4. ТАҒЙИРОТ ДАР РОҲБАРИИ СИЁСӢ ВА ИДОРИИ ҶУМҲУРӢ

Солҳои 50 – 80-ум ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон туфайли маҳкум карда шудани шахспарастӣ ва оғози раванди демократисозии ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфта, ба пешрафти ҷумҳурӣ мусоидат кард.

Ба камбудиҳо, хатоҳо нигоҳ накарда, баланд шудани мавқеи идораҳои давлатӣ ва фаъолияти ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ омили муҳимми пешравии ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардид. Обрӯ ва мавқеи ИҶШС дар арсаи байналмилалӣ баланд шуда, робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон низ бо мамлакатҳои ҷаҳон инкишоф ёфтанд.

Ходими давлатию ҷамъиятӣ Турсун Ӯлҷабоев

Дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ саҳми роҳбарони ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ходими ҳизбию давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев низ назаррас мебошад. Ӯ дар солҳои 50-уми асри ХХ дар тартиб додани нақшаҳои панҷсола ва ба Ҳукумати Иттифоқӣ пешниҳод кардани барномаи сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Неругоҳи барқи обии «Норак» фаъолона иштирок намудааст.

Ҳамчун сарвари ҷумҳурӣ солҳои 1956 – 1957 ба раванди сохта ва ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» назорати ҷиддӣ намудааст. Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи бунёди обанборҳои НБО-и «Қайроққум» ва «Фарҳод» садҳо гектар заминҳои корам зери об монд. Ҳукумати Узбекистон мувофиқи созиши тарафҳо ба ивази заминҳои зериобмонда бояд 75 ҳазор гектар замин ба Тоҷикистон медод, аммо дар аввал танҳо 25 ҳазор гектар ҷудо кард. Дар ҳалли ин масъалаи мураккаб Т. Ӯлҷабоев иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намуда, 50 ҳазор гектар замини боқимондаро низ гирифт, ки дар заминаи он минбаъд ноҳияи Зафаробод ташкил ёфт.

Маҳз Турсун Ӯлҷабоев дар тули солҳои 1956 – 1961 чун иқтисоддони ояндабин ба он эътибор дод, ки дар ҷумҳурӣ бештар корхонаҳои калони саноатӣ ва коркарди ашёи хом сохта шаванд. Бо саъю кӯшиши ӯ сохтмони корхонаи саноатӣ ва кимиёвии Ёвон ба нақша гирифта шуда, иқтидор ва ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии корхонаи маъдани кӯҳии Анзоб афзун гардид.

Мутаассифона, дар баробари муваффақиятҳо дар кори роҳбарии сиёсӣ ва идории ҷумҳурӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ, ба мисли нодуруст ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда; ба вазифаҳои муҳимми давлатӣ таъйин шудани шахсони камлаёқат, хусусан, дар ин самт ҷой доштани зуҳуроти хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ, коста гардидани кори тарбиявии сиёсию ғоявӣ роҳ дода шуданд. Бинобар ин Пленуми КМ ҲК Тоҷикистон (1961) барои аз ҷониби котибони КМ ҲК Тоҷикистон Т. Ӯлҷабоев ва П. Обносов, раиси Шурои вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев роҳ дода шудани камбудиҳои ҷиддӣ онҳоро аз кор сабукдӯш ва аз сафи Ҳизби коммунистӣ баровард.

Ҳамин тавр, омӯзиши фаъолияти чамъиятию сиёсии Турсун Ӯлҷабоев имкон медиҳад, ки бидуни каҷравию камбудиҳои замони ба ҳайси роҳбари ҷумҳурӣ адои хидмат намуданаш, ба хидматҳои бузурги ӯ дар рушди хоҷагии халқи кишвар, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, бунёдгузории силсилаи энергетикию саноати ҷануби Тоҷикистон арзёбии воқеӣ, шаффоф ва одилона намоем. Ҳукумати мамлакат заҳмати ин фарзанди содиқу вафодори миллатро қадршиносӣ намуда, ба Неругоҳи барқи обии «Норак» номи Турсун Ӯлҷабоевро гузоштааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро Анҷумани XX ҳизб шахспарастии Сталинро маҳкум кард?
  2. Кадом ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистонро медонед, ки бегуноҳ ҷазои сиёсӣ гирифтаанд?
  3. Дар ҷумҳурӣ барои тарбияи ҷавонон ва занон кадом ташкилотҳо бевосита машғул буданд?
  4. Сабабҳои 14-уми апрели соли 1978 қабул гардидани Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон кадомҳоанд?

Мавзуъҳо барои навиштани реферат:

  • Маҳкум карда шудани шахспарастии И. В. Сталин ва саршавии ҷараёни демократисозии ҳаёти ҷомеа.
  • Фарҳанги халқи тоҷик дар солҳои 50-ум.
  • Ташкилёбӣ ва фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ.

Реклама