Назарияи адабиёт. Ҳамоса (эпос)

Асарҳои бадеӣ аз рӯйи сохт ва тарзи тасвир ба се гурӯҳи калон ё се ҷинс ҷудо мешаванд.

1. Ҳамоса ё ҷинси ҳамосӣ (эпикӣ).

2. Лирика ё ҷинси лирикӣ (ғиноӣ).

3. Драма ё ҷинси драмавӣ.

Ҳамоса чун ҷинси адабӣ таърихи қадима дорад. Дар фаҳмиши таърихӣ ҳамоса асари калонҳаҷму фарогири манзум мебошад, ки зиндагии мардумро ба таври васеъ ва тасвир гирифта, аз гузаштаи қаҳрамононаи ҷомеаи инсонӣ ҳикоят мекунад. Шоири ҳамосасаро бештар ба сужети асар, саргузашту амалиёти қаҳрамонон ва кӯшишу талоши онҳо баҳри ҳимояи марзу бум1 диққат медиҳад. «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомери юнонӣ, «Маҳабҳарат» ва «Рамаяна»-и ҳиндӣ, «Нибелунгҳо»-и немисӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар адабиёти хаттӣ ва «Манас»-и қирғизӣ, «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ дар адабиёти шифоҳӣ намунаи хуби ҳамоса мебошанд.

Дар адабиётшиносӣ ҳамоса ба истилоҳи эпос (юнонӣ – дос тон, ҳикоя) муродиф аст. Дар асарҳои ҳамосӣ ё эпикӣ ҳодисаҳои ҳаёт ба воситаи нақлу ҳикоя баён меёбад. Нависанда ё шоир сар гузашти як ё якчанд касро ба тасвир гирифта, рафтору кирдори онҳоро нишон медиҳад. Яъне, дар асарҳои ҳамосӣ зиддияти асар ба воситаи тасвири воқеа, амалиёту муносибати образҳо, су жет, симои персонажҳо ҳал мегардад. Фарқи асарҳои ҳамосӣ аз асарҳои лирикӣ ва намоишномаҳо дар забони асар низ равшан мушоҳида мешавад. Дар асарҳои лирикӣ, асосан, сухани тавси фии нависанда ба назар мерасад. Дар асарҳои драмавӣ сухани персонажҳо мушоҳида мешавад, дар асарҳои ҳамосӣ ҳам сухани персонажҳо ва ҳам сухани нависанда мавқеъ дорад.

Навъҳои асосии ҷинси ҳамосӣ латифа, тамсил, ривоят, ҳикоя, баллада, қисса, роман, достон, ёддошт ва ғайра мебошанд. Дар жанрҳои латифа, тамсил, баллада, ҳикоя до мани воқеа маҳдуд ва тарзи баён мухтасар мебошад. Бинобар ин, онҳо ба гурӯҳи хурди жанрҳои ҳамосӣ мутааллиқанд. Аз ҷумла, латифа хурдтарин жанри ҳамосӣ ба шумор меравад. Латифа маз муни ҳазломез ва ҳаҷвӣ дошта, образҳои он шахсони зирак, доно ва зариф мебошанд:

Султон Маҳмуд, ки сар болои зонуи Аёз гузошта буд, аз ӯ пурсид:

— Ба аҳмақон чӣ мешавӣ?

Гуфт:

— Болишт!

Калимаи болишт, ки ҷавҳари латифаро ташкил медиҳад, аз як тараф, симои Аёзро чун шахси ҳозирҷавобу ҳазлкаш, аз тара фи дигар, образи султон Маҳмудро чун шоҳи золиму кӯтоҳандеш ошкор месозад.

1. Марзу бум – кишвар, сарзамин.

Достони «Бежан ва Манижа» аз базми шоҳи Эрон Кайхусрав бо лашкаркашону паҳлавононаш оғоз меёбад. Ҳангоми базми шоҳӣ сокинони Ирмон ном сарзамини сарҳаддӣ аз тороҷи гурозон шикоят мекунанд ва Кайхусрав Бежа ни ҷавону далерро ба ҷанги гурозон мефиристад:

Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки: «Эй пурҳунар,

Ҳамеша туӣ пеши ҳар бад сипар.

Касеро куҷо чун ту кеҳтар бувад,

Зи душман битарсад, сабуксар бувад».

Ба Гургини Милод гуфт он гаҳе,

Ки «Бежан ба Ирмон надонад раҳе.

Ту бо ӯ бирав бо сутуру наванд1,

Ҳамаш роҳбар бошу ҳам ёрманд».

Нахуст воқеа байни Бежану Гургин сар мезанад. Гургин хоҳиши Бежанро дар бораи ёрӣ расондан ҳангоми набард бо гу розон рад мекунад. Бежан яккаву танҳо бар гурозон ғолиб меояд. Ва Гургин иғво андохта, Бежанро ба доми Манижа ном духтари шоҳи Тӯрон гирифтор мекунад. Манижа ба Бежан ошиқ мешавад ва ӯро доруи беҳушӣ дода ба қасри худ меорад. Бежан дар қаср ба ҳуш меояд. Дар ҳамин вақт хатои худро мефаҳмад, вале аллакай дер шуда буд.

Воқеа торафт шиддат мегирад ва ба моҷаро табдил меёбад. Бо фармони Афросиёб Гарсеваз Бежанро даст баста назди ӯ меорад ва шоҳи Тӯрон паҳлавони ҷавони Эронро ҳукми қатл медиҳад. Пирони оқилу доно Афросиёбро водор менамоянд, ки дар куш тани Бежан шитоб накунад. Бежан аз зиндон ва Манижа аз қаср ронда мешаванд. Гургин танҳо ба Эрон бармегардад. Шоҳи Эрон – Хусрав ба воситаи ойинаи гетинамо зинда будани Бежанро му айян карда, Рустамро барои чораҷӯйӣ аз Систон даъват мекунад.

Минбаъд дар маркази воқеаҳо образи Рустам қарор мегирад. Амалиёти Рустам басо оқилона, дурандешона ва эҳтиёткорона мебошад. Рустам бо сад шутур мол, ҳазор савор ва ҳафт сарлашкари баргузида ба сафар мебарояд ва дар сарҳадди Тӯрон саворонро пинҳон карда, худ ва сарлашкаронаш дар ҷомаи бозоргонӣ бо сад шутур мол ба Хутан назди Пирон меравад.

1. Сутуру наванд – савориву аспи тезрафтор.

Манижа хабари аз Эрон омадани корвонро шунида, назди корвониён меояд ва Рустам бо эҳтиёткории тамом аз ӯ макони Бе жанро фаҳмида, паҳлавонро аз банд раҳо мекунад. Дар ин лаҳза зӯри бозуи Рустам бармало маълум мешавад. Рустам ҳамроҳи ҳафт сарлашкараш шаб бо нишони оташ назди чоҳ меояд. Чун ҳафт паҳлавон сангро аз рӯйи чоҳ бардошта наметавонанд, Таҳамтан худ ба кор даст мезанад:

Зи асп андаромад гави1 шери нар,

Зиреҳдоманашро бизад бар камар.

Зи Яздони зӯрофарин зӯр хост,

Бизад дасту он санг бардошт рост.

Бияндохт бар бешаи шаҳри Чин,

Биларзид аз он санг рӯйи замин.

Рустам баъди ғалаба бар лашкари Афросиёб ба Эрон бар мегардад ва ба таҳсину офаринҳои бисёр сазовор шуда, роҳи Сис тонро пеш мегирад.

Фирдавсӣ дар охири достон Манижаро боз ёдовар шуда, бо ҳамин хатти сужети онро пурра намудааст. Шоҳ Бежанро наз даш даъват мекунад. Бежан гоҳи суҳбат аз некиҳо ва ҷаҳду та лоши Манижа ёдовар мешавад. Шоҳ ба Манижа туҳфаи арзанда фиристода, Бежанро чунин панд медиҳад:

Ту бо ӯ ҷаҳонро ба шодӣ гузор,

Нигаҳ кун бар ин гардиши рӯзгор.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Кадом ҷинсҳои адабиро медонед?

2. Навъҳои ҳамосаро номбар кунед.

3. Чаро достони «Бежан ва Манижа» ба ҷинси ҳамоса тааллуқ дорад?

4. Сужети достонро баён намоед.

5. Образҳои асар кадомҳоянд?

6. Дар бораи амалиёти Рустам маълумот диҳед.

7. Дар ҳалли зиддияти достон Манижа чӣ мавқеъ дорад?

1. Гав – паҳлавон, шуҷоъ.