3. СИЁСАТИ АГРАРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Солҳои 50 – 80-уми асри ХХ дар барномаи стратегии иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ҷойи махсусро сиёсати аграрӣ ишғол мекард. Бо мақсади татбиқи сиёсати мазкур дар Тоҷикистон чораҳои зерин андешида мешуданд: мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникии колхозу совхозҳо, идома додани азхудкунии заминҳои бекорхобида ва мелиоратсияи замин, рушди барқикунонии деҳот, диққат додан ба кори селексионӣ, баланд намудани ҳавасмандии моддии деҳқонон.

Дар раванди инкишофёбии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаи аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам намудани хоҷагиҳои коллективӣ диққати махсус дода мешуд. Дар татбиқи он колхозҳои хурд муттаҳид карда шуда, шумораи онҳо сол то сол кам мегардид. Чунончи, агар соли 1950 шумораи колхозҳои хурд 2,5 баробар кам гардида, аз 2685 то ба 1114 адад, соли 1958 ба 434 адад, соли 1960 ба 353 адад расонида шуда бошад, соли 1991 дар арафаи пошхӯрии ИҶШС дар ҷумҳурӣ 206 адад хоҷагии коллективӣ мавҷуд буданд.

Базаи моддию техникии колхозу совхозҳои Тоҷикистон низ мунтазам мустаҳкам мегардид. Чунончи, агар соли 1962 дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ 5367 адад трактор, 1087 адад комбайнҳои ғалладарав, 8794 адад мошинҳои боркашу пахтачин, соли 1972-юм 15213 адад трактор, 8084 адад мошинҳои боркаш, 8280 адад плугҳо, 845 адад комбайнҳои ғалладарав, 1281 адад мошинҳои пахтачин бошад, пас соли 1985 соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ дорои 36700 адад трактор, 16200 адад автомобил ва 4000 адад мошини пахтачинӣ буд.

Яке аз омилҳои муҳим дар рушди устувори соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби азхудкунии заминҳои бекорхобида васеъ намудани майдонҳои кишт ба ҳисоб мерафт. Аз ин лиҳоз, дар нимаи дуюми асри ХХ дар ҷумҳурӣ ба азхудкунии водии Вахш, даштҳои Дилварзин, Обикиик, Ёвону Данғара ва дигар қисматҳои марзи кишвар диққати махсус дода шуда, меҳнаткашони деҳот дар ободгардонӣ, обёрикунӣ ва мелиоратсияи заминҳои нав саҳми арзанда мегузоштанд. Туфайли чорабиниҳои мушаххаси ташкилотҳои масъул ва меҳнати фидокоронаи мардуми деҳоти кишвар сол то сол заминҳои нав бештар азхуд карда мешуданд. Чунончи, агар соли 1960 майдони заминҳои корами ҷумҳурӣ 727,4 ҳазор гектар ва соли 1976-ум 744 ҳазор гектарро ташкил кунанд (282,1 ҳазор гектараш майдони кишти пахта), пас соли 1985 масоҳати он ба 802,8 ҳазор гектар (311,5 ҳазор гектараш майдони кишти пахта) расид.

Дар раванди азхудкунии заминҳои бекорхобида истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои меҳнатӣ басо муҳим буд. Бинобар ин сиёсати муҳоҷирати дохилии ҷумҳурӣ ташаккул дода шуд. Сиёсати мазкур, асосан, дар се давра амалӣ гардида буд: давраи якум – солҳои 20 – 30-юм; давраи дуюм – нимаи дуюми солҳои 40 – 50-ум ва давраи сеюм солҳои 60 – 70-уми асри ХХ-ро дар бар мегирифт. Туфайли сиёсати мазкур дар заминҳои азхудшуда маҳаллаҳои нави аҳолинишин ташкил дода шуданд; яке аз масъалаҳои мубрам – бо ҷойи кор таъмин намудани мардуми деҳоти кишвар ҳалли худро меёфт. Ҷиҳати мусбати кор он буд, ки дар рафти сиёсати муҳоҷиркунӣ ба масъалаи бо ҷойи истиқомат ва қарзи имтиёзноки давлатӣ таъмин намудани кӯчбастагон диққати махсус дода мешуд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар кори бо фаъолияти меҳнатӣ фарогир намудани аҳолии кӯҳистони ҷумҳурӣ мушкилиҳои зиёде садди роҳ мегардиданд.

Бинобар ин дар раванди амалӣ гардидани сиёсати муҳоҷирати дохилӣ чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати аз ноҳияҳои кӯҳистон ва ноҳияҳои сераҳолии Тоҷикистон ба заминҳои нави азхудшуда кӯчонидани шаҳрвандон амалӣ мегардиданд. Чунончи, тайи солҳои 1953 – 1960 аз вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба заминҳои нави азхудшуда 24077 нафар (5069 хоҷагӣ), аз ВМКБ – 4775 нафар (833 хоҷагӣ), умуман, 92936 нафар (17218 хоҷагӣ) кӯчонида шуда буданд. Солҳои 1957 – 1959 барои корамсозии заминҳои бекорхобидаи дашти Дилварзин аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 2692 хоҷагӣ кӯчонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар раванди муҳоҷиркунии дохилӣ ба камбудиҳо роҳ дода шуда буд. Масалан, дар вақти кӯчонидани аҳолии Кӯҳистони Мастчоҳ беасос як қисми иморатҳои ҷамъиятӣ вайрон карда шуданд; ба Мирзочӯл кӯчонидани яғнобиён боиси қариб гум шудани забон, фолклор ва анъанаҳои фарҳангии онҳо гардид.

Солҳои 1967 – 1971 туфайли амалӣ гардидани сиёсати муҳоҷиркунӣ ба заминҳои нав азхудкардашудаи ноҳияҳои Зафаробод, Ёвон, Вахш, Фархор, Колхозобод, Мастчоҳ, Қумсангир 3372 хоҷагӣ бо 20521 нафар аҳолӣ кӯч бастанд. Солҳои 1976 – 1980 дар вилояти Ленинобод қариб 2500 хоҷагӣ ва дар вилояти Кӯлоб зиёда аз 1000 хоҷагӣ низ ба совхозу колхозҳои навташкилёфта муҳоҷир гардида буданд.

Деҳқонони ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои кашфиёти илмӣ, техника ва технологияи пешқадам такя намуда, дар рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоштанд. Мубориза барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, афзоиши маҳсулнокии соҳаҳои чорводорӣ, кирмакпарварӣ, боғдорию сабзавоткорӣ, истифодаи оқилонаю самарабахши техника, ба сарпарастӣ гирифтани мелиоратсия, ҷорӣ намудани механиконӣ ва химиконии раванди истеҳсолот, вусъат додани ҳаракати оммавии деҳқонон барои азхуд кардани касбҳои техникӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мардуми деҳот гардида буд.

Баҳри баланд бардоштани сифат ва самараи раванди истеҳсолӣ деҳқонони кишвар аз ҷониби давлат ва ташкилоти масъул ҳавасманд гардонида мешуданд. Дар ин самт масъалаи кам кардани ҳаҷми андоз аз хоҷагиҳои коллективӣ мавқеи муҳимро ишғол менамуд. Бинобар ин дар ҷумҳурӣ ҳаҷми андоз аз хоҷагиҳои колхозчиён нисбат ба соли 1952-юм 54 дарсад кам гардида, қарзи пешинаи колхозҳо, ки 3,5 миллион сӯмро ташкил медод, бахшида шуд. Шакли дигари ҳавасмандкунӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намудани пешқадамони соҳаи кишоварзӣ буд. Дар солҳои омӯхташаванда барои корнамоии меҳнатӣ ва нақши арзанда дар рушди соҳа Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев, Миралӣ Маҳмадалиев, Абдуғаффор Самадов ва дигарон ба унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ сарфароз гардида буданд.

Азбаски пешрафти соҳаи кишоварзӣ бо кадрҳои дорои маълумоти олӣ алоқа дошт, дар ҷумҳурӣ ба ин масъала низ диққати махсус дода мешуд. Танҳо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар солҳои мавҷудияти худ беш аз 20 ҳазор мутахассиси баландихтисосро тайёр карда, ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода буд. Омӯзишгоҳҳои миёнаи махсуси соҳаи кишоварзӣ низ кадрҳои зиёдро тайёр намуда, ба деҳот фиристоданд. Ҷиҳати такмили ихтисос зиёда аз 8 ҳазор корманди роҳбарикунанда ва мутахассиси комплекси агросаноатии кишвар сатҳи донишҳои худро баланд бардошта буданд.

Баҳри пешрафти хоҷагии кишоварзӣ дар Пленуми майии КМ ҲК ИШ (с.1982) Барномаи озуқавории ИҶШС қабул гардид, ки туфайли он комплексҳои агросаноатӣ ташкил ёфтанд. Комплекси агросаноатӣ ба афзоиши истеҳсоли хӯрокворӣ, мустаҳкам намудани иқтисодиёти деҳот мусоидат мекард. Ҷиҳати амалӣ гардидани мақсад ва вазифаҳои барномаи озуқаворӣ ва инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон низ чор комплекси агросаноатии вилоятӣ ва 43 комплекси ноҳиявӣ ташкил карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бидуни музаффариятҳои назарраси дар раванди инкишофи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бадастомада, аз ҷониби роҳбарияти давлативу ҳизбии мамлакат камбудиву каҷравиҳои роҳ дода шуданд: мувофиқи тақсимоти меҳнат ва махсусгардонии соҳаи кишоварзӣ Тоҷикистон ба макони истеҳсоли як зироати стратегӣ – пахта табдил ёфта, ба истеҳсоли дигар навъҳои зироат чандон диққат дода намешуд; заминҳои лалмии кишвар самаранок истифода намегардиданд; дар бисёр соҳаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ меҳнати дастӣ бартарӣ дошт (хусусан, соҳаи чорводорӣ, боғу токпарварӣ); бо сабабҳои паст будани дараҷаи таҷҳизоти техникӣ ва механизатсияи раванди истеҳсолот дар бештари соҳаҳои кишоварзӣ ҳосилнокии меҳнат паст буд; дараҷаи ҳавасмандии моддӣ талаботи истеҳсолкунандагонро ба пуррагӣ қонеъ гардонида наметавонист; на дар ҳамаи ноҳияҳо шароити меҳнату маишати деҳқонон фароҳам оварда шуда буд. Бинобар ин ислоҳоти иқтисодие, ки солҳои 60-ум дар соҳаи кишоварзӣ гузаронида шуд, мутаассифона, то ба охир амалӣ нагардид ва он ба суръати рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонид.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи татбиқи сиёсати аграрӣ хоҷагиҳои хурди коллективӣ муттаҳид гардида, базаи моддию техникии онҳо сол то сол пурқувват мешуд. Хусусан, бо азхудкунии даштҳои ташналаби Дилварзин, Мирзочӯл, Бешкент, Данғара, Фахробод, Ашт ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои кӯҳистон, ки аҳолии онҳо ба водӣ кӯчонида шуда буданд, садҳо хоҷагиҳои истеҳсолӣ, деҳаҳои нав, шаҳракҳо арзи вуҷуд карда, маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардид. Тоҷикистон тавонист ҳаҷми заминҳои обшорро ба 802,8 ҳазор гектар расонад, ки аз он 40 дарсадашонро заминҳои пахтакорӣ ташкил медоданд. Ҳар сол аз ин заминҳо ба ҳисоби миёна то 900 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешуд.

Реклама