Дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр боқӣ мондани Тоҷикистон бо тантанаи сулҳ ва таъмини ваҳдати шаҳрвандони ҷумҳурӣ алоқаи бевосита дошт. Аксари мардуми кишварамон манфиатдор буданд, ки дар ин сарзамин зудтар сулҳ тантана ёбад. Роҳбарони давлати соҳибистиқлоли навбунёди Тоҷикистон низ ин тамоюлро ҳарҷониба дастгирӣ намуда, роҳҳои амалӣ гардидани раванди сулҳ ва оштии миллиро дарёфтанд. Танҳо туфайли ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ амнияти Тоҷикистонро таъмин кардан мумкин буд.
Хушбахтона, раванди сулҳсозӣ дар Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Созмонҳои байналмилалии ҷаҳон, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид саҳми худро дар муътадилгардонии вазъ дар Тоҷикистон гузоштанд. Ин кор дар ду ҷабҳа ба амал меомад: аз як тараф, дар ташкили ёрии башардӯстона ба аҳолии ҷумҳурӣ ва фирориёни хориҷии он ва аз тарафи дигар, дар созмони намояндагии мулкӣ ва низомӣ оид ба барқарорсозии сулҳ.
Дар истиқрори сулҳ дар кишвар, инчунин Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) саҳм гузоштанд.
Бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллӣ дар ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт. Гуфтушунидҳо дар байни ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик борҳо дар Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон, дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Исломобод, Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Маскав барпо гардиданд. Дар гузаронидани музокирот ва ба даст овардани сулҳ саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози сар задани муқовимати яроқнок баҳри ҷараён ёфтани музокироти байни Ҳукумати конститутсионии мамлакат ва неруҳои мухолиф чандин маротиба кӯшиш ба харҷ дода шуд, вале он натиҷаи мусбат надод.
Бинобар ин дар тули солҳои 1994 – 1997-ум 8 даври музокироти байни тоҷикон бо иштироки кишварҳои кафил: Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркманистон, намояндагони СММ, САҲА ва 3 мулоқоти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардиданд.
Даври якуми музокироти байни тоҷикон, ки аз 5 то 19-уми апрели соли 1994 дар пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Маскав баргузор шуда буд, ба далели амалиёти тарафи мухолиф дар вазъияти басо мураккаби ҳарбӣ-сиёсӣ мегузашт. Дар тули ду ҳафта бо миёнаравии СММ ва Русия ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таъхирнопазир: амалӣ гардонидани раванди оташбас; таъсиси Комиссияи муштарак оид ба гурезаҳову муҳоҷирон гуфтушунид бурданд. Мутаассифона, санадҳои муҳим дар бораи қатъи задухӯрдҳои яроқнок, бартараф намудани низоъ ва ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ ба имзо нарасиданд. Дар натиҷаи ҳалли худро наёфтани масъалаҳои рӯзномаи музокироти аввалин, ҳаёти гурезагони тоҷик дар муҳоҷират зери хатар монда буд. Бинобар ин роҳбарияти Тоҷикистон барои зудтар бозгардонидани шаҳрвандон аз қаламрави Афғонистон кӯшиш ба харҷ дод. Сарфи назар аз кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти муътадилсозии вазъи дохилии кишвар, дар даври аввали музокироти байни тоҷикон задухӯрдҳои низомӣ хотима наёфтанд.
Даври дуюми музокироти байни тоҷикон, ки таҳти сарпарастии СММ ва бо иштироки нозирон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон, Федератсияи Русия ва САҲА баргузор гардида буд, вохӯриҳои аз 18 то 28-уми июн ва аз 12 то 17-уми сентябри соли 1994 дар шаҳри Теҳрон баргузоршударо дар бар мегирад. Дар ҷараёни машваратҳо ва музокироти мунтазам санаи 17-уми сентябри соли 1994 дар Теҳрон Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ дар ҳудуди сарҳаддии Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунидҳо ба имзо расид. Хусусияти хосси даври мазкур дар он аст, ки нимаи аввали моҳи июл 844 гурезаи тоҷик тавонистанд аз Афғонистон ба марзи Тоҷикистон баргарданд.
Аммо пас аз даҳ рӯзи ба имзо расидани Созишномаи оташбаси муваққатӣ вазъ дар ҳудуди наздисарҳаддӣ туфайли фаъолияти низомии неруҳои мухолиф боз ноором гардид.
Даври сеюм се марҳалаи гуфтушунид ва як қатор вохӯриҳои машваратиро дар бар гирифт. Марҳалаи аввали гуфтушунид аз 20-уми октябр то 11-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод шуруъ гардида, рӯзномаи машварати он бештар ба масъалаҳои низомӣ бахшида шуда буд. Ҷонибҳо Протоколро оид ба ташкили Комиссияи муштарак барои назорат намудан ба рафти иҷрои Созишномаи оташбас ба имзо расониданд. Дар музокирот, инчунин доир ба масъалаи табодули асирони ҳарбӣ ва маҳбусон мубоҳиса рафта, барои ҳалли амалии он чораҳои иловагӣ андешида шуд. Мутаассифона, қарорҳои қабулшуда доир ба амалӣ гардидани оташбаси муваққатӣ, боз нигоҳ доштани амалҳои душманона дар марзҳои ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар аз ҷониби неруҳои мухолиф пайваста вайрон карда шуда, задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад давом ёфта, талафоти инсонӣ мадди назар буданд, ки раванди гуфтушунидро хеле мушкил мекард.
Пас аз танаффуси тақрибан нимсола, аз 19-ум то 26-уми апрели соли 1995 дар Маскав машваратҳои навбатии ҷонибҳо баргузор шуданд, ки дар фазои хеле мураккаб мегузаштанд. Дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофақа расиданд, ки муҳлати амалкунандаи Созишномаро то 26-уми майи соли 1995 тамдид кунанд.
Зикр кардан зарур аст, ки дар бахшидани такони қавӣ ба тамоми раванди гуфтушунидҳо мулоқоти шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ нақши арзанда бозид. Яке аз чунин вохӯриҳо санаҳои 17 – 19-уми майи соли 1995 дар Кобул баргузор гардид. Дар ин вохӯрии таърихӣ Изҳороти муштарак аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ оид ба омодагии ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарин: хотима додан ба муноқишаи тулонии байни тоҷикон; ба даст овардани ризояти миллӣ; баргардонидани ҳамаи гурезагон ба манзили истиқомати доимӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии
Тоҷикистон қабул шуд.
Даври навбатии чоруми музокироти байни тоҷикон оид ба мусолиҳаи миллӣ аз 22-юми май то 1-уми июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато бо иштироки нозирон аз Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Азбаски дар гуфтушунидҳо масоили мубрам ва ҳалталаби сиёсӣ баррасӣ нагардида буданд, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Абдуллоҳи Нурӣ 19-уми июли соли 1995 бори дигар дар шаҳри Теҳрон мулоқот карданд. Дар рафти вохӯрӣ тасмим гирифта шуд, ки Маҷлиси машваратии халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари намояндагони ҳар ду ҷониб дар мамлакат созмон дода шавад. Инчунин масъалаи бозгашти тарафи мухолиф ба Тоҷикистон низ баррасӣ карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бидуни қадамҳои устувор дар ҷодаи сулҳсозӣ тирамоҳи соли 1995 мухолифин амалиёти ҷангиро дар минтақаҳои дохилии Тоҷикистон шиддат бахшиданд. Илова бар ин, дар ин давра дар сарҳад низ вазъи шадид боқӣ монда буд. Тирандозӣ ва рахна шудани сарҳад тақрибан ҳар рӯз рух медод. Аз аввали сол сарҳадбонон беш аз 90 маротиба мавриди тирандозӣ қарор гирифтанд, 20 маротиба бо мухолифин вориди даргирии мустақим шуданд, 150 кӯшиши убури ғайриқонунии марзро дар ҳар ду самт нигоҳ доштанд.
Дар чунин вазъияти мураккаби ҳарбӣ-сиёсӣ 30-юми ноябри соли 1995 дар шаҳри Ашқобод даври панҷуми музокироти байни тоҷикон шуруъ гардид, ки он дар се марҳала сурат гирифта буд. Азбаски оғози музокирот ба даргириҳои ҷангӣ печида буд, нахустин маҷлиси кории он танҳо 7-уми декабри соли 1995 баргузор шуд ва то 22-юми декабри ҳамон сол давом кард.
Хусусияти хосси марҳалаи якуми даври панҷуми музокирот аз масоили зер иборат буд: якум, дар ҷараёни гуфтушунид, асосан, масъалаҳои дуюмдараҷа, ба мисли муайянкунии макон барои вохӯриву мулоқоти навбатӣ ва раҳоии намояндагони мухолифи барои фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷониби ҳукумат дастгиргардида диққат дода мешуданд; дуюм, қарордодҳои музокирот оид ба оташбас мунтазам вайрон карда шуда, амалиёти яроқнок идома меёфтанд (ҷангҳо то охири соли 1996 давом доштанд); сеюм, аз тарафи гурӯҳи мухолиф чунин шаклҳои фишор, ба монанди тахрибкорӣ, амалҳои террористӣ, гаравгонгирӣ, айбдоркуниҳои марзбонони Русия васеъ истифода мешуданд.
Марҳалаи дуюми даври панҷуми музокирот аз 26-уми январ то 18-уми феврали соли 1996 ва марҳалаи сеюм 8 – 21-уми июли соли 1996 баргузор гардид. Аз 10-ум то 11-уми декабри соли 1996 дар Хосдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст, мулоқоти сеюми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Сарфи назар аз созишномаи Хосдеҳ, 14-уми декабри соли 1996 ҷангҳо байни неруҳои ҳукумат ва мухолифин дар минтақаи 160 км дуртар аз Душанбе шуруъ шуданд. Вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ мураккаб боқӣ монда буд.
Музокироти навбатӣ аз 13-ум то 19-уми декабри соли 1996 дар шаҳри Маскав баргузор гардида, дар сатҳи боло давом ёфт. Дар рафти вохӯриҳо ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба давраи гузариш аз ҷанг ба сулҳ ва механизми ба даст овардани ризояти миллӣ дар Тоҷикистон муайян карда шуданд. Инчунин ҷонибҳо масъалаи зарурати татбиқи амалии раванди афви умумӣ нисбат ба ашхосе, ки дар муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ иштирок кардаанд, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ созмон диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ибтидои соли 1997 вазъи кишвар ҳанӯз ноустувор боқӣ монда буд. Ба зудӣ рафъ намудани душманӣ ва нобоварии солҳои низои мусаллаҳона хеле мушкил буд. Ашхосе то ҳанӯз тарафдори идомаи амалиёти ҷангӣ буданд. Дар чунин шароит бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, СММ ва кишварҳои нозир аз 5-ум то 19-уми январи соли 1997 дар Теҳрон даври шашуми музокироти байни тоҷикон баргузор гардид, ки марҳалаи дуюми он дар сатҳи боло 18 – 21-уми феврал дар шаҳри Машҳад гузашт. Дар давраи шашуми музокирот ҷонибҳо, асосан, масъалаҳои марбут ба сохтор ва ҳайати Комиссияи оштии миллӣ, вазифаҳо ва салоҳиятҳои мушаххаси онро муҳокима карданд.
Баҳри ҳалли масъалаи мазкур 4-уми июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон баровард, ки тибқи он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Он расман 7-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳайати Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) аз 26 нафар иборат ва аз ҳар ду тараф 13-нафарӣ муайян гардида буд. Онро раиси Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ роҳбарӣ мекард. Ба ҳайати КОМ мансабдорони Ҳукумат, зиёиён, инчунин намояндагони мухолифи тоҷик дохил шуда буданд. Дар чаҳорчӯбаи фаъолияти он чор зеркомиссия: сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ ва оид ба гурезагон амал мекард.
Бо мақсади ба амал баровардани кор дар байни Комиссияи оштии миллӣ бо ҳукумат, гурӯҳи ҳамкорӣ низ таъсис ёфта буд, ки ба он намояндаи Созмони Милали Муттаҳид роҳбарӣ мекард.
Вазифаҳои асосии Комиссия, ки тавассути татбиқи созишномаҳо дар музокироти байни тоҷикон ба имзо расиданд, аз масоили зер иборат буданд: ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ; баҳри таҳкими ризояти миллӣ фароҳам овардани фазои боэътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ; ташкили муколамаи васеъ байни неруҳои гуногуни сиёсии кишвар; ба Ватан бозгардонидани гурезаҳо ва шомил намудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат; таҳияи пешниҳод оид ба ворид намудани тағйир ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳо ва воситаҳои ахбори омма.
Дар соли 1999 баъд аз гузаронидани интихобот ба Парлумони ҷумҳурӣ ва иҷро гардидани талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 31-уми марти соли 2000 фармон баровард, ки мувофиқи он фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ва ҳамаи мақомоти он аз 1-уми апрели соли 2000 қатъ карда шуд.
Комиссияи оштии миллӣ амалан фаъолияти худро аз соли 1997 то соли 2000-ум давом дода, барои ба кишвари сулҳ табдил додани Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Даври ҳафтуми музокирот аз 26-уми феврал то 8-уми март дар шаҳри Москва ва 16 – 18-уми майи соли 1997 дар сатҳи боло дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Даври ҳаштум аз ду марҳала иборат буда, аз 9-ум то 16-уми апрел ва аз 22-юм то 28-уми майи ҳамон сол дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид. Маҳз сермаҳсул ва пурнатиҷа будани музокироти мазкур имкон дод, ки санаҳои 24-27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокироти байни тоҷикон барпо гардад.
Ҳамин тавр, гуфтушуниди байни тоҷикон 40 моҳ дар шароити басо мураккаб баргузор гардида, бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки зери он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Нурӣ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г. Д. Меррем имзо гузоштанд, хотима ёфт. Он дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди қувваҳои пешқадам дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он амалӣ гардида, ба ҷанг хотима бахшид ва заминаи устувори барқароршавии сулҳу ваҳдат дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон гардид.
Туфайли ба имзо расидани Созишнома шароити зерин фароҳам омаданд: якум, ба муноқишаҳои милливу муқовимати мусаллаҳона анҷом бахшида шуд; дуюм, пойдевори мустаҳкам баҳри пурқувват гардидани сулҳу ваҳдат дар кишвар гузошта ва дар ин замина ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба эътидол оварда шуд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик хидмат намуда, дар ташаккул ва такомули минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву созандагӣ ва рушди Ватани маҳбуб заминаи мусоид муҳайё кард, комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз барои нигоҳдории истиқлоли давлатӣ гардид.
Реклама