Масъалаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ашъори Бо зор Собир ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри ХХ мавқеъ пайдо меку нанд. Дар шеърҳои «Дар оғӯши кӯҳистон», «Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Ман худамро кушта-кушта», «Асп» тақдири таърихӣ, руҳи миллӣ ва мавқеи иҷтимоии халқи тоҷик мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд.
Шеъри «Дар оғӯши кӯҳистон» дар шакли шеъри нав ва дар баҳри рамал (рукни аслиаш фоилотун: –У– –) суруда шуда, аз ҳафт банд иборат аст. Бозор Собир аз услуби тамсилии тасвир истифода карда, ҳодисаи табиии акси садоро воситаи баён қарор додааст. Дар банди аввал ба воситаи санъатҳои талмеҳ (Ба дахшон, Зарафшон), муболиға (қуллаҳои осмонбӯс) ва сифатчинӣ (ҳамзабон, ҳамтақдир, ҳамдард) масъалаи ягонагӣ ва ҳамтақдирии Ватану ватандор ба миён гузошта мешавад:
«Кӯҳ» гуфтам ман,
Бадахшон «кӯҳ» гуфт,
Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон «кӯҳ» гуфт.
Кард овози маро такрор кӯҳистони ман,
Ҳамзабон, ҳамдард,
Ҳамтақдиру ҳамармони ман.
Дар чор банди минбаъда паҳлуҳои гуногуни акси садо, ки аз овози норасои қаҳрамони лирикӣ ҳосил шудааст, тафсил ме ёбанд. Шоир кӯҳу кӯҳпораҳои Тоҷикистонро ба паҳлавонону қаҳрамононе монанд кардааст, ки бо як садо саф мекашанд. Ово зи норасои қаҳрамони лирикӣ «лаҳзае дар кӯҳҳо печида аксан доз» ва ба бонгу фарёд бадал мешавад. Моҳияту муҳтавои шеър дар бандҳои охир ифода меёбад:
Тухми мо дар рӯйи олам он қадар бисёр нест,
Лек то кӯҳу камар барҷо бувад,
Халқи мо он қадр каммиқдор нест.
Бо хурӯше,
Балки бо як норасо фарёд ҳам
Медиҳад овоз кӯҳистону дар оғӯши он
Мо фаровон мешавем,
Мо ҳазорон мешавем.
Шеъри «Дар оғӯши кӯҳистон» дар хонанда эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ бедор мекунад. Кӯҳҳои Тоҷикистон такягоҳ ва қуввату дармони аҳолии ин сарзамин мебошанд ва тоҷикон метавонанд бо ин мулки кӯҳсори худ дар дунё мавқеи сазоворе дошта бошанд.
Дар шеъри «Забони модарӣ» иқтидору мавқеи забони оламгири тоҷик тасвир меёбад ва таъкид мегардад, ки халқи тоҷик маҳз ба туфайли забони пуриқтидораш дар таърих мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. Ин шеър аз 11 банд иборат буда, бозгӯйи дарди таърихии миллат ба шумор меравад. Талошу ҷонбозиҳои мардуми тоҷик баҳри ҳифзи забони модарӣ дар бан ди зерин чунин ифода ёфтааст:
Оҷ1 гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Рахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард.
Дар ин порча Бозор барои баёни боз ҳам равшан ва сареҳи фикр аз такрори таркиби «забонро гум накард» истифода карда аст. Шоир калимаи забонро ба калимаҳои оҷ, тоҷ, тахт, рахт, бахт, ки рамзи дороию давлатдорӣ мебошанд, муқобил мегу зорад ва бо ҳамин аз тамоми дигар дороиҳои моддиву маънавӣ барои халқи тоҷик афзалтар будани забони модариро таъкид менамояд. Аз ин рӯ, забони модарӣ барои халқи тоҷик рамзи мавҷудият, давлатдорӣ ва қудрату эътибор мебошад. Ин фикр дар банди ҷамъбастӣ табиӣ, самимӣ ва образнок ифода ёфтааст:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ...
Таъкидҳои шоир (сарҳади тоҷик забони тоҷик аст, то забон дор аст, бешумор аст, беҳисоб аст, беҳад аст), такрори калимаи за бон ва зарбу оҳанги он ба мақтаи шеър қувваи баланди ифоданокӣ ато намудаанд. Агар дар шеъри «Дар оғӯши кӯҳистон» сангу кӯҳ боиси афзунии халқи тоҷик гардида бошанд, пас дар шеъри «За бони модарӣ» ин маъниро забони модарӣ ба ҷо овардааст. Ин хулосаҳои некбинона ҷанбаи омӯзандагии шеърҳои мазкурро тақвият медиҳанд.
1. Оҷ – устухони фил, дандони фил, ки хеле қиматбаҳо аст; маҷ. чизи гаронбаҳо
Шеъри «Теғи Сино» аз 8 банди чаҳормисраӣ иборат аст ва чун шеърҳои зикргардида дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур навишта шуда, қофияи бандҳояш дар шаклҳои гуногун ( ааба; абвб; аабб) ба назар мерасад:
Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту лек – а
Бӯйи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим.– б
Метавонӣ аз забони пиру кампираш шунид; – в
Дасти ман не, дасти ман не, дасти Луқмони Ҳаким1. – б
Фоилотун / фоилотун / фоилотун /фоилот
– V – – / – V – – /– V– – / – V ~
Бозор дар банди боло фарзанди халқи тоҷик будани Абуалӣ ибни Синоро бо ифтихор қайд карда, баъд ба воситаи талмеҳҳои Искандар, Қутайба2, Чингиз, султон Маҳмуд таваҷҷуҳи хо нандаро ба таърихи фоҷиабори халқи худ ҷалб менамояд. Ҳамаи шоҳону лашкаркашони номбурда дар асрҳои гуногун сарзамини тоҷикро ғорат карда, мардуми маҳаллиро ба асорат гирифтор на муданд. Вале халқи тоҷик аз нав қомат рост карда, боз аз пайи ободии мамлакат риёзат мекашид. Шоир ин маъниро ба воситаи устураи мурғи самандар басо ҷолибу нишонрас баён намудааст:
Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.
Он ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун парандаи оташпараст.
Бозор Собир барҳақ халқи тоҷикро ба мурғи самандари афсонавӣ монанд кардааст, ки гӯё дар оташ зиндагӣ мекардааст. Вале агар самандар аз оташ берун баромада натавонад, марду ми печидафарёди тоҷик аз тӯдаи хокистараш боз эҳё мешавад. Тасвир дар банди охири шеъри «Теғи Сино» ба воситаи ба ҳам муқобил гузоштани ду теғ – теғи хунрези Чингиз ва теғи дармон бахши Сино хеле муносиб ҷамъбаст шудааст:
1. Луқмони Ҳаким – дар асотири халқҳои аҷаму араб номи марди ҳакиме, ки аслаш ҳабашӣ буда, дар аҳди Довуд пайғамбар мезистааст. Дар байни халқи тоҷик Луқмони Ҳакимро ба Абуалӣ ибни Сино айният додаанд.
2. Қутайба ибни Муслим (соли вафот 715) – сарлашкари араб, ки солҳои 705 – 715 қисми зиёди Осиёи Миёнаро забт кардааст.
Соате Чингиз девори Бухороро шикаст,
Дар миёнаш тир, теғи тези хунрезаш ба даст.
Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,
Теғи дармонбахши Сино рӯйи дунёро гирифт.
Калимаи теғ бо тавсифҳои тезу хунрез якҷо шуда, симои бадҳайбати Чингизхони ғоратгарро пеши назари хонанда намоён месозад. Вале ҳамин калима бо тавсифи дармонбахш омада, ба си мои ҳакимона ва нуронии табиби ҷаҳонӣ Ибни Сино ишора меку над. Теғи Сино рамзи теғи ҷарроҳӣ аст, он ба оламиён дармон ме бахшад. Ва хушбахт аст халқи тоҷик, ки чунин нобиғаро ба мар думи олам пешкаш кардааст.
Дар эҷодиёти Бозор Собир пайванди
инсону табиат хеле қавӣ ба қалам омадааст.
«Асп»
Ва ин ҳолат, алалхусус, дар шеъри «Асп»
барҷаста ба назар мерасад. Шеъри «Асп» аз даҳ банди чаҳормисраӣ иборат аст ва дар он як лаҳзаи ширину бебадали айёми ҷавонии қаҳрамони лирикӣ тасвир ёфтааст. Дар тасвири асп хаёли шоир ба дуриҳо парвоз карда, лаҳзаҳои аз чил сола пештарро ба ёд меорад:
Пояш сафеду гардану пешониаш сафед,
Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар.
Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сахт,
Чашмаш мисоли лахчаи сӯзанда дар назар.
Таносуби калом, ташбеҳу истиора ва тавсифҳои маҷозӣ на танҳо сурати зебову қомати дилкаш, инчунин, рафтори ҷолибу табиати накуи ин ҳайвони ба инсон садоқатмандро равшан наму дор сохтаанд. Ин асп «сар то қадам сарак-сараку резу печу тоб» аст, «дар подаи касофати маркаб1 намечарад» ва «хӯйи фаришта дораду онро фаришта2 қашоғу3 мезанад».
Ҳар як лавҳаи тасвир, аз ҷумла таркибҳои ашқари4 гардунна вард, аспи бодпо, дар пойи асп кишан назадан, наълаш моҳи навро ба хотир овардан, шиҳаи мастонааш ба гӯш нишастан меҳри ин ҷонварро дар дили хонанда боз ҳам амиқтар ҷой мекунад.
1. Подаи касофати маркаб – чарогоҳи чиркини чорпоён.
2. Фаришта – малак; фариштахӯ – некусиришт, поктабиат.
3. Қашоғу – асбоб барои тоза кардани асп.
4. Ашқар – асп, аспи рангаш сурхи ба зардӣ моил.
Асп рамзест, ки Бозор Собир ба воситаи он симои падар ва кулбаи падариро пеши рӯ овардааст ва ба ин восита шоир образи аспро тамомият бахшидааст, зеро тасвири асп бе савори он ноқис ба назар мерасад. Шеъри «Асп» бо санъати бадеии таҷоҳули ориф (саволгузориҳои беҷавоб) басо муассир ва ҳаяҷоновар ҷамъбаст гардидааст:
Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл
Бори дигар надидамат, эй аспи бодпо.
Ту то куҷо давидию ку он савораат?
Ӯро ту дар ҷавонияш афкандӣ дар куҷо?
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Масъалаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар кадом шеърҳои шоир мушоҳида мешаванд?
2. Шеъри «Дар оғӯши кӯҳистон»-ро таҳлил намоед.
3. Шоир аз ҳодисаи табиии акси садо кадом мазмунро бардоштааст?
4. Дар шеъри «Забони модарӣ» кадом ғоя талқин гардидааст?
5. Дар шеъри «Теғи Сино» кадом хусусияти халқи тоҷик таъкид ёфтааст?
6. Чаро халқи тоҷик ба мурғи самандари афсонавӣ монанд шудааст?
7. Пайванди инсону табиатро дар шеъри «Асп» нишон диҳед.
САВОЛҲОИ ТЕСТӢ
1. Дар кадом шеъри Бозор Собир Бадахшон ба модар ташбеҳ шудааст?
А) «Тоҷикистон»;
Б) «Теғи Сино»;
В) «Забони модарӣ»;
Г) «Дар оғӯши кӯҳистон»;
Ғ) «Асп».
2. Дар ин порчаи шеърии Бозор Собир калимаҳои қофияшаванда дар куҷо омадаанд?
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард.
А) Дар охир;
Б) Дар мобайн;
В) Дар аввал;
Г) Қофия надорад;
Ғ) Намедонам.