Воқеа ё силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд, ки мазмуни асари бадеиро ташкил медиҳад, сужет (калимаи фаронсавӣ sujet) номида мешавад, яъне, алоқа, мухолифат, ҳусни таваҷҷуҳ, нафрат ва дигар муносибатҳои байниҳамдигарии ода мон ва дигар мавҷудоти олам сужети асари бадеиро фароҳам ме оваранд.
Сужет аз рӯйи таркиб сода ва мураккаб мешавад. Сужети сода дар асоси як воқеа ё чанд воқеаи хурди ба ҳам алоқаманд офари да мешавад. Сужети сода аксаран дар латифа, тамсил, баллада ва ҳикоя барин жанрҳои хурди ҳамосӣ ё намоишномаҳо мушоҳида мешавад, аммо сужети мураккаб аз чандин воқеа, баъзан аз чанд силсилаи воқеаҳо фароҳам меояд.
Сужет танҳо дар асарҳои ҳамосӣ (роман, қисса, ҳикоя, досто ни ҳамосӣ, афсона, ёддошт, сафарнома ва ғайра) ва намоишномаҳо (фоҷиа, мазҳака, драма ва ғайра) мушоҳида мешавад. Асарҳои лирикӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, мустазод ва ғайра) сужет надоранд, зеро дар онҳо воқеаву ҳодисаҳо не, балки фикру ҳиссиёти адиб оид ба зиндагӣ ифода меёбад.
Рафти воқеа хатти сужети асарро ташкил
медиҳад ва барои муайян кардани қисмҳои хатти сужет унсурҳои асосӣ ва унсурҳои иловагӣ муқаррар шудааст. Сужет панҷ унсури асосӣ ва ду унсури иловагӣ дорад.
Унсурҳои асосӣ:
1. Ибтидо ё оғоз.
2. Гиреҳ.
3. Рабт ё худ инкишоф.
4. Нуқтаи олӣ ё худ авҷи олии ҳодиса.
5. Қатъ ё худ гиреҳкушо.
Унсурҳои иловагӣ:
1. Оғоз.
2. Анҷом.
Дар ин қисм хонанда ба замону макони
воқеа ва персонажҳои асосии асар шинос ме
Ибтидо
шавад ва заминаи пайдоиши зиддиятро дарк
мекунад. Ин унсур дар романи «Ман гунаҳ горам»-и Ҷ. Икромӣ чунин ифода ёфтааст: нависанда нахуст хо нандаро ба баҳори деҳаи Лолазор шинос мекунад. Баъд таваҷҷуҳи ӯро ба хонавода ва зиндагии хушбахтонаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов ҷалб менамояд. Анвар ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш баъди истироҳат ба хонаашон бармегашт. Ӯ дар наз ди бинои шурои деҳа котиби деҳшуро Мухтор Махсумов ва кор манди шуъбаи маорифи вилоят Зайнаб Кабироваро мебинад. Хо нанда аз боби аввал минбаъд миёни Анвар ва Мухтору Зайнаб давом ёфтани воқеаро ба хубӣ дарк менамояд.
Гиреҳ дар байни ду қувва пайдо шудани
зиддиятро ифода мекунад. Дар романи «Ман
Гиреҳ
гунаҳгорам» гиреҳ дар байни Анвар ва Мух
тор пайдо мешавад. Мухтор ба Зайнаб муно сибати наздик дошт. Вақте ки Зайнаб рӯзҳои дар Лолазор будан дар хонаи Анвар ҷой мегирад, Мухтор аз ин рашк бурда, Анвар ро рақиби худ мешуморад.
Қимати гиреҳ дар он аст, ки аз ҳамин лаҳза сар карда, хисла ти персонажҳо ба инкишофёбӣ шуруъ менамояд. Гиреҳ дар ҳамаи асарҳои ҳамосӣ ва драмаҳо дида мешавад.
Дар ин қисми сужет зиддияти қувваҳои
мутақобила пай дар пай инкишоф меёбад.
Рабт
Ҳамаи персонажҳои асосию ёридиҳанда бо
суръат ба ҳаракат меоянд ва самтҳои асосии фаъолияти персонажҳо ба таври возеҳ ошкор мегардад. Дар ро мани «Ман гунаҳгорам» Анвар дар зиндагӣ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба Зайнаб ошиқ мешавад ва ин як лаҳзаи кӯтоҳандешӣ барои ӯ басо гарон меафтад.
Дар ин бахши сужет воқеа ба ҳадди ниҳоии
худ мерасад. Қувваҳои муқобил ошкоро ба
Авҷ
мубориза бармехезанд ва яке дигареро ба
мағлубият маҷбур мекунад. Дар ин ҳолат си мои ҳақиқии образҳо ва муносибатҳои иҷтимоию ахлоқии онҳо пурра ошкор мегардад.
Дар романи «Ман гунаҳгорам» ишқи нобаҳангоми директо ри мактаб натиҷаи манфӣ медиҳад. Анвар ҳолати бади руҳӣ до рад ва дар ҳамин вазъият маоши муаллимонро дар роҳ гум карда, ба мақомоти тафтишотӣ меафтад. Халтаи пулро Мухтору Зайнаб меёбанд. Муносибат бо халтаи пул боиси тамоман ошкор гарди дани хислату ҷавҳари инсонии ин ду персонаж мегардад: Мухтор дар фикри пурра мағлуб сохтани рақиби худ мешавад, аммо Зай наб симои манфури Мухторро хеле хуб дарк менамояд ва бо ӯ тарки алоқа мекунад.
Дар ин қисми сужет яке аз қувваҳо пирӯз
гардида, воқеа анҷом меёбад. Яъне, гиреҳе, ки
Қатъ
дар аввал ба миён омада буд, кушода меша
вад. Дар бахши қатъи сужети романи мазкур воқеа ғайричашмдошт тағйир ёфта, ба таври мусбат ҳал мегар дад: Зайнаб аз Мухтор дилмонда шуд ва дар вақти набудани ӯ халтаи пулро бурда ба мактаб месупорад. Бо ҳамин воқеа ба ман фиати қувваҳои некӣ ва адлу адолат ҳал мегардад.
Оғоз ва анҷом чун унсурҳои иловагии су
Оғоз ва жет ба силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд
анҷом дохил намешаванд. Баъзан барои дарки дурус
ти воқеаҳои асосӣ нависанда шарҳу эзоҳро лозим медонад. Ҷ. Икромӣ дар оғози романи «Ман гунаҳгорам» сабаби худро гунаҳгор шумурдани образи асосӣ – Анварро шарҳ медиҳад. Нависандагон қисми оғозро кам истифода мекунанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Чаро асарҳои лирикӣ сужет надоранд ?
2. Сужети сода аз сужети мураккаб чӣ фарқ дорад?
3. Унсурҳои асосӣ ва иловагии сужетро ном баред.
4. Унсурҳои асосии сужетро дар мисоли романи «Ман гунаҳгорам» шарҳ диҳед.
5. Оғоз ва анҷом дар кадом маврид истифода мешавад?
6. Романи «Ман гунаҳгорам»-и Ҷ. Икромиро хонед.