1. ФАРҲАНГ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Бо ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мушкилии давраи гузариш, дар ҷумҳурӣ консепсияи давлатӣ оид ба рушди фарҳанг таҳия шуда, назария ва амалияи он ба тариқи мушаххас муайян гардидааст.

Моҳияти Консепсияи фарҳанг аз баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллӣ ва ифтихори давлатдории сокинони ҷумҳурӣ, пос доштани муқаддасоти миллии халқи тоҷик, эҳёи арзишҳои ғановатманди бостониву милливу фарҳангӣ, ҳифзи мероси ҷовидонаи гузаштагон ва истифодаи онҳо барои пойдории давлату миллат иборат мебошад. Тибқи консепсияи мазкур ҳадафи стратегии фарҳанг, таблиғу тарғиб, дар ҳаёт татбиқ намудани супоришу фармонҳои Президенти мамлакат, ҳуҷҷатҳои Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат доир ба мунтазам баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанги умумиву сиёсии аҳолӣ муайян гардидааст.

Азбаски гиромидошти фарҳанг гарави дар оянда пойдор будани миллати тоҷик мебошад, дар ҷумҳурӣ тамоми шароит барои рушди соҳа дар пояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гаштааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (1997) вазифаҳои стратегии соҳаро дар шароити соҳибистиқлолӣ равшан муайян намуда, тибқи он Барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ барои солҳои 2006 – 2015, рушди фарҳанги миллӣ барои солҳои 2008 – 2015, рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ барои солҳои 2009 – 2015, компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ барои солҳои 2013 – 2020 таҳия ва қабул гардидаанд.

Дар Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён, 100-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Б. Ғафуров, «Дар бораи соли тамаддуни ориёӣ» зарурат ва роҳҳои баланд бардоштани мавқеи фарҳанг, савияи фарҳангии шаҳрвандон баён ёфтаанд. Дар ин бора афзудани маблағгузорӣ ва азнавсозии кори идораҳои фарҳангӣ, бунёди инфрасохтор, таъмири биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ низ шаҳодат медиҳанд. Маҳз тариқи маблағгузории соҳа бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёд гардида, ба фаъолият оғоз карданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Сурия, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва бисёри дигарон санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расонда, дар асоси онҳо чорабиниҳои гуногунро амалӣ намуд. Аз ҷумла рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон, Русия, Чин, Озарбойҷон, Беларус, Ҳиндустон, Фаронса, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Русия, Беларус, Чин, Эрон, Қазоқистон ва ғайра гузаронида шуд. Дар зарфи сӣ соли гузашта санъаткорону ҳунармандони Тоҷикистон ба даҳҳо кишвари дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату ҳунари миллии тоҷиконро ба таври арзанда муаррифӣ карданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тарғибу ташкили фарҳангу таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар, муаррифӣ ва тарғиби фарҳанги тоҷикон, ҳифзи ёдгориҳои сершумори таърихӣ корҳои зиёд карда шуд.

Дар ҷумҳурӣ барои нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар натиҷа «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди СММ оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллат мебошад. Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон, Қароқум» нуҳ мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхатти муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба рӯйхатти ҷашнвораҳои Юнеско барои солҳои 2022 – 2023 пазируфта шуд. Охири соли 2021 аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллӣ «Фалак» ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Соли 2023 боз 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодию техникӣ, дар солҳои истиқлоли давлатӣ мунтазам ташкил намудани мулоқотҳои ҳамасолаи Сарвари давлат бо зиёиёни мамлакат, нашри китобҳои таърихӣ, намунаҳои беҳтарини назму насри ходимони адабиёт, ҷашнҳои муҳташам, баргузор намудани симпозиуму семинарҳо, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, асарҳои рассомони ҷумҳурӣ ва нигораҳои мамлакат дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадаанд. Масалан, моҳи октябри соли 2021 аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тилоӣ» дар осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ гардид.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин барои тарбияи насли наврас истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд. Дар байни онҳо ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён (с. 1999), 2700-солагии китоби «Авасто» (с. 2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (с. 2002), 1000-солагии Носири Хусрав (с. 2004), Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (с. 2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (с. 2006), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (с.

2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (с. 2008), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (с. 2009), 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (с. 2015), 3000-солагии Ҳисор (с. 2015), 5500-солагии Саразми бостонӣ (с. 2020), 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (с. 2021) ва даҳҳо ҳамоиши дигар боҳашамат гузаронида шуданд. Дар ин раванд мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё шуд. Бо кӯшиши беш аз шашсолаи кишвар ва дастгирии дигар мамлакатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин оини воқеан мардумӣ, ки таърихи беш аз 6000-сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва ҷашни бостонии мардумӣ – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гашт.

Дар тули сӣ соли соҳибихтиёрӣ барои таъмин намудани пешрафти забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ва асоси маънавиёту худшиносии тоҷикон корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қабул гардидани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с. 2009) ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ (05.10.09) қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид.

Яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ баланд гардидани нақши соҳаи китобу китобдорӣ мебошад. Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла, силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо ба рушди забондониву суханронии оммаи васеъ, балки ба густариши худогоҳии миллӣ, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон ва арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Яке аз иқдомоти назаррас бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нашр кардан ва ба ҳар як оилаи мамлакат дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Ҳамин тариқ, фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад; вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд; ҳифзи мероси фарҳанги модиву ғайримоддии бостонии халқи тоҷик, ки гувоҳи зиндаи таърихи 6000-сола мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург мебошад; эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештансшиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад; бо шарофати соҳибихтиёрӣ арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллӣ, мисоли «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада эҳё гардиданд ва ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии шаҳрвандон ва муарифии шоистаи халқи куҳанбунёд дар арсаи ҷаҳон таблиғ карда мешаванд.

Озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» (иборат аз 50 ҷилд), ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, (4. сентябр) бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанг ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Фарҳанг ба тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии шаҳрвандон, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мусоидат мекунад. Имрӯзҳо дар кишварамон тамоми шароит барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани он фароҳам оварда мешавад.

Реклама