Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамин аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дарки аҳаммияти ниҳоди оила дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти давлат, инчунин ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ташаккули ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила эътибори конститутсионӣ касб намуд ва ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардид. Аз ҷумла, дар роҳандозии механизми ҳимояи ҳуқуқи оила ва узви он нақши Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.11.1998); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19.03.2003, №954; 20.06.2024, №2064; 13.11.2024, №2105) «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (04.04.2019, № 1594) басо муассир аст. Ҳадафи асосии санадҳои зикршуда фароҳам овардани шароиту имкони зарурӣ баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила чун узви асосии ҷомеа муайян гардидааст. Дар партави муқаррароти Қонуни асосии кишвар дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба оила қабул мегарданд, ки баҳри рушду таҳкими он, пешгирии зӯроварӣ, огоҳии ҳуқуқии оилавӣ ва ҳифзи он равона гардидаанд.
Бо амалӣ гардидани раванди сулҳу ваҳдат дар сарзамини Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ дар қатори дигар масъалаҳои ҳалталаби иқтисодиву иҷтимоӣ баҳри таҳким ва танзими оила тадбирҳои судманд андешида, дар феҳристи чунин тадбирҳо Консепсияи танзими оиларо қабул намуд. Консепсияи мазкур ба масъалаи боз ҳам солим гардонидани ахлоқу маънавиёти ҷомеа ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои муҳимми оилаву оиладорӣ нигаронида шуда, моҳияташ аз муқаррароти зерин иборат аст: оила муҳимтарин рукни ҷомеа мебошад; ҳолату сифат ва сохти ӯ ҷомеаву давлатро муайян менамояд; оила аз ҳар шаҳрванд муносибати бошууронаро тақозо менамояд.
Зикр кардан зарур аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид медоранд, ки бунёди оила аз падару модар ва ҳар шаҳрванд тақозо менамояд, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва дар муомилаву муносибат эҳтиёткор бошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармони махсус «Дар бораи эълон намудани соли 2015 Соли оила» (таҳти №352 аз 3-юми феврали соли 2015) баровард. Туфайли амалӣ гардидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва танзими муносибатҳои оилавӣ амал намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар асоси фармони мазкур ташкилоти сершумори ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан, созмонҳои ҷавонон ва занон барномаҳои мушаххас оид ба мустаҳкам намудани оилаҳои навбунёд тартиб дода, дар доираи он чорабиниҳои самараноки гуногунро мегузаронанд. Аз ҷумла, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои сершумори ҷамъиятӣ дар байни аҳолӣ суҳбату маърӯзаҳо, лексияҳо, конфронсҳои илмӣ мегузаронанд.
Ҷиҳати амалӣ гардидани ҳуҷҷатҳои расмии роҷеъ ба баландбардории мақоми оила дар ҷомеа барномаҳои телевизион ва радио доир ба тарбияи фарзанд таҳия гардиданд. Дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронидани муоинаи тиббӣ ба мустаҳкам гардидани ҳаёти оилавӣ ва таваллуди кӯдаки солим мусоидат намуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани таълими фаннҳои «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ», «Маърифати оиладорӣ» низ самараи мусбат медиҳанд. Тавассути қонунгузории оила муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ҷорӣ карда шуд, ки ба ташаккули оилаи солим, пойдориву хушбахтии оилаҳо ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.01.2020) бо мақсади пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешовандони наздик бастани ақди никоҳ байни хешовандон ва шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд.
Дар кори баланд бардоштани мақоми оила дар тарбияи насли наврас муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ низ корҳои мушаххасро ба амал оварда истодаанд. Асарҳои дар саҳнаи театрҳо гузошташуда, нақшҳои офаридашуда на танҳо мақоми падар ва модарро дар ташкили оиладорӣ равшан менамоянд, балки дарси рӯзгордориро ҳам ба ҷавонон меомӯзонанд.
Маълум аст, ки дар фаъолияти оилаҳои ҷавон ҳанӯз камбудиҳои ҷиддӣ дида мешаванд. Масалан, бо сабаби омилҳои гуногуни ҳаётӣ, аз ҷумла, нисбат ба ҳамдигар дар вуҷудашон парваридани ҳисси бадбинӣ, нафрату надомат, вазъи душвори иқтисодӣ, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, зӯроварии хонаводагӣ, никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди фарзанди заиф, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати шахсони сеюм ва ҳоказо парокандашавии оила баамал меояд. Аз маълумоти идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ) бармеояд, ки пошхӯрии оилаҳо танҳо дар ҷамъбасти соли 2018 ба 11013 адад расид, ки он нисбат ба соли 2017-ум – 913 ҳолат зиёд буд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккул додани вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба чунин ҳолатҳо, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити зуҳури он андешидани тадбирҳои дахлдор, ҳамчунин, мусоидат кардан ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19-уми марти соли 2013 қабул карда шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим карда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар масъалаҳои ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Ҳамин тавр, якум, бо беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ вазъи оиладорӣ низ торафт миқдоран ва сифатан хуб мегардад. Дар айни ҳол ҷомеа ба ташкил ва тарбияи оилаҳои ҷавон ва фаъолияти онҳо робитаи зич дорад. Оила дар мустаҳкам намудани ҷомеаи соҳибистиқлол таъсири муфид мерасонад. Дуюм, дар ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас ва дар ҳаёти инсонияту ҷамъият саҳми муҳим дорад ва ба одам эҳсосоти пурраи ҳаётӣ мебахшад.
Реклама