимбек ҳамла овард. Полки якуми савора бо сардории Мелников бошад, аз ақиби қӯшунҳои Салим баромада, зарба зад. Иброҳимбек ва Салим шикаст хӯрданд. Онҳо дар муҳорибаи Гулибулоқ, Бешбулоқ, Аулкиик ва гузаргоҳи Қизилқалъа (18 - 21- майи соли 1923) зиёда аз 800 нафарро талаф доданд. Баъди чандин шикастхӯриҳои дигар Салимпошшо 15-уми июли соли 1923 ба воситаи гузаргоҳи Хирманҷой ба Афғонистон фирор кард. Дастаи 1,5-ҳазорнафараи Иброҳимбек низ ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, дар Боботоғ, Лақай ва Вахш парешон шуданд. 

  Шикаст хӯрдани Фузайлмахсум ва ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ. Моҳҳои июл - августи соли 1923 Қаротегин ва Дарвоз озод карда шуданд. Барои озод кардани Қаротегину Дарвоз экспедитсияи махсус ташкил дода шуда буд, ки бо номи “Отряди экспедитсионии ҳарбӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ” маълум аст. Экспедитсия ду марказ дошт: Файзобод ва Ӯротеппа. Ба гурӯҳи ӯротеппаги Е.Н.Шветсов фармондеҳӣ мекард. Ӯ инчунин фармондеҳи гурӯҳи самарқандии экспедитсия ҳам буд. Фармондеҳи гурӯҳи файзободӣ Баранов буд. 

  Шветсов босмачиёни саргаҳи Зарафшонро торумор намуда, ба воситаи гузаргоҳи Дубурса ба соҳили  дарёи Сорбуғ фаромад. Дар дашти Хирсун ва Сиёҳдара Холбӯтаро шикаст дода, деҳаи Шингиличро ишғол намуд.

                   

  Баранов бошад, махсуми Фузайлро дар Обигарм шикаст дода, деҳаҳои тарафи рости Вахш (Алигалабон, Сичароғ, Чорсада, Пумбачӣ) ва 29-уми июл Ғармро озод намуд. Барои Ғарм ҷанги сахти 6-соата шуд. Махсуми Фузайл ба Чилдара ва Тавилдара қафо нишаста, ба Қалъаихум гурехт. 11-уми август қӯшунҳои экспедитсия Қалъаихумро ишғол карданд. 12-уми август Фузайл Махсум дар наздикии Балҷувон шикаст хӯрда, ҳамроҳи бародараш Саъдон ба Афғонистон гурехт. Моҳҳои сентябр - октяри соли 1923 Иброҳимбек боз қувваҳои зиддишӯравиро муттаҳид карда, бо дастаи 5000-нафарааш дар Ёвону Даҳанакиик амалиётро сар кард. Дар задухӯрдҳои Ӯрта, Қайнар, Норин, Ҷончиқ шикаст хӯрда, зиёда аз 1000-нафар босмачиро аз даст дод. Маҳз дар ҳамин давра қӯшунҳои шӯравӣ нисбат ба босмачиён бартарии зиёд доштанд. Дар ҳайати қӯшунҳои шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ 5832 аскар бо 222 пулемёт амал мекарданд. Дар задухӯрди Ҷончиқ Иброҳимбек бо дастаи 3800-нафараи саворагонаш, ки дар ихтиёрашон 6 пулемёти дастӣ ва тақрибан 20 автомати англисӣ доштанд, қӯшунҳои 1520-нафараи шӯравиро, ки 800 нафарашон шамшеру 720 нафарашон милтиқ ва 5 дастгоҳи пулемётӣ, 16 пулемёти дастӣ доштанд, ба муҳосира гирифт, вале оқибат шикаст хӯрд. Моҳи декабри соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ камтар аз 1,5 ҳазор босмачӣ боқӣ монда буду халос. Ҳамин тариқ, маъракаи дуюми зарбазанӣ, ки зидди Салимпошшо тайёр карда ва гузаронида шуда буд, бо шикасти дастаҳои калони босмачиёни тамоми Бухорои Шарқӣ ба анҷом расид. Бо ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба охир расид. Аммо амалиётҳои зиддишӯравӣ ҳоло давом меёфт. Дастаҳои зиддишӯравӣ ба дастаҳои ғоратгарон табдил ёфта, хусусияти сиёсии худро гум карда буданд. 

  Луғат

 1. Маъракаи зарбазанӣ - истилоҳи ҳарбии солҳои 20-уми асри ХХ аст, ки онро ҳарбиёни шӯравӣ дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1923 истифода кардаанд ва барои он маърака ном гирифта буд, ки зидди босмачигарӣ ҳама қувваҳои низомӣ (ҳарбӣ, милиса, прократура, қисмҳои махсус), ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ (ҳизб, итифоқи касаба, дастаҳои ҷангии ихтиёрӣ, вазоратҳои соҳавӣ) ва аҳолиро сафарбар карда буданд. 

 2. Экспедитсияи Қаротегин – ҳайати ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиеро мегӯянд, ки соли 1923 Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва ҶШФСР барои барҳам додани дастаҳои босмачиёни водии Қаротегин ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ин минтақа таъсис дода буд. Экспедитсия амалиёти ҷангии худро аз Файзобод ва Мастчоҳи Кӯҳӣ миёнаи тобистони соли 1923 сар карда, 15-уми октябри соли 1923 анҷом дод. Саволҳо 

1. Шарҳи ҳоли  Фузайлмахсумро нақл кунед. 

2. Салим кӣ буд ва дар бораи ӯ чӣ медонед?

Реклама