Вазъияти байналмилалӣ. Бо ба итмом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон дар вазъи байналмилалӣ тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Якум, кишварҳои иттифоқи зиддифашистӣ пароканда гардида, дар якчанд мамлакати Аврупои Шарқӣ, ба монанди Югославия (с. 1945 – 1991), Булғория (с. 1946 – 1990), Албания (с. 1947 – 1989), Лаҳистон (Полша) (с. 1947 – 1989), Руминия (с. 1947 – 1989) Чехословакия (с. 1948 – 1990), Маҷористон (Венгрия) (с. 1949 – 1989), Олмони Шарқӣ (с. 1949 – 1990) сохтори сотсиалистӣ ташаккул ёфт. Дуюм, бо қарори маҷлиси иқтисодии намояндагони давлатҳои Албания, Булғория, Лаҳистон, Маҷористон, Руминия, ИҶШС ва Чехословакия созмони байниҳукуматии иқтисодӣ – Шурои Ёрии Ҳамдигарии Иқтисодӣ (СЭВ) (с. 1949 – 1991) таъсис ёфт. Вазифаҳои шуро аз масъалаҳои зер иборат буданд: бо роҳи муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳди аъзоёнаш пайваста такмил додани ҳамкориҳои иктисодӣ, афзунгардонии раванди рушд ва ба дараҷаи баробари иқтисодӣ расидани мамлакатҳо, тезонидани пешравии илмию техникӣ. Сеюм, ҷаҳон ба ду лагери бо ҳам зид – капиталистӣ (таҳти сарварии ИМА) ва сотсиалистӣ (таҳти сарварии ИҶШС) тақсим шуда, дар солҳои минбаъда зиддияти байни тарафҳои муқобил торафт афзун гардид ва ба мусаллаҳшавии бошитоб оварда расонид. Ҳамзамон, ин ҳолат ҷанги ғоявии ду сохторро суръат бахшид, ки дар таърих бо номи «ҷанги сард» (с. 1946 – охири солҳои 80-ум) маълум аст. Чорум, санаи 4-уми апрели соли 1949 бо ташаббуси ИМА Аҳдномаи Атлантики Шимолӣ (НАТО) ташкил ёфт, ки ба он қариб аксари давлатҳои тараққикардаи сармоядори ҷаҳон дохил гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти иттиҳоди ҳарбию сиёсии мазкур, пеш аз ҳама, ба муқобили Иттиҳоди Шуравӣ ва иттифоқчиёни он нигаронида шуда буд. Панҷум, буҳрон ва инқирози низоми куҳнаи мустамликавӣ ба пирӯзиҳои мардумони кишварҳои Корея, Чин ва Ҳиндустон овард. Дар натиҷа соли 1948 нимҷазираи Корея, ки зери тасарруфи Ҷопон буд, озод гардида, ба ду қисми бо ҳам зид – Кареяи Шимолӣ (Ҷумҳурии ХалқӣДемократии Корея) ва Кореяи Ҷанубӣ тақсим шуд. Санаи 1-уми октябри соли 1949 кишвари Чин юғи истисмори мустамликавиро шикаста, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин табдил ёфт. Худи ҳамон сол Ҳиндустон, ки зиёда аз 200 сол мустамликаи Британияи Кабир ба ҳисоб мерафт, аз асорати мустамликавӣ озод шуда, ба ду давлати мустақил – Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон тақсим гардид.
Чӣ тавре ки маълум аст, ҷанг ба халқҳои ҷаҳон зарари моддӣ ва маънавӣ расонда, дар натиҷаи он миллионҳо шаҳрванд нобуд гардиданд ва рушди ҷомеаи инсонӣ ба ақиб партофта шуд. Аз ин ҷанг, пеш аз ҳама, Иттиҳоди Шуравӣ хисороти бузург дид. Беш аз 30 миллион шаҳрванди он ҳалок гардида, ба мамлакат зарари калони иқтисодӣ расонида шуд. Аз ин лиҳоз, халқи шуравӣ дар қатори дигар халқҳои ҷаҳон талаб мекард, ки ба саркардагони ҷанг ҷазо дода, минбаъд пеши роҳи ҷангҳои ҷаҳонӣ гирифта шавад. Бинобар он, моҳи августи соли 1945 давлатҳои бузурги ҷаҳон дар Конфронси Потсдам (Олмон) ҷамъ омада, фашизмро маҳкум карданд ва барои ҷазо додани гунаҳкорони ҷанг Трибунали ҳарбӣ созмон доданд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ чунин қувваҳои сиёсӣ-оммавӣ, ба монанди ҳаракати байналмилалии коргарӣ, коммунистӣ, ҳизбҳои сотсиал-демократӣ низ дар мустаҳкам намудани сулҳ саҳм гузоштанд. Қувваҳои сулҳҷӯйи ҷаҳон чунин созмонҳо, мисли Иттифоқҳои касаба, Федератсияи занон, ҷавонон ва дигар ташкилотҳои оммавиро таъсис дода, баҳри пойдории сулҳ дар ҷаҳон мубориза мебурданд.
Санаи 24-уми октябри соли 1945 дар асоси қарори Конфронси таъсисии Сан-Франсиско (ИМА) Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ташкил ёфта, аз ҳамон давра барои пойдории сулҳ ва таъмини амният дар рӯйи замин мунтазам мубориза мебарад. Мувофиқи Оиннома СММ аз Ассамблеяи генералӣ, Шурои амният, Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Шуро оид ба васоят, Суди байналмилалӣ ва Котибот иборат аст.
Ҳамин тариқ, дар нимаи дуюми солҳои 40-уми асри ХХ масъалаи нигаҳдорӣ ва пойдории минбаъдаи сулҳу салоҳ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, башарият ба масъалаи аввалиндараҷаи калидӣ табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ ду лагери ба ҳам зид ташкил гардид.
Ба ҳаёти осоишта гузаштани Тоҷикистон. Гарчанде дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ (с. 1941 – 1945) дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти ҷангӣ, ҷабру ситами гӯшношуниди мардуми бегуноҳ, қурбониҳои бешумору харобиҳои бемисл ба амал наомада буданд, бо сабабҳои объективию субъективӣ хоҷагии халқи ҷумҳурӣ низ хароб гардида, зарурати шадидан азнавбарқароркунии он ба миён омада буд. Зеро дар натиҷаи ба талаботи замони ҷанг мутобиқ намудани корхонаҳои саноатӣ (истеҳсоли аслиҳа ва дигар таҷҳизоти ҳарбӣ), сафарбар намудани қувваи асосии корӣ – мардҳо ба фронт, нарасидани техника ва таҷҳизоти гуногун (баҳри таъмини талаботи ҷанг ба фронт фиристодани автомобил, асп ва дигар олоти техникӣ), нарасидани нуриҳои минералӣ ва маводди кимиёвӣ, пурра истифода нашудани заминҳои корам ва муваққатан қатъ гардидани азхудкунии заминҳои бекорхобида, коста гардидани инфрасохтори мамлакат (боз дошта шудани сохтмони манзил, корхонаву муассисаҳо, роҳсозиву пулҳо) иқтисодиёти кишвар хароб гардида буд.
Бо мақсади эҳё кардани иқтисодиёт 8-уми августи соли 1946 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи чоруми тараққиёти хоҷагии халқро барои солҳои 1946 – 1950 қабул кард. Вазифаи панҷсолаи мазкур ба дараҷаи пешазҷангӣ расонидани саноат ва хоҷагии кишоварзӣ буд. Мувофиқи нақшаи он дар кишвар бояд як қатор чорабиниҳо анҷом дода мешуданд: маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ зиёд мегардид; корхонаҳои равғанкашӣ, неругоҳҳои барқи обӣ сохта ва ба истифода дода мешуданд; заминҳои бекорхобида корам гардида, дар водиҳои Вахшу Ҳисор корҳои обёрӣ гузаронида мешуданд; истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ – пахта афзоиш меёфт; базаи моддию техникии истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ мустаҳкам мегардид; ба истеҳсоли маҳсулоти сермасраф диққати калон дода, комбинати Такоб, конҳои Олтин-Топкан, Чоруқдарон ба кор дароварда мешуданд; соҳаҳои маорифи халқ, тандурустӣ ва сохтмони манзилгоҳ рушд меёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон барқарорсозии баъдиҷангӣ хусусиятҳои хосси худро дошт. Агар дар ҷумҳуриҳои ҷангдидаи ИҶШС вайронаҳоро барқарор карда, биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, роҳҳо, мактабҳо, иншооти обёрӣ ва дигар қисматҳои ифрасохтори бар асари ҷанг зарардидаро аз нав сохтан зарур буд (зеро дар рафти муҳорибаҳо ҳамаи онҳо ба хок яксон гардиданд), дар ҷумҳурии мо ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир: ба кор даровардани он корхонаҳое, ки дар давраи ҷанг муваққатан аз кор монда буданд; бунёди корхонаҳои нави саноати сабук, неругоҳҳои барқи обӣ; рушди соҳаҳои пахтакорӣ ва чорводорӣ дар мадди аввал меистоданд.
Баҳри аз байн бурдани оқибатҳои ҷанг, амалӣ шудан ва пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи панҷсолаи чоруми тараққиёти хоҷагии халқ заҳматкашони ҷумҳурӣ уҳдадориҳои шахсӣ гирифта, дар заводу фабрика ва саҳроҳои колхозӣ намунаи ибрат нишон медоданд ва сарфи назар аз мушкилоту душвориҳои баъдиҷангӣ, нақшаҳои истеҳсолии худро пеш аз муҳлат иҷро мекарданд.
Ҳамин тариқ, ба охир расидани ҷанг ва фаро расидани ҳаёти осоишта ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба бунёдкорӣ машғул шуда, таъҷилан камбудиву душвориҳои давраи ҷангиро бартараф созад ва нақшаи азнавсозии хоҷагии халқи кишварро дастаҷамъона бо азму иродаи қавӣ ва руҳу илҳоми болидаи мардуми кишвар дар амал татбиқ намояд.
Реклама