Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шумораи умумии шаҳрвандони то 30-сола беш аз 5 миллиону 800 нафар буда, 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дар давраи муосири рушди мамлакат муваффақият дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз бисёр бобат бо ҳалли масъалаи насли наврас вобаста мебошад. Азбаски, ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ба тарбия, касбомӯзӣ, бо кор таъмин кардани ҷавонон ва дуруст ҷобаҷо намудани кадрҳои болаёқат вобастагӣ дорад, масъалаи мазкур ҳамеша зери назорати махсуси давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста диққати махсус дода, нақши созандагии ҷавононро борҳо зикр карда, вазифаҳои насли наврасро дар шароити нави таърихӣ муайян намудааст: бояд ҳар як шаҳрванди ҷавони кишвар мазмуну моҳияти Истиқлол, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намояд.
Асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон: «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» (Душанбе, 1997), «Ҷавонон – ояндаи миллат» (Душанбе, 1998), «Ҷавонон – созандагони фардои ҷомеа» (Душанбе, 2009) барномаи стратегии сиёсати давлатии насли наврас мебошанд. Хусусан, вохӯриҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат боиси амалан ба пояи стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар гузошта шудани масъалаи ҷавонон гардид.
Дар пояи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои мушаххас ба имзо расиданд, ки ба баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи навин, тарбияи комплексии насли наврас мусоидат намуданд. Аз ҷумла, баъди қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз 15.03.2016 №1294; аз
17.05.2018 №1532; аз 04.04.2019 №1594; аз 08.06.2022 №1885; аз 24.12.2022 №1938); Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (аз 20.06.24,№2049) торафт робитаи оила бо мактаб беҳтар гардида, дар сифати таълиму тарбия пешрафтҳо дида мешавад.
Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ баҳри ҳалли масъалаҳои ҷавонон Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999 – 2000; 2004 – 2006; 2010 – 2012; ( 5.10.1998; 3.07.2003; 2.07.2009); «Консепсияи миллии тарбия» (3.03.2006); Барноми миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018 (13.01.2016); барои солҳои 2022 – 2026 (30.12.2021) ва дигар санадҳо қабул шудаанд, ки дар онҳо самтҳои асосии кор бо насли наврас муайян гардидаанд. Барои татбиқи ин барнома Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи доир ба сиёсати ҷавонони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бевосита ба фаъолият машғуланд. Туфайли татбиқи барномаву консепсияҳои қабулгашта, сол то сол шумораи ҷавонон дар идораҳои давлатӣ меафзояд. Агар соли 2009 ҳиссаи ҷавонони то 35-сола дар хидмати давлатии шаҳрвандӣ 35 дарсадро ташкил медод, ин нишондод соли 2021 ба 47 дарсад расид.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (23 майи соли 1998) шумораи созмонҳои ғайридавлатии ҷавонон хеле афзуд. Туфайли амалӣ гардидани қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои зерин: Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Хазинаи тарбияи эстетикӣ ва маънавии наврасон ва ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷавонӣ», Шурои ҷумҳуриявии олимон ва мутахассисони ҷавон, Ассотсиатсияи ҳуқуқдонҳои ҷавони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи донишҷӯёни тибби Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатии «Нидои дӯстон», «Фидокор», «Парастор», Маркази экологии ҷавонон, Хазинаи хайрияи «Сарпараст», Иттиҳодияи «Ҷомеа ва ҳуқуқи кӯдакон» ба фаъолият шуруъ намуда, саҳми худро дар инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат ва дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ мегузоранд.
Яке аз самтҳои татбиқи Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» самаранок истифода бурдани таҷрибаи муфиди кори тарбиявии насли наврас мебошад. Бо ин мақсад Шурои куҳансолони Ҷамъияти мутобиқати «Пайрав» дар назди Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, мунтазам масъалаҳои назариявӣ ва амалии ватандӯстии насли наврасро баррасӣ мекунад, тавсияҳои муфид пешниҳод карда, дар татбиқи онҳо ёри мерасонад.
Баҳри тарбияи кадрҳои донишманд, соҳибкасбу баландихтисос ва содиқ ба Ватан – соҳибони фардои давлат ва ояндасози миллат давлат ва Ҳукумати мамлакат ғамхориҳои зиёд менамоянд. Аз ҷумла, таҳсили шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар як имкони муҳим барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ мебошад. Солҳои охир ҷавонони тоҷик бештар ба кишварҳои Русия, Чин, Туркия, Олмон ва ИМА барои таҳсил мераванд. Барномаҳои стипендиявӣ, созишномаҳои байнидавлатӣ ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ин равандро осон мекунанд. Пас аз хатм, бисёре аз онҳо ба Ватан бармегарданд ва дар рушди соҳаҳои мухталиф саҳм мегиранд. Дар тули бештар аз сӣ сол 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намуданд.
Ҷавонони Тоҷикистон фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд. Онҳо дар фанҳои дақиқ, забонҳо, технология ва ҳунарҳои амалӣ дастовардҳои назаррас доранд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, IMO, IPhO ва IOI намояндагони тоҷик чандин медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ ба даст овардаанд. Иштироки ҷавонон дар чунин чорабиниҳо сатҳи дониш, эътимод ва нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебарад. Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони Тоҷикистон ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон чорабиниҳои гуногун меандешад. Баргузории озмунҳо, тақдими стипендияҳо, ҷоизаҳои давлатӣ ва барномаҳои рушди истеъдодҳо аз ҷумлаи тадбирҳо мебошанд. Ин иқдомҳо ҷавононро ба омӯзиш, эҷодкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ташвиқ мекунанд. Масалан, ҷиҳати ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон низ ҷоизаи махсус таъсис дода шудааст.
Ғамхорӣ нисбати кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар Тоҷикистон аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Давлат бо ташкили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ, барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ ва хидматрасониҳои тиббӣ барои рушди солим ва ҳамаҷонибаи онҳо шароит фароҳам меорад. Ин ғамхорӣ ояндаи солими миллатро таъмин мекунад.
Азбаски асри XXI қарни прогресси техника ва технологияи пешқадам мебошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнро анҷом медиҳанд, таъсис ёфт. Инчунин. барои баланд бардоштани савияи фарҳанги техникии ҷавонон стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд.
Аз соли 2013 ба ҳамаи кӯдакону наврасон ва донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, ёрии моддӣ расонда мешавад. Инчунин дар давраи соҳибистиқлолӣ 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам, асосан, барои ҷавонон мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ рушди ягон соҳаи ҳаёти давлат ва ҷомеаро бидуни иштироки фаъолона ва саҳми арзишманди ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Масалан, 90 дарсади ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва беш аз 50 дарсади бунёдкорони иншооти сарнавиштсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар рушди соҳаи варзиш, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад, низ нақши наврасону ҷавонон зиёд аст. Сол ба сол сафи ҷавонони ташвиқгару тарғибгари тарзи ҳаёти солими ҷумҳурӣ зиёд мегардад.
Ҳамин тавр, дар бештар аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва далеру ғаюри Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, дар бунёди иншооти азиму тақдирсози кишвар, ободонии Ватан, ҳифзи суботу оромии мардум ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон саҳми басо арзишманд мегузоранд.
Реклама