Ҳолнома

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар оилаи деҳқон ба дунё ома дааст. Соли 1961 мактаби миёнаи деҳаро бо нишони тилло хатм кардааст. Соли 1966 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.

Гулназар чанд муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чун ходими адабӣ, мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррир фаъоли ят доштааст. Соли 1973 мудири шуъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Солҳои 1975 – 1977 дар Афғонистон бо мутахасси сони шуравӣ кор кардааст. Солҳои 1977 – 1991 мудири шуъбаи наз ми «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1991 сардабири ҳафтаномаи «Ада биёт ва санъат», аз соли 1999 сардабири нашрияи «Ваҳдат» ва аз соли 2003 сардабири маҷаллаи «Пайванд» буд. Як муддат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» фаъолият кардааст ва баъд пурра ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Гулназар ба Ҷоизаи давла тии ба номи Рӯдакӣ (1994) ва Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода сазовор гардидааст. Устод Гулназар 13-уми августи соли 2020 аз дунё гузашт ва оромгоҳи марҳум дар мазори Лучоб мебошад.

Аввалин шеърҳои Гулназар айёми таҳсилаш дар мактаби миёна чоп гардидаанд. Китоби нахустинаш соли 1969 бо номи «Расми сарбозӣ» ба табъ расид. Баъдҳо маҷмуаҳои «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Пайи дарё» (1986), «Табхола» (1992), «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), «Фариштаи бомдод» (2000), «Қадаҳи шабнам» (2001), «Шуълаи барқадди сӯзони малоҳат» (2002), «Ойи наи ташна» (2005), «Фасли озод» (2005), «Шакарнам», (2006), «Туву хубиву раъноӣ» (2010) «Дар чодари сафеди маҳтобӣ» «Гулҳо ҳусни заминанд» (2019) нашр шудаанд.

Гулназар барои бачагон ҳам шеър эҷод намудааст, ки дар маҷмуаҳои «Аз барои Гулъизор» (1983), «Чашми нигин» (1987), «Се кулчаи танӯрӣ» (1990), «Лолаҳо дар ёлаҳо» (2017) гирд ома даанд. Китобҳои «Тахти Рустам» (Душанбе, 1990) ва «Забони ошиқӣ» (Теҳрон, 1999) бо ҳуруфи ниёгон ба табъ расидаанд.

Гулназар асарҳои насрӣ, драмавӣ, публитсистӣ ва илмӣ низ таълиф намудааст, ки асару мақолаҳои «Лоиқе чун Лоиқе» (2000), «Таъми тути балхӣ» (2002), «Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғазолӣ» (2005), «Хотираи муаллим» (1976), «Баҳори Вахш» (1983), «Таро наи Ватан» (1970), «Замини барӯманди шеър» (1976), «Тарона ва замона» (1986) намунаи онҳо мебошанд.

Гулназар як қатор асарҳои адибони машҳурро, аз қабили Г. Гейне, М. Ю. Лермонтов, Е. Евтушенко, Э. Межелайтис, Н. Дум бадзе, Н. Тихонов, Е. Винокуров, Р. Рождественский, Ф. Алиева тарҷума намудааст. Ҳамчунин ашъори Гулназар ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, қирғизӣ, чехӣ, латишӣ, немисӣ, булғорӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд.

Гулназар ҳам дар жанрҳои суннатӣ (чун рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қитъа, маснавӣ, мусаммат, фард) ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ (чун шеъри озод ва шеъри хусравонӣ) асарҳо офарида аст. Достонҳои «Савдои зиндагӣ» (1972) ва «Пайи дарё» (1983) ба масъалаҳои зиндагии халқи тоҷик дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ бахшида шудаанд.

Аз шаклҳои суннатии шеърӣ Гулназар ба рубоӣ ва дубайтӣ таваҷҷуҳи бештар дорад. Шоир ин шаклҳои шеъриро дар китобҳои алоҳида ҷой додааст. Агар китоби «Ойинаи ташна» зиёда аз 1100 рубоиро дар бар карда бошад, пас, китоби «Ша карнам» 388 дубайтиро фаро гирифтааст. Шоир дар ин жанрҳои ҳаҷман хурд паҳлуҳои гуногуни зиндагиро ҳунармандона тасвир намудааст:

Як субҳ пур аз тараннуми наврӯзист,

Як чашма пур аз такаллуми наврӯзист.

Аз шодии зиндагӣ лаби ғунча шукуфт,

Як пушта пур аз табассуми наврӯзист.

Дар ҷойи дигар шоир ҳаҷми хурди дубайтиро нозукбинона ба умри кӯтоҳи одамӣ монанд кардааст:

Дубайтӣ, меҳри ту дар мағзи дилҳост,

Ба ҳар давру замон қадри ту волост.

Чу ширин аст умри кӯтаҳи мо,

Ду байти кӯтаҳи ту ҳам гуворост.

Рубоӣ ва дубайтиҳои Гулназар бисёр масъалаҳои ҷомеаро дар шакли муҷазу дилнишин ифода намудаанд.

Гулназар аз шаклҳои нави шеърӣ бештар ба бандҳои чаҳормисраӣ майл дорад. Ва дар шеъри озод низ кӯтоҳбаёниро меписандад.

Шоир кӯшиш дорад, ки фикр ҳар чи муҷаз ва фарогир ифода ёбад, то хонанда дар сари ҳар мисраъ андеша ку над. Инак, ба шеъри «Ниёиш»,1 ки ҳамагӣ аз се мисраъ иборат аст, таваҷҷуҳ менамоем:

Эй Ватан,

Аз ту бихоҳам лаби ноне,

Ки набандад лаби ман.

Хонанда баъди андешаи амиқ мазмуни баланди ватанхоҳии шеъри мазкурро дарк менамояд: қаҳрамони лирикии шоир Ва танро холисона ва аз рӯйи меҳр васф менамояд ва аз Ватан лаби ноне хоҳиш карданаш барои он аст, ки ногоҳ аз бемадорӣ лабаш аз тавсифи диёр хомӯш намонад.

Мавзуъҳои ашъори лирикии Гулназар васеъ ва густарда ме бошанд. Аз ҷумла, мавзуъҳои ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кӯшишу кор, баҳору ҷавонӣ сар то сари ашъори Гул назарро фаро гирифтаанд. Шоир кӯшидааст, ки ҳар мавзуъро бо ҷилои тоза манзури хонанда намояд. Гулназар ҳанӯз дар синни 18-солагӣ деҳаи кӯҳии хешро бо суханҳои самимӣ ва хотирмоне васф кардааст, ки хонандаро ба ваҷд меорад. Шеъри «Лаълии пур аз неъмат» ҳамагӣ аз ду байт иборат аст:

1. Ниёиш – дуои хайр, дуо аз рӯйи зорӣ ва илтиҷо.

Деҳаам дар домани кӯҳпораест

Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.

Кӯҳ гӯйӣ дар каф онро дошта,

«Марҳамат» гӯяд ба ҳар як раҳгузар.

Деҳа ба лаълии пур аз шаҳду шакар монанд шудааст ва кӯҳ чун инсони саховатпеша тасаввур гардидааст, ки ин лаълиро ба каф гирифта, ҳосили ранҷи худро ба раҳгузарон пешкаш менамояд. Чунин тасвирҳои мушаххасу табиӣ, ки гувоҳи истеъдоди фитрии Гулназар мебошанд, дар «Кӯҳсорам, қарори ман бингар», «Дар он марзе», «Замини мо», «Тоҷикистон ба кӣ ҳамсон аст?», «Таро наи бозгашт» барин шеърхои ватанхоҳонаи шоир боз ҳам дилка шу мафтункунанда ҷило медиҳанд.

Мавзуи ишқу муҳаббат дар шеърҳои «Эй ишқ», «Масҷиди ишқ», «Гулдухтарони Душанбе», «Духтари субҳ» ва як қатор ру боиву дубайтӣ ва ғазалиёти Гулназар ҷолибу хотирмон ифода ёф тааст. Ишқ дар тасвири шоир гавҳари муқаддас, воситаи покию мубарроӣ ва камолоти маънавии инсон аст. Дар ғазали «Дили тангам ба оҳи ту намеарзад» тамоми воситаҳои тасвир чун вазни сабук (ҳазаҷи мусаддаси солим: V– – –/ V – – –/V – – –), қофияи аслӣ (оҳ, роҳ, кулоҳ, нигоҳ...), радиф (ту намеарзад), тавсиф, муболиға ва тазод дар ифодаи мазмуни ошиқонаи шеър саҳм гирифтаанд. Дар матлаъ истифода шудани ҳамоҳангии калимаву таркибҳо ва боз як қофияи дигар (тангам, сангам) ғазалро боз ҳам ҷолибтар намудааст:

Дили тангам ба оҳи ту намеарзад,

Сари сангам ба роҳи ту намеарзад.

Шукӯҳи осмонгири кулаҳдорон

Ба як гарди кулоҳи ту намеарзад...

Дусад дафтар агар шеъри сафедам ҳаст,

Ба як холи сиёҳи ту намеарзад...

Макун пинҳон гуноҳи чашми мастатро,

Ки дунё бар гуноҳи ту намеарзад.

Қаҳрамони лирикии ашъори Гулназар шахси бедордил, зирак ва таҷрибадида мебошад. Ӯ аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардошта, ба зиндагӣ ба дидаи ибрат менигарад. Ин аст, ки дар шеърҳои Гулназар фикрҳои пандуахлоқӣ фаровон истифода шудаанд. Шоир аз рустани сабза дар рӯйи қабри инсон маънӣ бардошта, ғанимат шумурдани умрро таъкид мекунад:

Ба саҳро рав, ки ин саҳро ғанимат,

Чароғи хандаи гулҳо ғанимат.

Замоне зери пойи сабза монӣ,

Туро ин сабза зери по ғанимат.

Умр ҳамон вақт қимат пайдо мекунад, ки агар он ба омӯхтани илму маърифат ва хидмати халқу Ватан сарф шавад. Дар зиндагӣ ҳар кас бояд ҳушёр, зирак ва ҳамқадами замон бошад, вагарна умр гӯё ки ба хоб мегузарад. Гулназар аз маънои маҷозии кали маи хоб (ғафлат, бепарвоӣ) ва ташхиси калимаи дарё (дарё чун инсон нола мекунад) истифода карда, байти ҳикматноке офари дааст:

Вақте ки мардумон ҳама хобанд,

Баҳри кӣ нола мекунад дарё?

Ё худ, дар байти зерин падидаи номатлуби гадоӣ хеле образ нок мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст:

Эй дасти кушодаи гадоӣ, то чанд,

Борон нарасад ба сабзаҳои сари роҳ?

Дар ҳақиқат, гадоӣ ва талбандагӣ моҳияти иҷтимоӣ дорад ва боиси бадномии миллат ва ҷомеа мегардад. Хулоса, ашъори Гул назар хонандаро ба роҳи ахлоқи ҳамида ҳидоят менамояд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Дар бораи зиндагиномаи Гулназар маълумот диҳед.

2. Кадом маҷмуаҳои Гулназарро медонед?

3. Оё фаъолияти эҷодии адиб танҳо аз шеърнависӣ иборат аст?

4. Гулназар ба кадом шаклҳои шеъри суннатӣ бештар таваҷҷуҳ дорад?

5. Мавқеи шеъри нав дар эҷодиёти шоир чӣ гуна аст?

6. Оид ба мундариҷаи ашъори лирикии Гулназар маълумот диҳед.

7. Байти:

Эй дасти кушодаи гадоӣ, то чанд,

Борон нарасад ба сабзаҳои сари роҳ?–

чӣ маънӣ дорад?