ЛУҒАТНОМАИ МУХТАСАРИ ТАЪРИХӢ

Бозсозӣ – дар ҷамъияти шуравӣ аз моҳи апрели соли 1985 сар шудааст. Чӣ тавре ки маълум аст, пленуми апрелии (с. 1985) Кумитаи Марказӣ таҳти сарварии собиқ Котиби генералии ҲК ИШ М. С. Горбачёв бори аввал изҳор намуд, ки дар мамлакат азнавсозии ҷамъияти сотсиалистӣ ба амал оварда мешавад. Мақсади бозсозӣ аз хотима додан ба ҳолати карахтӣ дар мамлакат; баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардуми шуравӣ; барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармонфармоёнаи маъмурӣ ва минбаъд рушд додани раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ иборат буд.

Буҳрон – вазъи мураккабест, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба амал меояд. Буҳрон метавонад як соҳаро фаро гирад (масалан, буҳрони иқтисодии ҷаҳони капиталистӣ дар охири солҳои 20уми асри XX). Агар дар мамлакат вазъи мураккаб якбора бисёр соҳаҳои ҷамъиятро (иқтисодиёт, сиёсат, маънавиёт) дар бар гирад, он гоҳ чунин вазъро буҳрони умумӣ меноманд. Ба ин вазъи ниҳоят мураккаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри XX мисол шуда метавонад.

Буҷет – (аз англисӣ – халта) даромаду хароҷот буда, ба як муддати муайян пешбинӣ карда мешавад. Буҷет метавонад дар миқёси давлат, корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва ҳатто оилаву шахсони алоҳида низ муқаррар гардад.

Бюрократия – (аз калимаи фаронсавии бюро – идора ва юнонӣ – кратос – қувва, ҳокимият) ҳокимияти идоравӣ. Сохтори идораи давлатӣ, ки ҳокимият амалан дар ихтиёри мансабдорон мебошад. Бюрократия дорои хусусиятҳои хос аст: ба амал омадани расмият ва роҳ додан ба худсарӣ.

Ваҳдат – 1. Дар фаҳмиши динӣ эътиқод ба ягонагии Худо аст. 2. Ҳамчун истилоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ маънои ягонагӣ, як будан ва аз як гиребон сар баровардани мардум ифода мекунад. Ваҳдати миллӣ омили муҳимми пешравӣ, рушди ҳаматарафаи ҷомеа мебошад.

Демократия – (юнонӣ – демос – халқ, кратос – ҳокимият) дар таърих ду шакл дорад, яъне, аз демократияи ғайрисиёсӣ ва сиёсӣ иборат мебошад. Ба ғайр аз сохти ҷамоаи ибтидоӣ демократия хусусияти синфӣ дошта, шакли сиёсии ҳокимияти синфҳои ҳукмрон мебошад. Демократия дорои хусусиятҳои зерин мебошад: озодӣ ва баробарии шаҳрвандон; вуҷуд доштани интихоби сохтори давлатӣ; эътироф намудани принсипи тобеияти ақаллият ба аксарият.

Дар қарни XX демократияи сотсиалистӣ ва буржуазӣ вуҷуд дошт, ки онҳо аз ҳамдигар бакуллӣ фарқ мекарданд. Дар ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ, инчунин, демократияи дохилиҳизбӣ ва созмонӣ вуҷуд дорад.

Депортатсия – бадарға, аз кишваре ба иллати зӯрие берун кардани шахсе; шаҳрванди мамлакати хориҷ ба ватанаш фиристода мешавад.

Забони тоҷикӣ – дар моддаи 2-юми Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Доир ба таърихи забони тоҷикӣ дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Душанбе, 2006.- С.7) чунин омадааст: «... Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мутааллиқ буда, мутобиқи осори хаттии маҳфуз аз давраҳои гуногун, таърихи он ба се давраи умда – давраҳои бостон, миёна ва нав бахш мегардад, ки ҳар кадоми ин давраҳо дорои суннати махсуси хаттӣ мебошанд. Осори давраҳои таърихии забони тоҷикӣ марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ин забонро бо чандин навъи алифбо дарҷ менамоянд. Давраи нави таърихи забони тоҷикӣ бо расмулхатти арабӣ аз асрҳои VIII – IX оғоз гардида ва он яке аз давраҳои муҳим дар ташаккули луғоту истилоҳоти ин забон ба шумор меравад. Шакли навишторӣ ва ё адабии забони тоҷикӣ дар ин давра бо номҳои порсӣ, форсӣ, дарӣ, порсии дарӣ ва ё форсии дарӣ маъруф аст. Ҳамчунон, ки аз хусусиятҳои луғавии осори он замон бар меояд, сарзамини ташаккули забони дарӣ минтақаҳои шарқӣ ва ё сарзамини таърихии Хуросону Мовароуннаҳр мебошад. Дар натиҷаи таъсиси давлатдориҳои мустақил аз ҷониби ҳокимони маҳаллӣ дар асрҳои IX – X барои шаклгирӣ ва рушди забони адабӣ дар ин сарзамин заминаҳои воқеӣ фароҳам гардида, аз он давра ва баъд бо ин забон осори фаровони адабӣ, илмӣ ва таърихӣ офарида мешавад, ки он дар таърихи забони дарӣ бесобиқа мебошад. Ҳамин тавр, забони дарӣ ва ё тоҷикӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар корҳои идории давлатҳои маҳаллӣ бар ивази забони арабӣ мавриди истифода қарор гирифта ва ҳамзамон, дар минтақаҳои дигар низ густариш пайдо мекунад.

Шаклгирии забони дарӣ ва ё тоҷикӣ дар асоси лаҳҷаҳо ва забонҳои маҳаллӣ аз замони Тоҳириён ва Саффориён оғоз гардида, дар замони Сомониён ба марҳалаи рушди адабии худ мерасад…»

Инфилатсия – паст рафтани қобилияти харидорӣ ва беқурбшавии пулро мегӯянд, ки дар натиҷаи зиёд баровардани он ва ғайри кофӣ будани молҳои истеъмолӣ ба вуҷуд меояд.

Иттифоқи Ленинии Комунистии Ҷавонон – ташкилоти оммавии ҷамъиятию сиёсии ҷавонон, қисми таркибӣ ва яке аз отрядҳои пешсафи ВЛКСМ. Комсомоли Тоҷикистон дар асоси усулҳои ленинии ғоявию ташкилии созмонҳои ҷавонон ба вуҷуд омадааст.

Дар Тоҷикистон ячейкаҳои комсомолӣ соли 1918 дар ноҳияҳои шимол, дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон, баъди сарнагун шудани аморати Бухоро ба вуҷуд омаданд. Ячейкаҳои аввалини комсомолӣ дар Помир соли 1923 ташкил ёфтаанд.

27-уми окятбри соли 1925 дар шаҳри Душанбе конфронси якуми Комсомоли Тоҷикистон барпо гардид, ки он ҳамчун рӯзи ташкилёбии комсомоли ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Ноябри соли 1930 Анҷумани якуми Комсомоли Тоҷикистон Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Тоҷикистонро таъсис дод. Солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ якчанд созмонҳои нав, аз ҷумла, Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфт.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии занон – Дар Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа ва гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ таъсис ёфтанд. Соли 1998 ба зиёда аз 40 ширкат ва 20 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бонувон сарварӣ карда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор буданд.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – бори аввал дар Хуҷанд моҳи марти соли 1917 ташкил ёфтааст. Соли 1925 Бюрои ташкилии иттифоқҳои касабаи ҶМШС Тоҷикистон барпо гардид. Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар анҷумани 1-уми Умумитоҷикистонии иттифоқҳои касаба, ки моҳи апрели соли 1926 барпо гардида буд, ташкил ёфтааст.

Капитализм – форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодиест, ки асосашро моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва истисмори меҳнати кироя аз тарафи капитал ташкил медиҳад.

Коррупсия – муносибати ҷинояткоронаи шахсони вазифадор аст, ки ҳуқуқ ва шароити барояшон додашударо баҳри сарватманд шудани худ истифода мебаранд.

Миллат – калимаи арабӣ буда, маънояш қабила, халқ мебошад. Миллат ин умумияти таърихии одамон буда, дар асоси ягонагии ҳаёти иқтисодӣ, забон, марз, хусусиятҳои ҳаёти фарҳангӣ ва шуур ташаккул меёбад.

Мустамлика – мамлакат ё ҳудудеро меноманд, ки дар зери ҳокимияти хориҷӣ (метрополия) буда, наметавонад мустақилона масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиашро ҳал намояд. Мустамлика барои мустамликадор чун манбаи ашёи хом, қувваи арзони корӣ ва бозори мол хидмат мекарданд.

Парламент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ ном дошта, аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Мувофиқи моддаи 48-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Маҷлиси миллӣ аз 33 вакил ва Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст. Муҳлати ваколати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол мебошад.

Президент – (лотинӣ – сарвар, сардор). 1. Дар як қатор давлатҳои ҷаҳон дар асоси нишондоди конститутсияашон президент интихоб карда мешавад. Баъди соҳибистиклол гардидани кишварамон сохтори президентӣ дар Тоҷикистон низ ҷорӣ шуд. Президентҳои аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон: Қ. Маҳкамов, Р. Н. Набиев, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 2. Баъзе ташкилоти байналмилалӣ ва муассисаҳои ҷамъиятию илмӣ низ вазифаи президентро муайян карданд. Масалан, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мувофиқи низомномаи қабулшуда президентро интихоб менамоянд.

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) – бо мақсади нигоҳдоштани сулҳ дар рӯйи замин ва рушди робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ташкил карда шудааст. Оинномаи СММ 26-уми июни соли 1945 қабул гардида, 25-уми октябри ҳамон сол ба ҳукми қонун даромад. СММ чун созмони байналмилалӣ аз сохтори зерин иборат аст: Ассамблеяи Генералӣ, Шурои Амният, Шурои иқтисодӣ-иҷтимоӣ; Шуро доир ба васоят, Суди байналмилалӣ ва Котибот. Идораи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА воқеъ аст.

Сотсиализм – аз рӯйи назарияи марксистӣ давраи аввали форматсияи коммунистӣ буда, дар рафти он моликияти хусусӣ бекор карда шуда, моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва адолати иҷтимоӣ, дараҷаи баланди некуаҳволии халқро мақсад ва вазифаи асосии худ медонад.

Тоталитарӣ – аз лотинӣ – ҳама, пурра, комил. 1. Яке аз шаклҳои давлати буржуазӣ-авторитарӣ (давлати тоталитарӣ), ки ҳаёти мамлакатро ба зери назорати худ мегирад; 2. Равияи афкори сиёсии буржуазӣ, ки авторитаризм (дӯстдори ҳукмравоӣ, ба гузаронидани нуфузу эътибори худ кӯшишкунанда; ҳукмраво)-ро дуруст мешуморад. Аз давраҳои саршавии «ҷанги сард» нисбат ба давлатҳои сотсиалистӣ мафҳуми тоталитарӣ истифода бурда мешуд ва гӯё дар ин давлатҳо демократия ва озодӣ вуҷуд надошта бошад.

Фашизм – (аз калимаи италиявӣ) ҳокимияти террористӣ, иртиҷоӣ буда, дар ҷамъияти капиталистӣ ба вуҷуд омадааст. Бори аввал фашизм дар Италия (1919), Лаҳистон (1926) ва дар Олмон (1933) ба вуҷуд омада буд. Дар мавриди пойдор шудани сохтори фашистӣ дар дохили мамлакат нормаҳои демократӣ барҳам мехӯрданд. Фашизм барои ба даст даровардани нақшаҳои сиёҳи худ ба ҷанг тайёрӣ дида, сиёсати инсонбадбинӣ, расизм ва шовинистиро пеш мегирад. Он ба инсоният бадбахтӣ меорад, ки инро мардуми ҷаҳон дар мисоли Олмони фашистӣ равшан мушоҳида карданд.

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Сарчашмаи худшиносии миллӣ// Б. Ғ. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби якум. – Душанбе: Ирфон, 1998. – С. 1-5.

  2. Ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон.

  3. Ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон.

  4. 29-уми сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод.

  5. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 11 стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд, ки ба рушд ва ислоҳоти соҳа равона гардидаанд.

  6. Шоҳҷоизаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз 50 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Реклама