Достон (гоҳо дар шакли дастон низ истифода мешавад) дар луғат маъноҳои гуногун дорад. Як маънояш овоза, машҳур, шуҳрат мебошад.
Дар истилоҳи адабӣ достон асари калонҳаҷмест, ки, асосан, бо назм эҷод гардида, дар он воқеаҳои гуногуни ҳаёти одамон мавриди тасвири бадеӣ қарор мегиранд. Достон таърихи қадима дорад. Достонҳои Фирдавсӣ ва ҳамасрони ӯ дар мавзуъҳои қаҳрамонӣ (паҳлавонӣ) ва таърихӣ эҷод гарди даанд. Дар асрҳои XI – XII дар адабиёти тоҷик достонҳои ишқӣ романтикии «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ, «Хусрав ва Ширин» ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ таълиф гар дидаанд.
Дар адабиёти классикии тоҷик жанри достон мавқеи муҳим пайдо кард ва навъҳои гуногуни он – достонҳои асотирӣ, паҳлавонӣ, таърихӣ, ошиқона, ирфонӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию фалсафӣ, фоҷиавӣ ривоҷ ёфтанд. Достонҳои Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва ғайра дар байни ди гар халқҳои ҷаҳон низ маълуму машҳуранд.
Дар адабиёти тоҷик достон, асосан, дар шакли қофиябандии маснавӣ (аа, бб, вв...) эҷод мегардад. Вале, дар назми классикӣ дар таълифи достон тарзҳои дигари қофиябандӣ низ истифода шудааст. Аз ҷумла, достони «Мушу Гурба»-и Убайди Зоконӣ дар шакли қофиябандии қасида (аа, ба, ва...) навишта шуда аст. Достони «Панҷ ганҷ»-и шоири асри XVII Зиёӣ дар шак ли қофиябандии мусаммати мухаммас (ааааа, бббба, вввва... ) таълиф ёфтааст.
Дар адабиёти давраи нави тоҷик достон аз ҷиҳати маъно васеъ гардида, шаклҳои тозаи адабиро низ фаро гирифт. Дар достонҳо баробари қофияҳои суннатӣ қофияҳои нав, ки ба воситаи назми рус ва Аврупо гузаштаанд, истифода мешавад. Аз ҷумла, достонҳои «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода ва «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ дар шакли мураббаъ бо қофияҳои абвб («Ҳасани аробакаш») ва абаб («Кӯчабоғи ошиқон») эҷод гардидаанд.
Достон мувофиқи тарзи тасвир ҳам ба ҷинси ҳамоса ва ҳам ба ҷинси лирика муштарак аст, бинобар ин, достонҳо ба ду навъ – достони ҳамосӣ ва достони лирикӣ ҷудо мешавад. Агар дар достон воқеа, образ, сужет, зиддият ва характер мавқеъ дош-та бошад, он достони ҳамосӣ ном мегирад. Ба муколамаи Рустам ва Исфандиёр (аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) дар майдони набард таваҷҷуҳ намоед. Ин ду паҳлавон сазовори якдигаранд. Ба ҳам самимона суҳбат мекунанд, якдигарро ба меҳмонӣ ме хонанд ва нажоди худро ситоиш менамоянд. Муколамаи онҳо торафт қувват мегирад ва пеш аз набард чунин садо медиҳад. Исфандёр ба Рустам мегӯяд:
«...Ту фардо бубинӣ ба овардгоҳ,
Ки гетӣ шавад пеши чашмат сиёҳ.
Бидонӣ, ки пайкони мардони мард,
Чӣ гуна бувад рӯзи нангу набард!»
Ҷавоби Рустам ҳам сазовор аст:
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки: «Эй номҷӯ,
Туро гар чунин омадаст орзу,
Танат бар тани Рахш меҳмон кунам,
Ба гурзу ба купол дармон кунам!».
Дар достони лирикӣ танҳо сухани тавсифии шоир мавқеъ до рад, ки он аз номи қаҳрамони лирикӣ баён мешавад. Шоир фикру ақида ва муносибати худро ба муҳимтарин рӯйдодҳои зиндагӣ баён мекунад. Таваҷҷуҳ намоед ба банди зер аз оғози достони «Мавҷҳои Днепр»-и Муъмин Қаноат:
Эй Днепро, модари поки Тарас,
Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам.
Аз лаби дарёи Панҷи беқарор,
Аз Бадахшон, аз Бадахшон омадам...
М. Қаноат аз аввал то охири достон чун қаҳрамони лирикӣ ширкат меварзад ва тамоми мундариҷаи асар аз нигоҳи шоир баррасӣ мешавад. Дар достон образҳои шоири украин Т. Шев ченко (1814 – 1861), Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Саидқул Тур диев (1912 – 1943) ва бародари М. Қаноат мушоҳида мешаванд. Вале онҳо амал намекунанд, балки чун объекти муҳокима ва во ситаи андешаи қаҳрамони лирикӣ мебошанд.
Достони лирикӣ маҳсули асри ХХ мебошад. Шоирони тоҷик аз дастовардҳои адибони аврупоӣ ва рус истифода карда, ин навъи достонсароиро ривоҷ додаанд. Образи қаҳрамони лирикӣ бори аввал дар «Манзараҳои сегона» (1933) ном достони А. Деҳотӣ мавқеъ пайдо кард. Дар достонҳои М. Турсунзода («Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин»), Ғ. Мирзо («366 паҳлу»), М. Қаноат («Мавҷҳои Днепр», «Сурӯши Сталинград») қаҳрамони лирикӣ хеле фаъол мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Оид ба маънои луғавӣ ва истилоҳии достон маълумот диҳед.
2. Дар адабиёти классикии тоҷик кадом навъҳои достон ривоҷ ёфтаанд?
3. Кадом шаклҳои қофиябандии достонро медонед?
4. Чаро «Разми Рустам бо Исфандёр» достони ҳамосӣ ва «Мавҷҳои Днепр» достони лирикӣ ном гирифтаанд?
5. Хусусияти достони лирикиро шарҳ диҳед.