Таваҷҷуҳи зиёд ба мавзуи худошиносию хештаншиносии шаҳрвандони тоҷик, бузург дошти фарзандони кабири халқ Меҳмон Бахтиро водор намуд, ки пас аз намоишномаи «Фирдавсӣ» асари дигари драмавӣ – «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро офарад. Намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» соли 1999 ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён навишта шу дааст. Меҳмон Бахтӣ фаъолияти асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон – Исмоили Сомониро дар Мовароуннаҳру Хуро сон тасвир намудааст. Намоишнома аз замони ба сари қудрат омадани шоҳ Исмоил оғоз меёбад. Сужети пиеса набарди шоҳ Ис моил бо бародараш Наср, ҳуҷумҳои пайдарҳами халифаҳои араб, Муҳаммади Башоро ва Амри Лайс ба зидди Бухоро ва ғалабаҳои Исмоили Сомонӣ, муносибати хонҳои бодиянишини турк ба шоҳи Бухоро, хиёнаткориҳои баъзе дарбориён ва кӯшишҳои шоҳ Исмоил ро баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мамлакат фаро мегирад.
1. Авранг – тахт, маснади шоҳӣ, шукӯҳ, бузургӣ.
Дар намоишнома воқеаҳо, асосан, дар қароргоҳи шоҳ Исмоил мегузаранд. Мазмуну муҳтавои асар дар ҷараёни гуфтугӯ, баҳсу мунозира ва амалиёти образҳои воқеию тахайюлӣ ошкор гар дидаанд. Дар байни 18 персонаж (чун вазир Ҷайҳонӣ, девондор1 Балъамӣ, сипаҳсолор Бозувон, Насри Сомонӣ, Муҳаммад Башо ро, Амр ибни Лайс, Мансури Кешӣ, модар, Меҳрбону, Хотуной) таваҷҷуҳи хонанда ва тамошобинро бештар образи асосӣ–Исмо или Сомонӣ ба худ ҷалб менамояд. Ҳар як саҳна, намоиш ва муко лама ягон тарафи хислату характери қаҳрамонро (чун қобилияти мамлакатдорӣ, донишу фаросат, дурандешӣ, адолатҷӯйию раиятпарварӣ ва ватанхоҳию саховатмандӣ) нишон медиҳад.
Шоҳ Исмоил сабаби авҷ гирифтани шӯру ошӯбҳои халқро дар ниёзмандӣ ва нодорӣ медонад ва ҳатто андозеро, ки барои таъмири девори азими Бухоро аз аҳолӣ ситонида ме шуд, қатъ намуда ва мегӯяд: «То ман зинда бошам, бораи2 вилоя ти Бухоро ман бошам».
Донишмандӣ, заковат ва дурандешии шоҳ Исмоил ҳангоми набард бар муқобилонаш боз ҳам возеҳтар ошкор мегардад. Ӯ бо истифода аз усулҳои самараноки муҳориба ба ҳарифони пурзӯри худ ғолиб меояд. Вале ба асирафтодагон кина намегирад ва онҳоро водор менамояд, ки ба воқеият аз рӯйи ақлу фаросат баҳо диҳанд. Аз ин ҷиҳат, гуфтугӯйи шоҳ Исмоил бо ҳокими Хуросон – Амри Лайс ва сипаҳсолори ӯ – Муҳаммади Башоро, ки дубора ба мағлубият дучор шуда буданд, ҷолиби диққат аст.
1. Девондор – мутасаддии ҳукму фармонҳои дарборӣ.
2. Бора – девори қалъа ё девори шаҳр. Хоктӯдаи баланд дар гирдогирди шаҳр.
Исмоили Сомонӣ: Бигӯ, эй Башоро, мо туро ба ҷомаи дӯстӣ фиристодем, на бад-он андеша, ки бар рағми1 ҷони мо бо ҷавшан ва зиреҳпӯш бозгардӣ.
Муҳаммади Башоро: Шикасти пешин ман амри тасодуф донистаме, эй амир Исмоил! Хостам қувва биозмоям, ному насаб ва шуҳрати дубора бозгардонам. То абад ба бадномӣ маро ёд на баранд.
Исмоили Сомонӣ: Дубора асирӣ бори бадномӣ бар сипаҳсолор наафзояд?
Муҳаммади Башоро: Оре, бадномӣ гаронтар биафзояд... Ва лек равшан донистаме, ки шикасти аввал низ тасодуф набуда, аз амри воқеъ рух дода. Эзид таоло ин ҳақиқат бар дили ман биандохтӣ ва бори андӯҳ ва навмедӣ сабук гардондӣ. Имрӯз киш вар ва лашкари амир Исмоил тавоност.
Амри Лайс: чун ту подшоҳ надида, ки душманон ва асирони хеш ба ҳаммом биоварӣ ва сару тан озода гардонӣ...
Исмоили Сомонӣ: Кирдори бад осон тавонистан. Бори накукорӣ мушкил тавон бурдан...
Образҳои дигари намоишнома низ табиию воқеӣ ва барҷаставу муассир ифода ёфтаанд. Аксари шахсоне, ки дар дарбор фаъоли ят доранд, аз ҷумла, вазири даргоҳ Ҷайҳонӣ, девондори ҷавон Абулфазли Балъамӣ ва сипаҳсолор Бозувон мардони хирадманд, ботамкин ва дурандешу доно мебошанд. Махсусан, саҳнаи муко лама ва амалиёти Бозувон бо бонуи хидматгор Хотуной ҷолиб ба назар мерасад. Дар ин саҳна дар ниҳоди сипаҳсолор бархӯрди ду ҳиссиёти ба ҳам мухолиф – яке майлу хоҳиши ишқварзӣ ба Хоту ной ва дигаре ҳисси эҳтирому садоқат ба шоҳ Исмоил мушоҳида мешавад.
Бозувон (сараш сахт такон хӯрда даст аз синаи ӯ мегирад): Эй ҷодугар... Ин даст ба хиёнат биёлудӣ (ба панҷаи ангуштаридо раш нигариста). Ин ангуштар аз чашмаи беолоиши меҳри шоҳам берун омадӣ ва бар панҷаи гунаҳпешаи ман дармондӣ. Оҳ, гуноҳ кардам ва басо хиёнати бузург (бо хашму ғазаб давр мезанад ва ханҷар аз наём мекашад).
Эй Яздон, ман ин хиёнат ва гуноҳ ба чӣ сурат пок гардонам. Илоҷи кор нахуст ин бошад... (панҷаи ангуштаридорашро якбора бурида аз даст ҷудо мекунад ва хуншор ба вай менигарад). Ин аст сазои ту, эй хиёнатпеша... Эй Яздон, аз ту бахшоиш хоҳам, омурзиш!
1. Рағм – кори баръакс кардан. Бар рағми – бар хилофи, бар зидди.
Дар байни образҳои манфӣ симои девондор Мансури Кешӣ ҷолиб аст. Ин шахс айёру хиёнатпеша мебошад ва барои амалӣ сохтани ниятҳои нопокаш аз ҳеҷ пастӣ рӯ намегардонад. Ӯ ба рои соҳиб шудан ба мансаби вазирӣ ба хиёнати давлатӣ даст ме занад ва ба хони кишвари Яғмо Уғруқхон нома навишта чунин пешниҳод мекунад: «Агар боисрор ва қатъӣ хони кабир Уғруқхон аз амир Исмоил вазири даргоҳ шудани маро хоста бошад, ин ғулом ҳам орзуҳои ӯ ба амал биёварад».
Дар пиесаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» образи занон мавқеи босазо дорад. Ҳам Хотуной, ҳам Меҳрбону ва ҳам модарбузург дар зоҳиру ботин фарди комил ва намунаи бону вони дарбор мебошанд. Хислатҳои нотакрору собитқадамонаи модарбузург ҳангоми муомила бо фарзандонаш – писарони Аҳмади Сомонӣ ва дигар дарбориён комилан намоён мешавад. Модарбузург, вақте ки дар набард бо Амри Лайс шикаст хӯрдани шоҳ Исмоилро (ин хабари дурӯғ барои озмоиши аҳли дарбор буд) мешунавад, дар замири ӯ қувваи мағлубнопазире туғён ме кунад: «Эй фарзанд, бигӯ, моро чӣ ҳоли забун ва бадахтарӣ пеш омада? (якбора намуди ҷиддӣ гирифта): На-а, фарзандони Аҳмад ибни Асади Сомонӣ намурдаанд. Руҳ ва неруи Сомонхудот бо мост. Шамшер аз наём баркашед ва аҳли Бухоро ба пой бардо ред!»
Комёбии дигари Меҳмон Бахтӣ дар офаридани характерҳои Меҳрбону ва Хотуной мебошад. Меҳрбону духтари Яъқуби Лайс, аз аҳли Хуросон аст, ки чун нишони иззату икром ба хид мати шоҳ Исмоил фиристода шудааст. Хотуной туркзода буда, ӯ ҳам бо супориши падараш Уғруқхон ба хидмати Исмоил омада аст. Меҳрбону ботамкин аст, анъанаву одати хонадони Сомони ёнро беҳтару хубтар медонад ва кӯшиш дорад, ки бо фурӯтаниву шикастанафсӣ ба муҳаббати шоҳ Исмоил ноил гардад. Пеш аз набард бо Амри Лайс миёни шоҳ Исмоил ва Меҳрбону чунин гуфтугӯ ба вуқуъ мепайвандад.
Исмоили Сомонӣ (ҷомро бардошта): Ниёиши ту киро ҷавшан бар размгоҳ бошад?
Меҳрбону: ман ба ҳар ду оштӣ хоҳам, на разм, шоҳам!
Исмоили Сомонӣ (бо лабханди нобоварона): Имрӯз (ҷомро нанӯшида пас мегардонад): Ман бо бародари падари ту набард кунам. Рост бигӯ, эй духти хонадони саффорӣ, бар сар ин соат чӣ андеша парварӣ!
Меҳрбону (аз назди шоҳ дур рафта): Чӣ чора кунам, бузургмо дар? Маро духти Яъқуби Лайс гӯянд, на Амри Лайс. Маро душ ман ба хонадони боавранг мапиндор, шоҳам... (гиря ӯро гулӯгир мешавад).
Хотуной бошад, чолок ва дар роҳи иҷрои мақсад фаъол аст. Ӯ ба шоҳ Исмоил боҷасорат сухан мегӯяд ва беибо изҳори андеша мекунад.
Хотуной (бо нозу адо): Ё амирам, маро духти хони шерчангол Уғруқхон гӯянд ва падар бар ман панд аз меҳр гуфта, ки бар ин ҷойгоҳи олӣ хидмат аз ҷон кунам. Ин гулоб нӯши равон бошад ва муждагонӣ аз пирӯзиҳои амирам бар Саффориён!
Исмоили Сомонӣ (гулобро гирифта): Ту дилбарона ва меҳрҷӯёна гап мезанӣ. Бовар кунам ё на?
Хотуной лаълии ҷомҳоро бар фарш гузошта, бо суръат ва чолокии тамом ханҷар аз наёми Аҳмади Сомонӣ мегирад ва бар дили хеш рост мекунад.
Хотуной: Эй беназирам, агар бӯйи бовар аз сухани ман нахе зад, дили хеш пора кунам, то он мурод аз пирӯзиҳои амирам бошад.
Ба Исмоил нармгуфторӣ, малоҳат ва одоби шоистаи Меҳрбону хуш меояд ва шоҳ ин бонуи хуросониро ба занӣ мепази рад. Хотуной аз ин беилтифотии амир нисбат ба худ навмед наме шавад ва бо тамоми вуҷуд ба сипаҳсолор Бозувон дил баста, ӯро низ ба роҳи ишқ ҳидоят мекунад. Умуман, дар симои Меҳрбону ва Хотуной ду хислат ва ду роҳи талош барои бахт моҳирона тас вир гардидааст.
Намоишномаҳои таърихии Меҳмон Бахтӣ, аз ҷумла пиесаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ҷолиб мебошанд. Забони ин асар ба руҳи замон ва муҳити дарбор созгор афтода, боиси инъикоси боз ҳам возеҳтари симои персонажҳо гардидааст. Махсусан, саҷъ ва тавсиф барин воситаҳои тасвири бадеӣ ба сухани персонажҳо руҳи баланди возеҳӣ ато намудаанд. Масалан, ҷумлаи зерин сабаби дилбастагӣ ва таваҷҷуҳи Хоту нойро ба мардуми зебопайкар ва хушахлоқи тоҷик самимона ва дилкаш ифода намудааст: «Орзу мепарваридам, ки шавҳар кунам ва аз ин мардум кунам, то ки фарзандони ман низ чеҳраи сафеди дилбар, чашмони калони афсунгар ва қомати болои зебо дошта бошанд».
Меҳмон Бахтӣ кӯшиш кардааст, ки хислатҳои фардии шир каткунандагонро ҳарчи мукаммалтар инъикос намуда, ба раф тору кирдори ҳар як қаҳрамон вобаста ба замону макони давр баҳои воқеӣ диҳад.
Ҳамин тариқ, намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» бо сужети ҷолиб, ҷараёни мувофиқи амалиёти образҳо ва забони фасеҳу услу би гирои худ аҳаммияти калони маърифатӣ ва таълимию тарбиявӣ касб карда, ба хонанда ва тамошобини имрӯз ғояи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро талқин менамояд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» кай ва ба кадом муносибат навишта шудааст?
2. Сужети намоишнома кадом воқеаҳоро дар бар мегирад?
3. Оид ба образи шоҳ Исмоил фикратонро хаттӣ баён кунед.
4. Ҷумлаи «То ман зинда бошам, бораи вилояти Бухоро ман бошам» чӣ маъно дорад?
5. Чаро сипаҳсолор Бозувон панҷаашро бурид?
6. Кадом образҳои манфии асарро медонед?
7. Оид ба образи модарбузург маълумот диҳед.
8. Образҳои Меҳрбону ва Хотуной аз ҳам чӣ фарқ доранд?
САВОЛҲОИ ТЕСТӢ
1. Драмаҳои «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба қалами ка дом нависанда тааллуқ доранд?
А) Раҳим Ҷалил;
Б) Саттор Турсун:
В) Баҳманёр;
Г) Аброри Зоҳир;
Ғ) Меҳмон Бахтӣ.
2. Меҳрбону ва Хотуной образҳои кадом намоишномаи Меҳмон Бахтӣ мебошанд?
А) «Бародарон»;
Б) «Лаҳзаи ҷовид»;
В) «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»;
Г) «Фирдавсӣ»;
Ғ) «Шоҳ Исмоили Сомонӣ».