4. ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН

Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Аммо он дар шароити мураккаби таърихӣ амалӣ гардида, дорои хусусиятҳои хос буд. Дар роҳи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон душвориву мушкилоти зерин вуҷуд доштанд:

  • бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ватехникӣ канда шуда, ба иҷрои нақшаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонид.
  • дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ хароб гардида,хусусан, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон аз кор монданд ва муассисаю хоҷагиҳои калонтарини ҷумҳурӣ вайрон карда шуданд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, хусусан, Комплекси ҳудудиву истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ зарари калони моддӣ дид. Як қисми корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппаро сӯзонда, дастгоҳҳоро шикаста, сарваташонро ба ғорат бурданд;
  • кӯч бастани муҳандисон, техникҳо, механизаторони таҷрибанокиҷумҳурӣ ба дигар кишварҳои дуру наздик ва бо сабаби паст гардидани маош дар соҳаи иқтисодиёт солҳои 1991 – 2000-ум ба 2,6 маротиба кам шудани қувваи асосии корӣ оварда расонд;
  • дар ибтидои солҳои 90-ум буҳрони иқтисодӣ авҷ гирифта, нақшаҳоиворидот ва содироти мол вайрон гардиданд, дар Тоҷикистон хавфу хатари нарасидани маводди ниёзи мардум ҳис карда мешуд.

Вазъияти мураккаби баамаломада объективона тақозо мекард, ки дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри татбиқ гардидани ислоҳоти иқтисодӣ қарору қонунҳои зеринро қабул кард: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 1992-ум «Дар бораи андози арзиши иловашуда», «Дар бораи боҷи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 1992 «Дар бораи пардохти истифодаи замин» ва ҳоказо. Ғайр аз ин, қонун дар бораи моликият, кооперативҳо, соҳибкорон низ баромад, ки барои гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ саҳми босазо гузошт.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (27.06.1997) имкон дод, ки ҷумҳурӣ бевосита ба барқароркунии ҳаёти хоҷагӣ ва гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намояд. Маълум аст, ки иқтисодиёт дар асоси рушди муносибатҳои бозоргонии танзимшаванда амал намуда, асоси онро меҳнати озод, кафолати ҳуқуқи иҷтимоӣ, эҳтироми моликият, тамоюл ба манфиати ҷамъият, соҳибкории озоду рақобати одилона ташкил медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат пас аз ба даст овардани сулҳ ва салоҳ бо доштани имкони ниҳоят маҳдуди молиявию иқтисодӣ, ба андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рафъи мушкили мавҷуда шуруъ намуда, неруву имкони худро ба ҳалли масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар сафарбар сохта, пастравии иқтисоди миллиро боздошт. Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ муносибатҳои нави иқтисодиро созмон бахшида, ба ин васила заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам овард. Бо ин мақсад ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд. Дар натиҷа соли 2000-ум мамлакат ба марҳалаи рушд ворид гардид. Хусусиятҳои хосси марҳалаи амалӣ гардидани ислоҳоти иқтисодӣ тавассути тадбиқи чунин ҳадафҳои стратегии миллӣ ошкор мешаванд: туфайли сохтмони неругоҳҳои калон ва бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ таъмин кардани истиқлоли энергетикӣ, дар асоси татбиқ кардани нақшаҳои сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои оҳану мошингарди ҳозиразамон, инчунин инфрасохтори нақлиёти ҳавоиву алоқа, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул мебошад, ки туфайли татбиқи тадриҷани онҳо аз соли 2000-ум то ин ҷониб суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 130 миллиард сомонӣ дар соли 2024 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 28 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шуд. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардид. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.

Баҳри пурқувват намудани неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи шаҳрвандон Ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро (с. 2016) муайян намудааст. Мувофиқи он Ҳукумати мамлакат дар ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда ва таъмини рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ роҷеъ ба баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои иноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ нақшаҳои мушаххас андешидааст.

Гуфтан зарур аст, ки дар рафти амалӣ гардонидани ислоҳоти иқтисодӣ хусусиятҳои хосси ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуданд. Ин хусусиятҳо аз омилҳои зерин иборат мебошанд: дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шуравӣ даромади миллӣ ба суръати баланди афзоиши аҳолӣ мувофиқ набуд; дар ҷумҳурии кӯҳсори мо роҳҳои оҳан маҳдуд ва нақлиёти автомобилгард низ талаботро қонеъ гардонида наметавонист; набудани роҳҳои дурусти нақлиёт, мавҷудияти кӯҳҳои баланд ба Тоҷикистон имкон намедод, ки бо давлатҳои хориҷӣ савдои муътадил барад; сарватҳои зеризаминии ҷумҳурӣ, аз ҷумла нафт, газ, ангиштсанг ва ғайра дар мавзеи дастнораси канданиҳои фоиданок ҷойгир шуда, барои истифодаи он техникаи махсус лозим буд.

Сарфи назар аз мушкилот, дар роҳи пешрафти ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ имкон ва афзалиятҳо вуҷуд доранд. Масалан, дар Тоҷикистон захираи хеле зиёди истеҳсоли барқ вуҷуд дошта, барои обшор намудани заминҳои бекорхобидаю лалмӣ низ имконият ҳаст. Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рӯзҳои офтобӣ низ метавонад ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонад. Захираҳои калони табиӣ имконият медиҳанд, ки дар Тоҷикистон саноати сабуку вазнин тараққӣ намояд. Соҳаи кишоварзӣ метавонад аҳолиро бо хӯрокворӣ таъмин карда ба кишварҳои хориҷӣ низ маҳсулот барорад.

Ҳамин тариқ, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ (иқтисоди бозоргонӣ) дар мамлакат ислоҳоти фарогир амалӣ карда шуд.

Реклама