Қисмҳои сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» давоми мантиқии қисми дувум мебошанд. Қисми сеюм аз 54 ҳикоят иборат буда, бо фасли «Ҳавлии Шарифҷон-махдум» оғоз ва бо фасли «Дӯстии ду калонгир» анҷом меёбад. Қисми чорум аз 44 ҳикоя иборат аст ва он бо фасли «Мадрасаи ҳоҷӣ Зоҳид» сар шуда, бо фасли «Саёҳати махдумони сохта» ба охир мерасад.
Садриддин тирамоҳи соли 1891 ба хидмати Шарифҷон-мах думи Садри Зиё медарояд ва ин хидматгорӣ як сол давом мекунад. Садриддин аз ҷамъомадҳои адабие, ки ҳар ҳафта шабҳои сешан бе, чоршанбе ва панҷшанбе дар ҳавлии хӯҷаинаш баргузор ме гардид, баҳра мебардошт ва бо Назруллои Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Бурҳони Муштоқӣ, Абдулкарими Офа рин, Азими Сомии Бӯстонӣ, Раҳмати сартарош, Азизхоҷаи Азиз барин шоир ва суханварон ошноӣ пайдо кард. Ба ин муносибат, Айнӣ оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти адибони номбурда мухтасар маълумот дода, хонандаи имрӯзро ба ҳаёти адабии Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ як андоза шинос менамояд.
1. Риёкорӣ – дурӯягӣ ва покдомании зоҳирӣ.
Маълумоти С. Айнӣ дар бораи суханварону донишмандон ҷолиб ва пурмуҳтаво буда, бо далелҳои муътамад асоснок гардидааст. Масалан, дар бораи Абдулмаҷиди Зуфунун чунин омадааст: «Дар нуҷум аз шогирдони Аҳмади До ниш буда, дар шеър ва адабиёт ва дар фанҳои расмии мадрасаҳои Бухоро низ маҳорат дошт. Азбаски ӯ фанҳо ва илмҳои гуногунро медонист, ҳамзамононаш ба ӯ «Зуфунун» лақаб дода буданд, ки «соҳиби фанҳо» гуфтан аст».
Мувофиқи маълумоти Айнӣ, Яҳёхоҷа низ ҳаҷвнигори бомаҳорат мебошад ва бисёр норасоӣ ва ноадолатиҳои даврро за рифона ошкор месозад. Ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ дар бораи қорӣ Самеъ, қозӣ Бадриддин ва тоҷири сарватманди Бухоро – Ҷӯрабек Ара бов ҳунармандона ба қалам омада, дорои оҳангҳои пурқуввати иҷтимоӣ мебошанд. Ӯ дар эҷоди шеърҳои ҳаҷвӣ низ маҳорат доштааст. Рӯзе қушбегӣ (ба таъбири имрӯза, сарвазир) Ҷонмирзо, ки риши калоне доштааст, аз Яҳёхоҷа илтимос мекунад, ки дар ҳаққаш шеъре гӯяд. Яҳёхоҷа бадоҳатан гуфтааст:
Мири қушбегӣ дар ойина бубинад риши хеш,
Бо дили хеш бигӯяд: «Ана ришу мана риш!»
Гар бубинад риши пурҷингилаи қорӣ Самеъ,
Бо дили реш бигӯяд: «Ана ришу мана риш!»
Ва шарҳ додааст:
– Мири қушбегӣ, мебахшед, ки шумо ғайр аз риши калон чизи қобили мадҳ надоред, ки сабаби ифтихоратон шавад. Афсӯс, ки ин ришатон ҳам дар пеши риши қорӣ Самеъ қадру қимати худро гум кард.
Дар байни адибоне, ки дар «Ёддоштҳо» зикр ёфтаанд, адибони маорифпарвар Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Содиқ хоҷаи Гулшанӣ, Абдулвоҳиди Мунзим мавқеи босазо доранд.
Дар «Ёддоштҳо» таваҷҷуҳи С.Айниро, беш аз ҳама, сар дори ҷараёни маорифпарварии адабиёти тоҷик – Аҳмади До ниш ҷалб намудааст. Дар «Аҳмади Дониш», «Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмад-махдум», «Оби ганда ба хандақ», «Саёҳати солонаи Аҳмад-махдум», «Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмад-махдум», «Хабари вафоти Аҳмад-махдум», «Аввалин шиносоии ман бо калонтарин асари Аҳмади Дониш – «Наводир-ул-вақоеъ» ном бобҳои қисмҳои сеюм ва чорум оид ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти ин симои барҷаста маълумоти муфид дода шудааст. Ба қавли С. Айнӣ, Аҳмади Дониш баробари нависандаи барҷаста будан олими дақиқсанҷ, ҳунарманди мумтоз ва хаттоти беҳамто низ будааст ва даромади асосии ӯ аз рӯйи меҳнати ҳалолаш ҳосил мешудааст. «Ман, – гуфтааст С. Айнӣ, – як китоби «Юсуф ва Зулайхо»-ро бо хат, ҷадвал ва расми Аҳмад-махдум дидаам, ки дар ҳамон вақт ба қимати сесад пуд гандум фурӯш шуда буд».
С. Айнӣ дар хусуси Шамсиддин Шоҳин маълумоти мухтасар додааст, зеро ҳангоми мадрасахонӣ бо ӯ вонахӯрдааст. Шиносо ии Садриддин ба Шоҳин тавассути ашъори шоир сурат гирифта аст. С. Айнӣ Шоҳинро аз шоирони машҳури замон ва забардас ти рӯзгор дониста, навиштааст: «Шеърҳои Шоҳин ҳамеша дар маҳфилҳои Шарифҷон-махдум хонда мешуданд ва ҳар шеъре, ки ӯ гӯяд, дар рӯзи дуюми гуфта шуданаш ба он ҷо меомад... Ва ба ман шеърҳои Шоҳин аз шеърҳои ҳамаи он шоироне, ки дар он маҷлисҳо медидам, зиёдатар таъсир мекард».
Дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат муфассал сухан меравад, зеро Ҳайрат шарикдарс ва дӯсти Айнӣ буда, дар айёми ҷавонӣ аз олам даргу заштааст. Нависандаи «Ёддоштҳо» хотираи рафиқи ҷавонмарги худро абадӣ гардондан хоста, мероси адабии парокандаи ӯро гирд меоварад.
С. Айнӣ Ҳайратро шоири навовар ва устоди худ медонад ва дар бораи ӯ самимона ва сипосгузорона сухан меронад. Муаллиф як ғазали шоирро бо матлаи:
Эй сарв, беибо ба чаман сар кашидаӣ,
Моно, ки сарви қомати ӯро надидаӣ!
оварда, онро чунин баҳо медиҳад: «Ин ғазал ба болои ин ки равон, сода, ҳамафаҳм, ҳамаи калимаҳояш дилчасп буда ва дар ҷойи худ монанди нигинакориҳои нодиракорона шинам шудаанд, як эъ лони мубориза буд бар зидди ташбеҳҳои ғайритабиии обшустаи шоирони гузашта». Дар ҳақиқат, шоирони пешин қомати ёрро ба сарв, шамшод ва ҳатто ба аръар ташбеҳ медоданд. Ҳайрат дар пеши қомати ёр ҳеҷ гуна зебоӣ надоштани сарвро нишон додааст.
Ҳамин тариқ, «Ёддоштҳо» дар ҳалли бисёр масъалаҳои ада биёти охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ чун сарчашмаи муъ тамади адабӣ ёрӣ мерасонад.
«Ёддоштҳо», махсусан қисматҳои сеюм ва чоруми он, дорои аҳаммияти калони сарчашмаи илмӣ мебошад. Мундариҷаи асар таърихи илмӣ – фарҳангии халқи тоҷикро дар поёни асри XIX ва ибтидои садаи ХХ равшан ва муфассал бозгӯ мена мояд. Маълумоти С. Айнӣ оид ба таърихи мадрасаҳои Мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид, Лаби Ҳавзи Арбоб ҷолиб ва омӯзанда мебошад. Толибилмони мадрасаҳои Бухоро дар як сол шаш моҳ (аз 22-юми сентябр то 22-юми март) ва дар як ҳафта чор рӯз (шанбе, якшанбе, душанбе, сешанбе) дарс мехонданд. Ба қавли С. Айнӣ: «Дар мадрасаҳои Бухоро асосан илмҳои зерин ме гузашт: сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, ақоиди1 исломӣ (илми калом), ҳикмат2 (ҳикмати табиӣ ва илоҳӣ), фиқҳи3 исломӣ (таҳорат, намоз, рӯза, ҷаноза, масъалаҳои ҳаҷ, закот, харидуфурӯш, ғуломдорӣ, ғуломозодкунӣ, зангирӣ, зансардиҳӣ ва монанди инҳо, ки дар амалиёти динӣ ё ин ки дар муомилоти ҷамъият оид аст)». Умуман, аз суханони С. Айнӣ маълум мешавад, ки ҳукумати амирӣ ба илму маориф муносибати сарсарӣ доштааст.
Маълумоти С. Айнӣ оид ба сохту намуди биноҳои мадрасаҳо, масҷидҳо ва хонақоҳҳои4 Бухоро хонандаро ба таърихи меъморӣ ва шаҳрдории тоҷик шинос менамояд. Ин биноҳо ба таҳаввули минбаъдаи меъмории асримиёнагии Осиёи Марказӣ ишора меку нанд.
С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» оид ба расму русум, урфу одати халқ, маросимҳои мардумӣ, табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ҷамъияти онҳо муфассал сухан рондааст. Аз рӯйи гуфтаи нависанда, «ом маи мардуми Бухоро бештар косиб, саис, аробакаш, машкоб, гилкор, дуредгар ва хеле зарифу ҳозирҷавоб будаанд. Олуфтаҳои Бухоро бошанд, аз дигар табақаҳои аҳолӣ ҳам бо либоспӯшӣ, ҳам бо рафтору гаштор ва ҳам бо қасамхӯриашон фарқ мекарданд. Олуфтаҳо се мартаба доштанд: «нимтайёр», «тайёр» ва «марди мардон». Марди мардон касе интихоб мешуд, ки дар мардӣ мум тоз, дар зӯрӣ беҳамто, ба дуздӣ ва шӯрапуштӣ туҳматзада нашуда бошад. «Қасами олуфтаҳо «саттор»1 буд. Агар як олуфта «сат тор, ки фалон корро мекунам» гӯяд, сараш равад ҳам, бояд он корро мекард. Агар накунад ва қасамашро шиканад, аз миёнаи олуфтаҳо ронда шуда, ба «номардӣ» машҳур мегардид».
1. Ақоид – ҷамъи ақида, эътиқод.
2. Ҳикмат – илмҳои фалсафӣ, фалсафа.
3. Фиқх – илм оид ба қонунҳои шариати ислом.
4. Хонақоҳ – ҷойе, ки шайхҳо ва дарвешон ибодат мекунанд.
Қимати «Ёддоштҳо»-ро тасвирҳои маросиму маъракаҳои моҳи шарифи Рамазон, иди Наврӯз, тӯй, гулгардонӣ, зочабозӣ, подшоҳбозӣ боз ҳам афзудаанд. Айнӣ тавонистааст, ки ҳаёти мардуми тоҷикро дар як давраи муайяни таърихӣ бо тамоми паҳлуҳояш пешкаши хонанда намояд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Садриддин кай ба хидмати Шарифҷон-махдум рафт ва ин хидмат горӣ чанд вақт давом кард?
2. Дар ҷамъомадҳои адабии ҳавлии Садри Зиё кадом шоирон ва рав шанфикрон ширкат доштанд?
3. Оид ба Яҳёхоҷа маълумот диҳед.
4. Муносибати Садриддин ба намояндагони адабиёти маорифпар
варӣ чӣ гуна аст?
5. Дар бораи «Ёддоштҳо» ҳамчун сарчашмаи илмӣ сухан гӯед.
6. Ҷамъияти олуфтаҳои Бухоро чӣ хел ҷамъият будааст?
САВОЛИ ТЕСТӢ
1. Устод Айнӣ дар кадом асараш Аҳмади Дониш ва Муҳаммадсиддиқи
Ҳайратро бо муҳаббат ёдовар мешавад?
А) «Дохунда»;
Б) «Одина»;
В) «Устод Рӯдакӣ»;
Г) «Ёддоштҳо»;
Ғ) «Мирзо Абдулқодири Бедил».
1. Саттор – пӯшанда, пардапӯш. Яке аз номҳои Парвардигор.