Асоси сохтори иқтисодии ҷомеаи сотсиалистиро моликияти давлатӣ (умумихалқӣ) ва колхозию кооперативӣ ташкил дода, он ба шарофати нақшаҳои мушаххаси панҷсолаҳо ба амал оварда мешуд. Ҳокимияти Шуравӣ аз соли 1928 то пош хӯрдани ИҶШС дувоздаҳ нақшаи панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқро қабул карда буд. Тайи солҳои 1946 – 1990 ҶШС Тоҷикистон нуҳ маротиба нақшаҳои панҷсола қабул кард, ки дар асоси онҳо ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пеш бурда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар як панҷсола вазифаҳои мушаххаси худро дошт. Вазифаҳои панҷсолаи панҷум (с. 1951 – 1955) дар асоси инкишофи соҳаи саноат ва суръати баланди афзоиши маҳсулнокии меҳнати чамъиятӣ тараққӣ додани ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ; беҳтар кардани сифат ва навъи маҳсулот, баланд бардоштани дараҷаи зиндагии шаҳрвандон буд. Бинобар ин дар солҳои панҷсолаи панҷум маблағгузорӣ ба соҳаи саноати ҷумҳурӣ нисбат ба панҷсолаи чорум се маротиба афзуда, ба 253,9 миллион сӯм расид; аксари корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ азнавсозӣ карда шуда, бештар аз 40 муассисаю сехҳои нав ба кор даромаданд; ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат нисбат ба соли 1940-ум 277 дарсад зиёд гардид; майдони кишт 36 ҳазор гектар афзуда, ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ 432 миллион сӯм сарф карда шуд; 400,3 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардид; соҳаҳои чорводорӣ, кирмакдорӣ, боғдорӣ босуръат тараққӣ карданд; даҳҳо мактабу муассисаҳои илмӣ ва маърифатӣ сохта шуданд; Академияи фанҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Амалӣ гардидани нақшаи панҷсолаи панҷум имкон дод, ки хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз дараҷаи пешазҷангии тараққиёташ хеле пеш равад.
Вазифаҳои асосии панҷсолаи шашум (с.1956 – 1960) бештар тараққӣ додани соҳаи саноат ва хоҷагии кишоварзӣ, рушди бемайлони техникӣ, афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва дар ин асос расидан ба дараҷаи баланди некуаҳволии шаҳрвандони ҷумҳурӣ буд. Аз ин лиҳоз танҳо дар ду соли аввали панҷсола ба соҳаи саноати ҷумҳурӣ 612 миллион сӯм сарф карда шуд; 32 объекти саноатӣ, аз ҷумла НБО-и Қайроққум, ду агрегати НБО-и Шаршара ба кор даромада, 859,8 миллион квт неруи барқ (соли 1950 170 миллион квт буд) истеҳсол гардид; фабрикаҳои пойафзори ш. Ленинобод, мебелсозии ш. Душанбе, заводҳои равғанкашии шаҳрҳои Қурғонтеппаю Конибодом ба кор даромаданд; соли 1960 нисбат ба 1945 ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ 581 баробар афзуд; дар натиҷаи ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудани заминҳои бекорхобидаи дашти Дилварзин колхозҳои нави пахтакорӣ ба вуҷуд омаданд; барои муваффақиятҳо дар соҳаи пахтакорӣ Тоҷикистон бо ордени Ленин мушарраф гардонида шуд (с.1956); навбати аввали стансияҳои насосии Хоҷабоқирғон, Сомғор ва Дилварзини вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба истифода дода шуд; ба ҷойи 2685 колхозҳои хурд 434 хоҷагии пуриқтидори серсоҳа ташкил ёфтанд.
Зарурати ҳал намудани як қатор масъалаҳои муҳимми иқтисодие, ки аз доираи нақшаи панҷсолаи шашум берун баромаданд, роҳбарияти мамлакатро водор сохт, ки супоришҳои ду соли охири панҷсолаи шашум дигар карда шавад ва нақшаи ҳафтсола қабул гардад (01.02.1959). Мувофиқи он вазифаҳои ҳафтсола (с.1959 – 1965) рушди неруҳои истеҳсолкунандаи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, зиёд намудани иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ, муттасил баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандони кишвар, инкишофи соҳаҳои самарабахши истеҳсолот, танзими музди меҳнат, вусъат додани сохтмони манзил буд. Дар тули ҳафт сол барои тараққии хоҷагии халқ: бештар аз 1 миллиард сӯм сарф карда шуд, ки он ба тамоми хароҷоти дар солҳои Ҳокимияти Шуравӣ сарф кардашуда баробар буд; 170 корхонаву сехҳои нави бо техникаи замонавӣ ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла навбатҳои якуму дуюми комбинатҳои хонасозӣ, бофандагӣ ва равғанкашии ш. Душанбе, комбинати қолинбофии ш. Қайроққум, заводи ширу комбинати гӯшти ш. Ленинобод ба кор даромада, заводи мошинсозии «Тоҷиктекстилмаш»-и ш. Душанбе, заводҳои электромеханикии шаҳрҳои Исфараю Адрасмон, заводи трансформатори ш. Қӯрғонтеппа аввалин дастгоҳҳои автомати бофандагӣ ва асбобҳои барқӣ истеҳсол намуданд; робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои бародар мустаҳкамтар гардид; молҳои саноати Тоҷикистон ба даҳҳо мамлакатҳои Осиё, Аврупо ва Африқо содирот карда шуданд; заминҳои кишти пахта туфайли обёрикунонии соҳаи кишоварзӣ хеле васеъ, базаи моддию техникии соҳа мустаҳкамтар гардонида шуд; некуаҳволии меҳнаткашон боз ҳам беҳтар гардид; низоми маълумоти миёнаи махсус ва олӣ аз нав ташкил карда шуд. Солҳои 1959 – 1965 қариб 600 ҳазор шаҳрванд, яъне ҳар чаҳорумин нафар дар Тоҷикистон бо ягон навъи таълим машғул буд. То соли 1963 донишкадаҳоро 30 ҳазор нафар мутахассисон хатм карданд.
Вазифаҳои панҷсолаи ҳаштум (с. 1966 – 1970), пеш аз ҳама, дар асоси истифодаи комёбиҳои илму техника, рушд додани истеҳсолоти ҷамъиятӣ, афзун гардонидани самарабахшии раванди истеҳсолот, расидан ба сатҳи рушди устувори саноат ва хоҷагии кишоварзӣ, ҷорӣ кардани таълими миёнаи умумӣ, болоравии қатъии дараҷаи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ буд. Бинобар ин тайи панҷсола ба инкишофи минбаъдаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ 3,9 миллиард сӯм ҷудо карда шуд, ки ин назар ба панҷсолаи пешина 44 дарсад зиёд буд; ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,5 баробар, аз он ҷумла истеҳсоли неруи барқ 2,1, маҳсулоти саноати машинсозӣ ва электротехника 2,3, саноати сабук 1,4, саноати хӯрокворӣ 1,5 баробар афзуд; ҳосилнокии меҳнат назар ба ҳафт соли гузашта ду баробар афзоиш ёфт; зиёда аз 100 корхонаи саноатӣ, сехҳо ва участкаҳои истеҳсолӣ ба мисли заводи нуриҳои нитрогендори Вахш, заводи яхдонҳои «Помир», заводи «Гидроизол» (дар Ҳисор), комбинати маъдантозакунии Анзоб бунёд карда шуданд; 3864 миллион киловат – соат қувваи барқ истеҳсол шуд; Комплекси минтақавию истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон ба вуҷуд омад; ба давлат аз нақша зиёд 287,6 ҳазор тонна пахта, 105 ҳазор тонна ғалла, 15 ҳазор тонна гӯшт, 32,4 ҳазор тонна шир фурӯхта шуд; зиёда аз 54 ҳазор гектар замини нав обёрӣ карда шуд; бо ба кор даромадани системаи обёрии Ёвон – Обикиик қариб 200 ҳазор гектар чарогоҳ обшор гардид; даромади шаҳрвандон 1,67 баробар афзуд; 620 ҳазор нафар ё худ чаҳоряки аҳолии ҷумҳурӣ хонаҳои нав гирифта, шароити иҷтимоии худро беҳтар карданд.
Вазифаҳои панҷсолаи нуҳум (с. 1971 – 1975) тезонидани суръати инкишофи минбаъдаи тамоми соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ҷузъҳои таркибии он, баланд гардонидани маҳсулнокии меҳнат ва дар асоси он рушди дараҷаи некуаҳволии мардум буд. Бинобар ин дар солҳои панҷсола боз чандин корхонаи калони саноатӣ ба кор даромада, неруи барқ, молҳои соҳаи саноати сабук барзиёд истеҳсол гардиданд; ҳаҷми маҳсулоти умумӣ назар ба панҷсолаи ҳаштум 33,8 дарсад афзуд; барои инкишофи хоҷагии кишоварзии ҷумҳурӣ 1276 миллион сӯм сарф карда шуд, ки ин нисбат ба панҷсолаи 8-ум 1,5 маротиба зиёд буд; ба давлат аз нақша зиёд бештар аз 450 ҳазор тонна пахта фурӯхта шуда, истеҳсоли картошка, сабзавот, мева, пила, гӯшт, шир, тухм ва пашм ба таври назаррас афзуд; 63 ҳазор гектар замин ва 148 ҳазор гектар чарогоҳ бо об таъмин карда шуд; даромади миллӣ 33 дарсад ва фондҳои ҷамъиятии истеъмол 64 дарсад афзуданд; шумораи китобхонаҳо ба 1352 ва клубҳо ба 1172 расонида шуданд; музди кори миёнаи ҳармоҳаи коргарону хидматчиён 5,1 дарсад, даромади колхозчиён аз хоҷагии ҷамъиятӣ 20 дарсад, фондҳои ҷамъиятии истеъмол 28,4 дарсад зиёд шуд; ҳаҷми хидмати маишӣ 1,6, аз ҷумла дар деҳот беш аз 1,8 баробар афзуд.
Вазифаҳои панҷсолаи даҳум (с. 1976 – 1980) дар асоси пешравии устувори соҳаҳои илму техника зиёд кардани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дараҷаи некуаҳволии мардум, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ афзоиш ёфтани сифату самараи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон буд. Аз ин лиҳоз, дар солҳои панҷсола сохтмони Комплекси минтақавию истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон давом дода шуд; НБО-и «Норак» як сол пеш аз муҳлат пурра ба кор даромада, сохтмони НБО-и «Роғун» оғоз ёфт; 80 корхонаю сех, аз ҷумла чор корпуси электролиз ва сехи анодҳои пухтаи заводи алюмин, заводи электрохимиявии Ёвон, 5,6 миллион метри мураббаъ манзилгоҳ, якчанд объекти дигари фарҳангиву маишӣ сохта шуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 1980 назар ба 1940-ум 18 баробар зиёд гардида, хазинаҳои асосии истеҳсолӣ 44 дарсад дар саноат 60,5 дарсад, сохтмон 25,8 дарсад ва хоҷагии кишоварзӣ 36,9 дарсад афзуданд. Беш аз 55 ҳазор гектар замини корами обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда, туфайли он истеҳсоли миёнаи солонаи ғалла 45 дарсад, картошка 32 дарсад, сабзавот 29 дарсад, зироатҳои полезӣ 66 дарсад, пӯсти қароқулӣ 11 дарсад, чорвою мурғ 20 дарсад, шир 30 дарсад, тухм 56 дарсад афзуд. Соли 1980 Тоҷикистон бори аввал беш аз 1 миллион тонна пахта истеҳсол намуд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити маишии шаҳрвандон қариб 90 корхонаю иттиҳодияи калон ба аҳолӣ хидмати маишӣ мерасониданд. Панҷсолаи даҳум панҷсолаи сифат ва самара эълон гардида буд.
Вазифаҳои панҷсолаи ёздаҳум (с. 1981 – 1985) дар асоси рушди устувори хоҷагии халқ, тезонидани прогресси илмию техникӣ ва гузаронидани иқтисодиёт ба роҳи инкишофи босуръат, оқилона истифода бурдани неруи истеҳсолии мамлакат, беҳтар намудани сифати кор, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум буд. Тайи солҳои панҷсола дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ дар баробари ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нав васеъ кардан ва аз ҷиҳати техникӣ аз нав ҷиҳозонидани корхонаҳои мавҷуда фаъолона ба амал бароварда мешуд. Умуман, дар давоми панҷсола даромади миллӣ ва маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ боз 19 дарсад афзуд. Вале дар панҷсолаи ёздаҳум афзоиши шумораи коргарони соҳа аз се ду ҳисса кам шуда, ба 2,7 дарсад расид. Бо вуҷуди ин, афзоиши доимии ҳосилнокии меҳнат имкон дод, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 дарсад, даромади миллӣ 17 дарсад зиёд карда шавад. Дар баробари ин, музди кори коргарон ва хидматчиён 13 дарсад, музди кори колхозчиён 29 дарсад зиёд шуда, мувофиқан дар як моҳ 190 ва 150 сӯмро ташкил дод. Бояд тазаккур дод, ки нархи аксари молҳои савдои чакана, соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва алоқа то охири солҳои 80-ум дар сатҳи солҳои 1961 – 1963 монда буд.
Ҳамин тавр, дар пешрафти ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон нақши панҷсолаҳо басо бузург буда, туфайли татбиқи онҳо Тоҷикистон аз ҷумҳурии аграрӣ ба агросаноатӣ табдил ёфт.
Реклама